(5-уми июн – Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва рӯзи обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Сари таъзим ба табиати бою ғании кишварамон, ки дар лаҳзаҳои душвори буҳрони иқтисодӣ ва сиёсие, ки ба дӯши халқамон омад, имкони паси сар кардани онро таъмин намуд.
Эмомалӣ Раҳмон
Истифодаи оқилонаи ҳифзи табиат, барқарорсозии захираҳои табиӣ ва солимии ҷомеа вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Рӯзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои сокинони кишвар ба ҳисоб меравад. Бинобар ин ҳамасола дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, дар умум зиёда 130 давлат санаи 5 – уми июнро ҷашн мегиранд. Инсоният захираҳои табиро бо мақсади таъмин намудани талаботи моддию маънавии худ ба таври васеъ истифода менамояд. Бо ин мақсад истифодаи оқилонаи ҳифзи табиат ва сарватҳои он муқаддастарин вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Ҳифзи захираҳои табиат, муносибати оқилонаи онҳо ва тарзи истифодабарӣ яке аз роҳҳои беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Инсон метавонад бо истифодаи оқилонаи худ ба табиат ва ҳифзи муҳити зист сатҳи зиндагии худро беҳтар намояд. Яке аз масъалаҳои муҳимми тамаддуни башарӣ дар марҳалаи ҳозираи рушди ҷомеа таълиму тарбияи экологӣ ба шумор меравад. Муҳимтарин мушкилотҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, масъалаҳои экологӣ мебошад. Бинобар ин моро зарур аст, ки ба омӯзиши фанни экология ҷиддӣ аҳаммият диҳем. Яке аз роҳҳои бад шудани сатҳи саломатии одамон тағйирёбии иқлим буда, метавонад ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонад. Бо ин мақсад одамон яке аз омилҳои пешбарандаи иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, дар натиҷаи беаҳаммияти нисбат ба табиат, ҳифзи сарватҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим саломатии худро аз даст диҳанд.
Далели асосии ин гуфтаҳо он аст, ки имрӯзҳо сатҳи дониши экологии сокинони кишвар паст гардидааст. Моро зарур аст, ки оид ба ин масъалаи мубрам донишҳои экологиро дар боғча, муассисаҳои таълимӣ ва олӣ диққати ҷиддӣ диҳем. Тарбияи ахлоқӣ дар рушд ва ташаккули инсоният аз даврони қадим оиди таълим ва тарбия шинохта шудааст. Пешрафт ва рушди устувори иқтисодӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як шахс таъсир мерасонад.
Дар охир бояд қайд намоям, ки мушкилоти экологӣ ин – буҳрони истифодаи захираҳои замин, нест кардани ҷангалзорҳо, ифлосшавии ҳаво, эрозияшавии замин, ифлосшавии таркиби об ва кам шудани сатҳи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ мебошад.
Дар тӯли чандин садсолаҳо мардуми маҳаллии Тоҷикистон намудҳои гуногуни набототро ҳамчун захираи сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, чарогоҳ ва заминҳои алафдарав бенизом истифода мебурданд. Дар аксар мавзеъҳои Тоҷикистон нишонаҳои истифодаи нодурусти чарогоҳҳо, буридани растаниҳои дарахтию буттагӣ ба назар мерасанд. Аз ин хотир баҳодиҳӣ ба ҳолати кунунии захираҳои наботот барои барқарорсозию нигоҳдории онҳо мубрам мебошад.
Барқарорсозии захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои фаъолияти экологӣ дар саросари ҷаҳон мебошад.
Саидов Б.З.,ассистенти кафедраи ботаника ва дендрологияи ДМТ