НАВРӮЗ – ҶАШНИ ОЗОДАГОН ВА ПАЁМИ САБЗИ РӮЗГОРОН

28

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имсол аҳли башар аз 15-умин солгарди ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯзи оламафрӯз истиқбол мегирад. Барои мо тоҷикон мояи хушбахтист, ки дар саргаҳи табдил ёфтани Наврӯз ба унвони ҷашни байналмилалӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, ки соли 2010 пешниҳоди ин абармарди сиёсат ва фарзонфарзанди кишвари мо Тоҷикистонро СММ пазируфт ва ба ҷашни Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ дод. Соҳиби ин мақоми воло гаштани ҷашни Наврӯз далели паёми сабзи рӯзгорон доштани он аст, ки мерос аз ниёгони соҳибхиради мост. Наврӯзро ҷашни озодагон номидани мо низ бесабаб нест. Дар ин матлаб бо чанд далелеро шарҳу тавзеҳ медиҳем, ки ба назари мо нишон барои ҷашни озодагон будани Наврӯзи ҷаҳонист. Нахуст қабл аз тавзеҳи далелҳои фардӣ бояд тазаккур дод, ки албатта, фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз ба ҳама тааллуқ дорад, вале бахше аз мардум бо дидгоҳи хос аз он истиқбол мегиранд. Ин гурӯҳро метавон инсонҳои озода номид. Мо нишонаҳои хоси ин гурӯҳи инсонҳоро, ки шеваи шоистаи истиқбол аз ҷашни Наврӯзро пеш гирифтаанд, ба таври худ шарҳ медиҳем:

1.Наврӯз ва ҳадиси шукрона

Бо расидани фасли шукуфтанҳову рустанҳо аввалин таъкиде, ки ба он ишора мешавад, ҳарфи шукру сипос ба забон овардан аст. Яъне, бо шукргузорӣ истиқбол гирифтани фасли баҳор шарти асосии ҷашнгирии Наврӯз аст, ки бузургони мо дар осори хеш ба ин масъала таъкидҳои хос доштаанд. Ба он маъно, ки набояд сари сол, яъне дар айни баҳори сарсабз шиква ба забон орем ва идомаи рӯзгорро барои худу атрофиёнамон талх созем. Мисрае аз шодравон Лоиқ Шералӣ маъруф шудааст, ки мефармоянд: “Ба баҳори нав расидем, зи баҳор шукр гӯем..”. Пас, агар шарти аввали истиқбол аз ҷашни Наврӯз шукрона кардан бошад, метавон чунин хулоса кард, ки ҳадиси шукрона ба забон овардан нишонаи хоси одамони озода аст. Ба он маъно, ки озодагон ба идомаи рӯзгор хушбин мешаванд.Ба таъбири Лоиқ Шералӣ “ҳар баҳор” ба зиндагӣ ошиқтар мегарданд.Дар идомаи ин қисмати матлаб порае аз шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруллоро меорем, ки ба навъе метавон онро шиори озодагони ҷашни Наврӯз муаррифӣ кард:

Маънои ману намои ман Наврӯз аст!

Қутби ману раҳнамои ман Наврӯз аст!

Озода зи ғуссаҳову осуда зи ранҷ,

Анвори раҳи раҳои ман Наврӯз аст!

Он махзани пур зи ганҷу симу зари ман,

Мероси ман аз ниёи ман, Наврӯз аст!

Гар зинда ба сад ҳазор захми теғам,

Эҳёгари ман, давои ман Наврӯз аст!

Наврӯз! Биё, ки душманон дӯст шаванд,

Эҳсони Худо, сафои ман Наврӯз аст!

Бо ҳар нафаси умед покизатарем,

Покии ману ҳавои ман Наврӯз аст!

2.Наврӯз ва Шоҳ Ҷамшед

Аксари сарчашмаҳо, аз ҷумла “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ Шоҳ Ҷамшедро асосгузори ҷашни Наврӯз мехонанд. Пас, метавон натиҷа гирифт, ки Наврӯзро як одами оддӣ кашф накардааст, балки идеяи таҷлил аз он аз ҷониби шоҳ-намоди озодагӣ пешниҳод гаштааст. Ба ин далел шак нест, ки Наврӯз ҷашни озодагон аст. Агар таҷлил аз Наврӯз ғоя ва андешаи як шахси озодае бо номи Ҷамшед намебуд, ба ҳеҷ ваҷҳ оламиён онро ба унвони ҷашни ҷаҳонӣ намепазируфтанд.

3.Наврӯз ва авф кардани гуноҳони ҳамдигар

Албатта, яке аз шартҳои асосии таҷлил аз Наврӯз, чуноне ки дар боло қайд кардем, бо дили бекина истиқбол гирифтан аз он аст. Яъне, агар нисбат ба касе, ки давоми сол ба мо бадиеро раво дидааст, заррае дар дил кинаву сиёҳӣ дошта бошем, пас баҳору наврӯзи шоде нахоҳем дошт. Аз ин лиҳоз, бояд гуноҳони ҳамдигарро бубахшем, ё аз ҳамдигар барои ҷурми муртакибшудаамон маъзарат бихоҳем, ки ин шарти асосии таҷлили шоиста аз Наврӯз маҳсуб меёбад. Бояд бигӯем, ки ҳар кас қудрати бахшидани каси дигарро надорад. Касе ки ин тавонро надорад, аз аҳли Наврӯз нест. Ба ин хотир бояд дарк кард, ки танҳо мардуми озода метавонанд, аз касе узр пурсанд ва дигареро авф кунанд. Пас, ин нуктаро метавон чун далели дигари ҷашни озодагон будани Наврӯз ба қалам дод.

