ОБ ВА ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НАФЪИ БАШАРИЯТ

102

Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, феълан мақоми шоистаро дар радифи кишварҳои мутараққии олам касб намудааст. Лозим ба тазаккур аст, ки ҳамаи пешравию муваффақиятҳои назаррас маҳз бо ибтикор ва заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд. Таҳти сарварии хирадмандонаи ин абармарди бузург кишвари соҳибистиқлоли моро дар арсаи олам ба хубӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ, барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тавсеа мебахшад.

Бузургони олам ҳамеша дар пайи беҳбудию ташаббусанд ва мекӯшанд то як фазои сабзу мунаввари зисту зиндагиро ба наслҳои ояндаашон ба мерос гузоранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи чунин шахсиятҳост. Ҳамин аст, ки дар самти об панҷ ташаббуси ҷаҳониашон дар минбари бонуфузи СММ мавриди амал қарор гирифта, аз тарафи СММ пазируфта шуд.

Соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза.

1-уми октябри соли 1999 дар иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ҷомеаро барои андешидани тадбирҳои мушаххас дар ҳалли масоили об даъват намуд. Дар асоси пешниҳоди Пешвои миллат, 20-уми сентябри соли 2000 Маҷмаи умумии СММ дар иҷлосияи 55-ум соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза эълон кард.

Метавон гуфт, ки бартараф накардани мушкилоти вобаста ба об омили асосии бархӯрди қудратҳову тамаддунҳо шуда метавонад. Як нукта мавриди зикри хос мебошад, ин ҳам қобилияти дарки саривақтии ин мушкил ва пешниҳоди тадбирҳо ва талошҳои пайгирона дар роҳи ҳалли он аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Шуруъ аз соли 2003, яъне замоне, ки аввалин маротиба Президенти Тоҷикистон дар мавриди эълони Соли байналмилалии оби тоза ташаббус нишон доданд, то ба имрӯз ин мавзуъ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирӣ мешавад.

Солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт».

Ин пешниҳод маротибаи нахуст дар Форуми сеюми ҷаҳонии об, ки рӯзҳои 16-23-юми марти соли 2003 дар шаҳри Киото (Ҷопон) баргузор шуд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид. Дар асоси Эъломияи Душанбе, Маҷмаи умумии СММ 23-юми декабри соли 2003 қатъномаи дахлдор қабул карда, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд.

Бояд тазаккур дод, ки барои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» чанд ниҳоду механизмҳои муассир таъсис ёфтанд, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои байналмилалии марбут ба об нақши муҳим бозиданд. Яке аз механизмҳое, ки дар татбиқи даҳсолаи сипаришуда нақши калидӣ бозид, ин ниҳоди СММ-Об (UN-Water) мебошад, ки соли 2003 таъсис ёфтааст. Илова бар ин, соли 2009 дар СММ бо ташаббуси Тоҷикистон як ниҳоди хеле муассир ва муҳим бо номи Гурӯҳи «Дӯстони об» таъсис дода шудааст, ки айни ҳол зиёда аз 100 кишвари узви Созмонро фаро мегирад. Ниҳоди мазкур дар муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба оби рӯзномаи СММ нақши фаъол дорад.

Соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (Эъломияи ҷаласаи 65-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 20.12.2010 таҳти 65/154) дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об, ки 15-22-юми марти соли 2009 дар шаҳри Истанбул (Туркия) баргузор гардид, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд. Маҷмаи умумии СММ 20-уми декабри соли 2010 соли 2013-ро ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон намуд, ки аз ҷониби 190 кишвари олам дастгирӣ ва пуштибонӣ ёфт.

Солҳои 2018-2028 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор».

Ин ташаббус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об, ки 12-17-уми апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгу-Кенгбук (Ҷумҳурии Корея) баргузор шуд, пешниҳод гардид. Дар баробар ин, Пешвои миллат ба зарурати қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» диққати махсус дода, афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин, набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки обро аз омилҳое номиданд, ки ба норасоии об оварда мерасонанд.

Мақсади асосии эълон намудани Даҳсола ин мусоидат ба талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои нави байналмилалии марбут ба об буд. Тибқи иттилои сарчашмаҳо, дар марҳалаи имрӯза қариб тамоми минтақаҳои дунё, ҳатто давлатҳои пешрафтаи Аврупо аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.

Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.

Дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба об ва иқлим, ки 3-юми марти соли 2021 дар сиғаи видеоконференсия баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардад.

Боиси истиқболу сарфарозист, ки 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии СММ ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ намуд ва соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Яъне, қабули чунин қатънома шаҳодати идомаи татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавзуи обу иқлим мебошад.

Кароматуллои ҚУРБОНАЛӢ,декани факултети биологияи ДМТ

Бознашр аз сомонаи нашрияи “Ҷумҳурият”,

11.06.2024