НАВБАТДОРӢ ДАР ХОБГОҲ

575

Мувофиқи нақшаи навбатдорӣ дар хобгоҳҳо, ки аз тарафи садорати факултети биология д.и.б., профессор Каримзода А.И. тасдиқ карда шудааст, санаи 01 октябри соли 2020 кормандони кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот Мусоева П.Ҷ.- мудири кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот, Устоев Б.Р. – ассистенти таълимӣ, дар хобгоҳи №6 навбатдори намуда дар мавзӯҳои гуногун, аз он ҷумла: “Бемории КОВИД 19”, “Риоя кардани қоидаҳои беҳдошт” ва “Интихоботи президент” суҳбат гузаронидаанд. Дар вохурии навбати донишҷӯёне, ки дар ҳамин хобгоҳ истиқомат мекунанд иштирок карданд. Ғайр аз гузаронидани суҳбат кормандони кафедра утоқҳо, ошхона ва роҳравҳои хобгоҳро дида баромаданд. Тарзи зисту зиндагии донишҷӯён хубтараст ва онҳо дар толорҳои хониш тайёрӣ дида истодаанд. Дар охир ба донишҷӯён барои хуб ва дуруст истифода бурданӣ таҷҳизотҳо, ботартиб ва тоза нигоҳ доштани утоқҳо дар хобгоҳ тавсия дода шуд.

bty