Ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон
Бояд қайд намуд, ки ҳамасола мардуми кишвари азизамон Паёми Сарвари давлатро бесаброна интизоранд, чунки ҳамасола дар Паёмҳои Пешвои муаззами миллат, пешниҳодҳое манзур мегардад, ки боиси рӯҳбаландӣ ва дилгармии тамоми мардуми кишвар ва алалхусус аҳли маорифчиёни мамлакат мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва ваколатҳои конститутсионии худ ташаббускори таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқие мебошанд, ки ба манфиати давлату миллат, ҳуқуқу манфиатҳои наслҳои имрӯзу ояндаи халқ буда, мақсади асосии онҳоро рушди устувори давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат, сиҳатии аҳолӣ, амнияти миллату давлатро ташкил медиҳад.
Ба мо маълум аст, ки тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми соҳаҳо, алалхусус ба соҳаи маориф хеле диққати ҷиддӣ медиҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон дар Паёмҳояш ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таҳлилҳои дақиқу арзишманде манзур менамояд, ки боиси руҳбаландии тамоми сокинони мамлакат мегардад. Ҳамасола Сарвари давлат баҳри дастгирии омӯзгорону магистрон, донишҷӯёну хонандагон имтиёзҳои назаррасе пешниҳод менамояд, ки ба беҳтар шудани сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд.
Ҳамин аст, ки дар Паёми солҳои гузашта бо мақсади беҳтар намудани сифати таълим солҳои 2020-2040 «Бисолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардида буд. Барои дар амал татбиқ гардидани ин пешниҳоди саривақтӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати татбиқи ин пешниҳод нақшаю чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 қабул гардидааст.
Инчунин, дар Паёми соли гузашта бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 шаҳодати он аст, ки Сарвари давлат ба маърифатнок гардидани аҳолӣ диққати асосӣ медиҳад, зеро «Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар навбати худ, барои бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар нақши калидӣ дорад». Дар Паёми соли гузаштаашон бошад, пешниҳод намудаанд, ки ҳамасола ба хотири боз ҳам хубтару бештар омӯхтани илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида шавад ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Мақсад аз таъсис ва сарфароз намудан бо ҷоизаи давлатӣ ин татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасмандкунии олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, ба рушди фанҳои мазкур, фаъолияти эҷодии олимону омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, такмили методикаи таълим ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос равона гардидааст.
Ҳамзамон, дар Паёми имсола баҳри дастгирӣ ва ҳавасмангардонии кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимои ва стипендияҳо аз 1-уми сентябри соли 2025 ба миқдори 20-фоиз зиёд карда шуд, ки ин ғамхории навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита Сарвари давлат ба ҳисоб меравад. Дар Паёми навбатӣ қайд гардид, ки таи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ин ҳама рақамҳо далели ғамхориҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки боиси ифтихори мо кормандони соҳаи маорифи кишвар мебошад.
Боиси хушнудии навбатии кормандони соҳаи маориф аст, ки солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуд ва дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмашон иброз намуда буданд, ки «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.
Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».
Ҳар як фарди ҷомеаи имрӯза бояд дарк намояд, ки мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот ва ғамхориҳои беандоза дар самти рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардондани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи давру замона ҷавобгӯй мебошад. Бояд муассисаҳои олии касбӣ на ба шумораи мутахассисон, балки ба сифати касбии онҳо диққати ҷиддӣ диҳанд. Ин суханон ҳамасола дар баромадҳои Пешвои миллат дарҷ мегардад, ки дар ин шароити буҳрони иқтисодӣ ин ғамхориҳои Сарвари давлати мо, беназир мебошад.
Ҳамзамон, дар Паёми имсола Сарвари давлат қайд намудаанд, ки: «Тайи 33- соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шудааст, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд», ин муассисаҳои бунёд гардида шаҳодати бунёдкориву созандагии Пешвои миллати тоҷиконро бараъло таҷассум менамояд. Аз ин лиҳоз, ин бунёдкориҳо мо ҷавононро водор месозад, ки ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг, зиракии сиёсӣ ва меҳанпарастиро тарғиб намуда, баҳри ободии Ватан кушиш ба харҷ диҳем ва диёри азизамонро ба гулзор табдил диҳем.
Дар соли 2024, ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2023- юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодаанд, муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ҳамаи ин ғамхориҳои падарона мо устодону магистрон ва донишҷӯёнро вазифадор менамояд, ки ҳарчӣ бештар баҳри баланд бардоштани савияи дониши худ ва омода намудани мутахасисони ҷавобгӯи бозори меҳнат кушиш ба харҷ диҳем.
Баҳри дар амал татбиқ намудани супоришу пешниҳодҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон тибқи нақшаю чорабиниҳо бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) дар заминаи Донишғоҳи милли Тоҷикистон моҳи декабри соли 2024, интернет-олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни биология баргузор гардид ва дар аввали моҳи январи соли 2025 устодони факултети биология аз таърихи 23.12.2024 то таърихи 23.01.2025 аз такмили ихтисос гузаштанд, ки ба онҳо устодону олимони ботаҷрибаи соҳаи биология, баҳри баланд бардоштани савияи донишашон дарс гуфтанд.
Барои ба боварию эътимоди Пешвои миллат сазовор гардидан, ҳама олимону омӯзгорон ва корманиди соҳаи маорифи кишварро мебояд бо амалҳои нек, баҳри андӯхтани илмҳои муосир, донистани фанҳои дақиқ ва риёзӣ, донистани техникаву технология ва забонҳои хориҷӣ, аз қабили русию англисӣ чораҳои зарурӣ андешанд, ки дар оянда ҳамчун донишманд ва мутахассиси арзанда дар раванди давлатдории навини тоҷикон мавқеи хоссаро касб намоянд.
Вобаста ба ғамхорию дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо устодони ДМТ, алалхусус устодону кормандони факултети биология кушиш ба харҷ медиҳем, ки Паёми навбатии сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор диҳем ва баҳри баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯи бозори меҳнат, аз тамоми потенсиали илмӣ ва шароиту имконияҳо васеъ истифода намоем. Баҳри пешрафти Ватани азизу маҳбубамон боз ҳам дучанд заҳмат кашида, оид ба ободии сарзамини хеш кушиш ба харҷ диҳем.
Муҳаммадҷон Шоев – дотсенти кафедраи зоологияи ДМТ