4.Наврӯз ва таассуб

Ҷашни Наврӯз барои афроде, ки ба зиндагӣ бо чашми таассубу хурофот менигаранд, арзише надорад. Наврӯз барои касоне муқаддас аст, ки ба воқеоти зиндагӣ аз зовияи илму маърифат менигаранд. Амиқ дарк намудаанд, ки дар доираи Наврӯз ва дигар ҷашнҳо хушҳолӣ кардану аз зиндагӣ лаззат бурдан латмае ба пайкари эътиқоду дин намезанд. Дарёфтаанд, ки Наврӯз тантанаи табиат аст ва одамон низ бояд ба унвони ҷузъе аз табиат шарики ин тантана бошанд. Ин далел низ рӯшангари ҷашни озодагон будани Наврӯз аст.

5.Наврӯз ва ҳадафмандӣ

Наврӯз соли нави аҷдодии мост. Рукни асосии ҳар навъе аз соли нав ин мебошад, ки дар доираи зарфиятҳои хеш аз соли гузашта натиҷагирӣ кунем ва дар китоби ҳадафҳои хеш аҳдофи тозаеро барои амалӣ кардан изофа намоем. Албатта, ҳадафмандӣ низ нишонаи асосии мардуми озода аст. Пас, ҳарки ба ин шева аз соли нави аҷдодӣ-Наврӯз истиқбол мегирад, бешак шаҳрванди кишвари Наврӯз аст.

6.Наврӯз ва шоирон

Дар адабиёти мо Наврӯз ба унвони ҷашни хоси шоирон ёд мешавад, зеро 21 март дар баробари Рӯзи байналмилалии Наврӯз Рӯзи байналмилалии шеър низ ҳаст. Ҷашни Наврӯзро наметавон бидуни шеъру ҳузури шоирон тасаввур кард. Киро метавон озодатар аз шоир пайдо кард? Пас, ин далели дигари ҷашни озодагон будани ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ҳисобида мешавад.

7.Наврӯз ва ҳадя

Яке аз анъанаҳои хоси ҷашни Наврӯз ҳадя додан ва ҳадя гирифтан маҳсуб меёбад.Ин амал рамзи хоси Наврӯзист ва танҳо мардуми озода ин корро нисбат ба ҳамдигар раво мебинанд ва ба ин васила қалби ҳамдигарро шод месозанд.8.Наврӯз ва покизагӣБо омадани Наврӯз нопокиҳои зоҳиру ботини хешро бартараф мекунем, хонатаконӣ анҷом медиҳем, боғу гулгаштҳо ва кӯчаву паскӯчаҳоро тоза менамоем, дарахт мешинонем ва хулоса ин аъмолро ба унвони рамзи асосии баҳору Наврӯз мешиносем. Ин амали шоиста кори онҳоест, ки ба зоҳиру ботини озода арҷ мегузоранд. Шоире ба ин маънӣ мефармояд:

Дигар мабош маҷзуб, зан обу хонаро рӯб,

Рав, ғуссаро раҳо кун, Наврӯз медарояд!

9.Наврӯз ва Сулҳ

Ҳоло беш аз пеш масъалаи сулҳи башар дар меҳвари зиндагии мо мардуми олам қарор мегирад.Наврӯз аст, ки аҳли оламро ба сарзамини Сулҳ мехонад. Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки намояндаи миллати Наврӯзанд, барои таҳкими сулҳи минтақа ва ҷаҳон кишварҳоро барои ҳамкорӣ даъват месозанд.

Хулоса, дар масъалаи ҷашни озодагон ва паёми сабзи рӯзгорон будани ҷашни Наврӯз шакку шубҳае вуҷуд надорад ва мо бояд ин ҷашни оламафрӯзро ба ҳама маънояш бипазирем ва самимона истиқбол бигирем. Дар ин интиҳои ин матлаб шоиста медонам, ки чун ҳадя шеъреро аз адиби тавонои тоҷик Камол Насрулло тақдим намоям ва ҷашни Наврӯз ба мардуми Тоҷикистон ва олам табрик арз бикунам!

Озодагии имон, Наврӯзи Тоҷикистон!

Шодоби файзу эҳсон, Наврӯзи Тоҷикистон!

Пероҳани муҳаббат, перояи саодат,

Дар пайкари ҳар инсон, Наврӯзи Точикистон!

Пайки умедворон, уммеди дӯстдорон,

Некӣ ба душмани ҷон, Наврӯзи Тоҷикистон.

Андар само ба ҷавлон рӯҳи бузургворон,

Шогунаи азизон, Наврӯзи Тоҷикистон!

Имдоди додҷӯён, иршоди шодрӯён,

Дастони хайрафшон, Наврӯзи Тоҷикистон!

Шаббодаи сафоро, лутфи дари Худоро

Бар дӯши мо бияфшон, Наврӯзи Тоҷикистон!

Як сӯй гулфишонист, як сӯй дилфишонист,

Як сӯй бӯсаборон, Наврӯзи Тоҷикистон!

Пар боз кун чу Симурғ, эй парчами ниёкон!

Ҷашни замину кайҳон, Наврӯзи Тоҷикистон!

Кароматуллои ҚУРБОНАЛӢ,номзади илмҳои биологӣ, дотсент,декани факултети биологияи ДМТ