ҶОНУ ДИЛИ МО ФИДОИ ИСТИҚЛОЛ АСТ!

8

«Истиқлолу озодӣ барои мо неъмати азизтарини зиндагӣ ва сарвати муқаддастарине мебошад, ки аз баракати он имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон дар Ватани озоди худ ҳаёти орому осуда ва шароиту имконияти кору фаъолияти созандаву ободгарона дорад».

Эмомалӣ Раҳмон

Сухане, ки дар ибтидои ин матлаб аз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда шуд, соли гузашта дар ноҳияи Рашт зимни таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гашта буд. Инак, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 34-сола мешавад ва боз ҳам ба такя ба ин сухани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонем бо ҳисси баланди ифтихор аз ватандорӣ боз ҳам Истиқлолро неъмати бебаҳо унвон созем. Яъне, ин ҳарфест, ки барои ҳамеша пур аз маънӣ боқӣ хоҳад монд. Аз ин ҳадиси ватандорӣ, ки ин фарзонафарзанди дар роҳи ватандорӣ содиқ иброз доштаанд, метавон илҳом гирифту илова кард, ки Истиқлоли давлатӣ чун сарвати нодир шаъну шарафу бақои миллатро таъмин карда, «Бар гӯши ҷаҳони пурталотум» «..замзамаи садои миллат..»-ро мерасонад. Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар ба ин маънӣ чунин мефармоянд:

Эй неъмати бебаҳои миллат!

Шаъну шарафу бақои миллат!

Бар гӯши ҷаҳони пурталотум,

Эй замзамаи садои миллат!

Воқеан ҳам, мо мардуми шарифи Тоҷикистон давоми 34-соли соҳибистиқлолӣ арзиши ин ҷашни миллию давлатиро беш аз пеш дарк намудем ва дар роҳи комил шудани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош кардам. Ин талоши моро метавон азми ватандорӣ номид, ки дар роҳи амалӣ кардани он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро раҳнамову раҳбалад будааст. Ин марди ватандӯсту хештаншинос аз ибтидои раҳнавардӣ дар ҷодаи давлатдорӣ ба таъбири шоир ҷавонии худро фидо кард, то Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз шавад ва эмин аз газанд монад. Чун мардуми кишвари азизи мо дарёфтанд, ки ин фарзанди фарзона ҳарф аз садоқат мезанад, ба неруи ватанбониву ватансозияш эътимод карданд ва ин ҳамбастагӣ, инак Тоҷикистони азизи моро ба Истиқлоли 34-сола расонд. Дар ин 34-сол мо ибтидо ба Ваҳдати миллӣ расидем, ки он дар соли 1997 иттифоқ афтод. Маҳз даст ёфтани мо ба Ваҳдати миллӣ сабаб гардид, ки арзишу зарфиятҳои Истиқлоли давлатиро беш аз пеш бишносем ва дар роҳи комилу боҳашамат гаштани кохи ватандорӣ садоқатмандона амал намоем Инак, бо талоши Пешвою азми мардум ин кохи ватандорӣ бунёд гардид ва бароямон зиндагии борифоҳу шоистаро аз ҳар лиҳоз таъмин кард. Баракати Истиқлоли давлатӣ аст, ки дар ҳар соҳае соҳиби дастовардҳои чашмрасем.

Дастовардҳое, ки зикри онҳо дар ҳаҷми ин матлаби мухтасар намеғунҷад. Вале месазад бо ҳисси баланди хештаншиносӣ ва дарки амиқи ҳувияти миллӣ иброз дошт, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори давлатҳои пешрафта, дар минбарҳои созмонҳои бонуфузи олам ҳарфу пешниҳодоти таъсирпазире ироа медорад. Пешвои бузурги мост, ки ҳарф аз таъмини сулҳи сартосарӣ мезанад, ҷаҳониёнро аз хатари терроризму экстремизм меогоҳонад, аз ҳифзи иқлиму пиряхҳо бо ироаи далелҳои қотеъ ибрози назар мекунад ва ҷаҳониён низ ин пешниҳодотро ба унвони ҳадиси кашондани ҷаҳон ба самти шоистагӣ мепазиранд. Ин барои мо мардуми Тоҷикистон, ки ҳар якамон пайравони асили Пешвои миллатем, мояи ифтихор ва сарфарозист. Дарёфтаем, ки барои боз ҳам эҳёву фароҳам кардани асолати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ бояд татбиқгари ин сиёсати созанда бошем. Ин ҳадаф ба чӣ васила пиёда карда мешавад? Албатта, тавассути амиқ дарк намудани моҳияту зарфиятҳои Истиқлоли давлатӣ. Чӣ гуна метавон арзиши ин ҷашни миллию давлатиро шинохт? Посух ин аст, ки тавассути ҳамаҷониба огаҳӣ ёфтан аз таърихи Ватан. Бесабаб нест, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти боз ҳам бедор кардани ифтихори миллии мардуми Тоҷикистон корҳои бузурге анҷом дода шудааст. Барои мисол, иқдоми беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳияву нашр ва ба ҳар хонадони кишвар эҳдо кардани китобҳои «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғаффуров ва «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ шоистаи таҳсин мебошад. Пешвои миллати мо бо амалӣ кардани ин иқдомҳои шоиста талош доранд, мардуми Тоҷикистон бо огоҳӣ аз таърихи Ватан ва корномаи ниёгонамон ба қадри арзишҳои ватандорӣ бирасанд ва бо шинохти амиқи зарфияту аҳаммияти Истиқлоли давлатӣ дар роҳи ватансозию ватанбонӣ гомҳои мустаҳкам гузоранд.

