Дирӯз ҳайати намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ҷаноби Амос Абу ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо мутахассисон ва омӯзгорони Донишгоҳ дар самти масъалаҳои рушди устувор вохӯрӣ анҷом доданд.
Сармутахассиси Бонки умумиҷаҳонӣ Амос Абу оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-экологӣдар доираи рушди устувор рӯнамой (презентатсия) намуда, самтҳои экологӣ-иҷтимоӣ, тағирёбии иқлим, иқтисоди сабзро мавриди баррасӣ қарор дод.