Имрӯзҳо дар ҳар суҳбат, дар вижабарномаҳои симо ва садои кишвар, матбуоти даврӣ, саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, хулоса дар ҳар ҷойе, ки имкони коштан ё баёни андеша вуҷуд дорад, метавонем сухани пурмеҳр, абёти дилпазир ва ҳадиси садоқатро андар ситоиши арҷмандӣ, бузургӣ, мақом, манзалат, шаҳомат ва зарфиятҳои пешаи омӯзгорӣ мушоҳида кунем. Зеро дар Тоҷикистони азизи мо, ки дар рушду пешрафт ва таҳкими соҳибистиқлолии он омӯзгорон бо иҷрои рисолати маърифатафрӯзии хеш пешгоманд, санаи хосае таҳти унвони Рӯзи омӯзгор таҷлил карда мешавад.
Миллати мо, ки аз азал то имрӯз, яъне ҳамеша ба баракати фаъолияти тарбиявию таълимӣ ва инсонсозии омӯзгор ба рӯзгори пурсаодат ва зиндагии шоиста даст ёфтааст, ин рӯзро фаротару беҳтару некӯтар аз дигар рӯзҳои зиндагӣ гиромӣ медорад. Рӯзи омӯзгор барои мо мардуми Тоҷикистон иду ҷашнест, ки ба таври расмӣ дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба фаро расидани он якшанбеи аввали моҳи октябр ишора шудааст. Иди омӯзгорон бештари вақт ба рӯзҳое рост меояд, ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-забони тоҷикӣ низ соҳибҷашн аст. Яъне, 5 октябр Рӯзи забони давлатист. Ба ҳам тавъам омадани ин ду ҷашни хос низ рамзӣ мебошад, зеро, бешубҳа дар сарнавишти ҳар миллати соҳибзабон, махсусан барои мо тоҷикон омӯзгорон ба унвони посдорони асолати забони тоҷикӣ шинохта шудаанд. Ба он хотир, ки агар фарзандони ин миллат марҳалаҳои ибтидоии фаро гирифтани забони модариро тавассути волидайн дар хона тай намоян, дар мактабу омӯзишгоҳу донишгоҳҳо бошад ба василаи тарбия ва таълими омӯзгорон дар сатҳи даркорӣ бо забони модарӣ ҳарф заданро балад мешаванд. Аз ин лиҳоз, вожаи омӯзгорро намояндаи ҳар қишри ҷомеаи Тоҷикистон дар баробари калимаҳои Ватан ва Модар бо дили саршор аз меҳр ва ҳарфи пок ба забон меоранд. Махсусан онҳое, ки дар маориф, фарҳангу сиёсат ба мақоми боло расидаанд, ҳар пешрафту рушди хешро аз баракати заҳматҳои кашидаи омӯзгорон маънидод мекунанд. Масалан, агар имрӯзи Тоҷикистонро дар назар бигирем ва ба гуфтори мардони бузурге чун Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯши дил фаро ниҳем, дармеёбем, ки дар ҳар нутқи эшон зикри бузургию мақоми омӯзгор мушоҳида мешавад. Бидуни шак, агар ҳама суханҳои Сарвари давлатро, ки дар ситоиши муаллим ва пешаи омӯзгорӣ баён доштаанд, гирд биёварем, китоби бузург ва хонданбобе хоҳад шуд.
Албатта, ҳоло аз имкон берун аст, ки дар ин матлаби мухтасари ҷашнӣ он ҳама сухани самимонаи дар ҳаққи омӯзгор ироадоштаи ин марди бузургро иқтибос бикунем. Аммо месазад, ба он суханрезаҳои мухтасаре таваҷҷӯҳ бикунем, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон Рӯзи дониш зимни ироаи Дарси сулҳ баён доштанд.
Ин чанд сухане, ки ҳоло ба унвони иқтибос дарҷ мешаванд, дар тақвияти андешаҳое чун раҳондани соҳаи маориф ва илми кишвар аз чанги мушкилоти мавҷуда, зарурати таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисос, мутобиқ кунонидани кори омӯзгорӣ бо дарназардошти рушди бесобиқаи техникаву технологияи замони муосир ва ба ин васила мусоидат кардан дар баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар Тоҷикистон иброз шуданд.
СУХАНИ АВВАЛ
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки миллат дар сурати арҷ гузоштан ба хидматҳои омӯзгор ва саҳмгузорӣ дар самти рушд додани пешаи омӯзгорӣ ба камол мерасад. Яъне, наметавонем бо сарфи назар кардан ва нодида гирифтани заҳматҳои омӯзгорон пояи давлатро устувору бегазанд нигоҳ дорем ва соҳибистиқлолии худро ҳифз кунем. Ин аст он сухане, ки бардошти худро дар боло бо ироаи чанд ҷумла баён доштем: “Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст”.