Ҳоло маъракаи бузурги тақдими «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба мардуми кишвар бомаром идома дорад. Бояд ҳар як тоҷик «Шоҳнома» ба даст бигираду ин мисраҳоро бо ифтихори хос ва бо эҳсоси баланди ҳифозат аз хоку диёр қироат кунанд:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Ин мисраҳоеро, ки Фирдавсии бузург эҷод кардаанд, метавонад беҳтарин шиори ватандорию ватанбонӣ бошад. Ватандорон бо баҳра бурдан аз ин ашъори ҷовидонӣ дар масири ҳамаҷониба ҳифз кардани Истиқлоли давлатӣ собитқадамона гом ниҳанд, зеро танҳо дар сурати дарки шаҳомати хоки Ватан метавон кохи бузургу боҳашамати Истиқлоли давлатиро, ки ҳоло ба ҳастии он 34-сол пур мешавад, дур аз ҳар газанде нигоҳ дошт. Ин кохи бузург, ки намоди хоси Истиқлоли давлатӣ унвонаш кардем, мутаалиқ ба як нафар нест, балки ҳар яки мо соҳиби ин хонаи мунаққашу зебоем. Бо дарки ин маънӣ, ҳар сокини Тоҷикистон бояд худро ба таъбири шоири ҷавони тоҷик Сулаймони Аҳтам «..аз ҳама ҷойи Тоҷикистон..» бидонад ва «..қурбони вафои Тоҷикистон..» шавад. Ба пурсиши оне, ки мегӯяд аз куҷоӣ, чунин посух диҳад:

Ман аз ҳама ҷойи Тоҷикистонам

Қурбони вафои Тоҷикистонам!

Танҳо бо чунин шиори ифтихорангез ва афкори огоҳ метавонем, Истиқлоли давлатии худро боз ҳам комилтар созем ва аз неъматҳои он баҳра барем. Набояд ин сухани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро содда бигирем, ки мефармоянд: «Ҷашни истиқлоли кишвар ҷашни ҳар як фарди бонангу номус ва ҳар як шахси ватандӯсту ватандор мебошад». Фарде ба дарки ин маънӣ мерасад ва Истиқлоли давлатиро неъмати бебаҳо меномад, ки ҳисси миллӣ дошта бошад. Ватандорӣ ва нишонаи ватандори дар роҳи ҳифзи Истиқлоли давлатӣ собитқадам ин аст, ки дар пешаи худ садоқатмандона фаъолият кунад.

Омӯзгор пешаи худро муқаддас донад ва ҳар дарси худро бо завқи баланд гузарад, донишҷӯву мактабхон дарсҳои худро дуруст фаро бигирад… ва хулоса намояндаи ҳар пешае бо ҳадафмандона ва бануқс амалӣ кардани кори хеш матавонад дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад. Ба ин маънӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин мафармоянд: «Мову шумо бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, ватандӯсту ватанпараст бошем, ҳамеша барои ободии Ватанамон ва пешрафти давлатамон талошу кӯшиш кунем ва ба тарбияи фарзандонамон, яъне наслҳои ояндасоз эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоем».

Бо зикри ин нуктаҳо мутмаинем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо пайравии садоқатмандона аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзиши Истиқлоли давлатиро бештар дарк менамоянд ва бо фаъолияти арзанда Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ месозанд. Бо ин орзуҳои сабз ҷашни Истиқлоли давлатиро, ки беҳтар аз он неъмату ганҷи шойгонро дарёфт карда наматавонем, ба тамоми мардуми кишвари соҳибистиқлоламон табрик арз медорем. Умедворем, ки барои ҳамеша аз файзи Истиқлоли давлатӣ бо ҳам баҳра мебарем. Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Кароматуллои Қурбоналӣ Декани факултети биологияи ДМТ