ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ

413

Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Озмуни мазкур миёни устодону кормандон, донишҷӯён ва аспирантону докторантон аз рӯйи номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, анатомия), технологияҳои иттилоотӣ, география ва ихтироъкорӣ (миёни донишҷӯёну устодон) доир гардида, дастаи ДМТ бо ишғоли чордаҳ ҷойи ифтихорӣ сазовори ҷойи аввал гардид.