СУХАНИ ДУЮМ
Ҳамеша дар адабиёти гузаштаву имрӯзи омӯзгорон нурбахшандаи рӯзгор ба қалам дода шудаанд. Пешаи омӯзгорӣ низ чун фаъолияти шарафмандона ва зиндагисоз васф гаштааст. Пешвои муаззами миллати мо, ки ҳамеша пайрави чунин гуфторҳои бузургворонаи бузургонамон будааст ва аз адабиёт огоҳ аст, зарфиятҳои омӯзгоронро дар самти ҳамаҷониба рушд додани кишвар ва таҳким бахшидани соҳибистиқлолии мамлакат арзишманд арзёбӣ мекунанд: “Маҳз омӯзгорон – машъалафрӯзони ҷомеа қодиранд, ки имрӯзу фардои диёрро бо нури маърифат мунаввар созанд ва дар рушду тараққиёти давлату миллат ҳиссаи сазовор гузоранд”.
СУХАНИ СЕЮМ
Воқеан ҳам, шарафи ҳар миллатро соҳибмиллате дар олам тавони ҳифз кардан дорад, ки бо донишҳои дархӯри замон ва биниши зиндагисоз мусаллаҳ бошад. Он соҳибмиллат ба чӣ шевае ба чунин як тавонмандӣ даст меёбад? Албатта, бо гароидан ба дарси устоду омӯзгоре, ки бо ишқи вофире ба ин пешагоҳ пайвастааст ва дар баробари машғул шудан ба тадриси шогирдон худ низ бо фаро гирифтани донишҳои тоза шогирдӣ мекунад. Пас, хулосаи ин чанд вожаи ҷумлашуда метавонад чунин бошад, ки омӯзгорон бояд дар шоҳроҳи миллатсозӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар сафи пеш бошанд, зеро ин ҷаҳон ҷабҳаи бузург ва айни замон пурхатареро мемонад. Миллате дар ин набардгоҳи ҷаҳонишавӣ худро аз адам мераҳонад, ки омӯзгорони аз ҳар лиҳоз пешрафтаро дар канори хеш дошта бошад. Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд: “Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд”.
СУХАНИ ЧОРУМ
Дар ҷомеае, ки аҳли он бо андешаҳои хурофотӣ бизиянд, ҳамеша дар банди ҷаҳли мураккаб бошанд, набояд умеди шоиста зистанро кард. Барои раҳидан аз ин афкори зиндагисӯз омӯзгороне ба кор меоянд, ки зиндагӣ ва ҳаводиси дар он воқеъшавандаро ба чашми хирад бингаранд. Танҳо дар ҳамин сурат сухани навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири зиндагисозӣ ва бунёди давлати аз ҳар лиҳоз соҳибистиқлол корагар мешавад: “Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад”.
СУХАНИ ПАНҶУМ
Агар умеди расидан ба зиндагии арзандаро дорем, агар мехоҳем, ки ба соҳибистиқлолии мо газанде нарасад, бояд дар ҷомеаи хеш ҳамеша омӯзгоронро бологузар кунем, зеро ба таъбири Пешвои миллат “Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст. Мо мақоми омӯзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад”. Ин аст ҳадафи арзишманду миллатсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ҳадафе, ки аз ибтидои роҳи сарварӣ то имрӯз барои пиёда кардани он ҷаҳду талоши зиёде ба харҷ додаистодаанд.
Инак, қарор аст, ки дар наздиктарин фурсат дар Тоҷикистон мақоми омӯзгор ба таври қонунӣ ҳифз шавад. Чӣ тавре ки Рӯзи дониши имсол Сарвари давлат иброз доштанд: “Соли гузашта дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ман ба сохтору мақомоти марбута супориш дода будам, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳоло ин санади муҳим аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маъқул дониста шуда, ба баррасии парламенти кишвар ирсол гардидааст. Қабули ин қонун марҳалаи наверо дар фаъолияти омӯзгорон ва умуман, дар ҳаёти аҳли кишвар ифтитоҳ хоҳад бахшид”.
Ин ҳадафи созанда бечуну чаро амалӣ хоҳад шуд. Мо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рӯзҳое хоҳем расид, ки ҳамватанонамон ба омӯзгор беш аз пеш арҷ мегузоранд, пешаи омӯзгориро муқаддастарин пеша мехонанд, бо сар надодани домони омӯзгорони асилу ҷонфидо дар боз ҳам комил шудани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат месозанд ва Парчами давлатиямонро барои ҳамеша дар олам парафшон нигоҳ медоранд.
Кароматуллои Қурбоналӣ,декани факултети биологияи ДМТ