МУБОРАК БОД АВҶИ ИФТИХОРАТ, АРТИШИ МИЛЛӢ!

57

(ба ифтихори 32-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истиқлолу озодии давлати тоҷикон, марзу буми Ватани аҷдодӣ, амнияту суботи мамлакат ва зиндагии осудаву ороми мардуми кишварро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя карда истодаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Сипоҳи шоистаи корзор, намоди ифтихор ва лашкари мардони далеру номдор-Артиши миллии Тоҷикистон 32-сол аст, ки бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи рушду пешрафти бештар қарор дорад. Сипоҳе, ки созмон додани он аз сифр оғоз шуд ва дар муддати кутоҳ ба мактаби бузурги мардонагӣ, рамзи ифтихору эътибор ва муҳофизи марзу буми Тоҷикистон табдил ёфт. “Бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявии он рӯзҳо, Артиши миллиро амалан дар ҷойи холӣ таъсис додем ва сипас ба ташкили қисму воҳидҳои махсус, омодасозии мутахассисони низомӣ ва бо техникаву таҷҳизот таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи худ оғоз намудем”-иброз доштаанд дар ин бора Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ин муддати кутоҳ заминаҳои рушду тақвиятёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо ташкилу азнавсозии қисмҳои низомӣ, таълимгоҳҳои низомӣ, таъмини лавозимоти муосири низомӣ, бунёди дидбонгоҳҳои муосири сарҳадӣ, баланд бардоштани маоши вазифавии хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ, бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин намудани афсарон ва роҳандозии дигар ибтикороти шоиста фароҳам омад. Ҳоло афсарону сарбозони ҷузъу томҳои сипоҳи кишвар аз шароити шоистаи хизматсамаранок истифода бурда, арзишҳои соҳибистиқлолии кишварро садоқатмандона ҳифз мекунанд.

Иқтидори Артиши миллист, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари орому осуда эътироф шудааст. Солҳост, ки пажуҳишгоҳҳои олам бо гузаронидани назарпурсӣ Тоҷикистони азизи моро дар рӯйхати амтарин кишварҳои олам шомил менамоянд. Аз ҷумла, охири соли2024 дар байни 140 давлати ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Ин маълумот дар раддабандии солонаи ҳуқуқ ва тартиботи Пажуҳишгоҳи амрикоии Созмони Геллап «Gallup2024» оварда шудааст. Дар ин маълумот зикр мешавад, ки зимни таҳқиқот 146 000 нафар пурсида шудаанд. Аз рӯи натиҷаи назарпурсие, ки муаллифони раддабандӣ гузарониданд, тоҷикистониён изҳор доштаанд, ки зимни гаштугузори шабона хатареро эҳсос намекунанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бовар доранд.Бо ифтихор аз ин эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ метавон дар навбати аввал ба мардону занони шарафманди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои низомии кишвар ҳадиси аҳсану офаринро тақдим кард, зеро дар ҷаҳони пуртаззоднаметавон бидуни ҳастии сипоҳи шоистаи корзор амнияту осудагиро дар кишвар таъмин кард. Бо дарки ин маънӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳояшон Артиши миллии Тоҷикистонро яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон унвон карда, афсарону сарбозони шуҷои меҳанро омили асосии таҳким ёфтани Истиқлоли давлатӣ, шаън, эътибор ва иқтидори кишвар меноманд.

Ҳамзамон, Сарвари давлат дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори 31-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд карда буданд: “Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он мебошанд”.

Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода низ бо илҳоми саршордар шеъри ҷашнии хеш ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳиммату нусрат, пайкор, саффи пайваста ва назми ҳамбастаи сипоҳи кишварро фархунда мехонад:

Туро ин ҳиммату ин нусрату пайкор фархунда,

Туро дар ҳифзи кишвар дидаи бедор фархунда,

Туро ин саффи пайваста, туро ин назми ҳамбаста,

Ба каф бинҳода ҷонро аз пайи эсор, фархунда.

Ба таъбири шоир сипоҳиёни лашкари кишвар чун кӯҳе аз замини ормони халқи бузурги тоҷик рӯйида, барои ҳифзи амнияти кишвар ҷон ба каф гирифтаанд.Ин ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз ҳар хонаводаи тоҷик афсареву аскаре ҷонфидоиву ватанбонӣ доранд, илҳоми шоирро саршор кардааст, ки месарояд:

Чу кӯҳе аз замини ормони халқ рӯйидӣ,

Ба ҳифзи ҷони ин миллат зи ҷони халқ рӯйидӣ,

Ту аз ҳар хонадони Тоҷикистон решае дорӣ,

Таҳамтан шаҳчанори бустони халқ рӯйидӣ.

Яке аз дастовардҳои бузург барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки он дар 32-сол миёни мардуми Тоҷикистон маҳбубияти хос касб намуд. Имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистон бо муҳаббат ба низомиён ва либоси низомӣ менигаранд. Ин ҳама натиҷаи роҳандозии чорабиниҳои муҳимме дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар байни аҳолии кишвар мебошад, ки ниҳодҳои низомӣ дар ҳамкорӣ ба ниҳодҳои дигари идеологӣ-тарғиботии кишвардоир намудаистодаанд.

Гузашта аз ин, тавассути ба тасвиб расонидани қонунҳои соҳавӣ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низом дароварда шуд, зеро эҳсос гардид, ки фаъолият бо ҷорӣ кардани назму тартибдар ҳам кор, хоса дар соҳаи ҳарбӣ рангу ҷилои дигаре касб менамояд. Махсусан, ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ки аз ҷониби мардуми Тоҷикистон мавриди истиқболи гарм қарор гирифт, дар самти тақвияти эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон нақши созгор бозида, ҳаваси пайвастан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакатро дар қалби ҷавонон афзунтар кард.Бо дарки амиқи ин қонун ҷавонони тоҷик эҳсос кардаанд, ки марзи меҳанро ҷуз мо каси дигар муҳофизат намекунад.Аз ин лиҳоз, ҳар сол дар мавсимҳои даъватӣ ҳазорон ҷавони меҳанпарасти Тоҷикистон бо эҳсоси волои ифтихор аз марзи ниёгон ба сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайванданд.Дар ин баробар, ҳазорон наврасу ҷавони дигар ба литсей, гимназия ва донишкадаҳои олии низомӣ дохил шуда, ба умеди афсари бовафои сипоҳи Ватан гаштан донишҳои муосири илми набардро аз худ менамоянд ва баъди хатми ин боргоҳҳои таълимии низомӣ ба фаъолият дар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар оғоз менамоянд.Ҳамзамон, бо эътимоди комил метавон гуфт, ки наврасону ҷавонони дигар низ низомӣшуданро дар дил ҳадаф қарор дода, нияти шомил шудан ба боргоҳҳои таълимии низомиро доранд.Ин насли бедордили Ватанмехоҳанд, ки сарбозу афсар шаванд ва бо маҳорати баланди низомӣ барои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор офаранд. Ниҳодҳои таълимии низомӣ, ки марбут ба бахшу қисматҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишваранд, таълимгирандагони илми ҳарбро барои бештар фаро гирифтани донишҳои муосири низомӣ пайваста ба кишварҳои муқтадири оламмефиристанд.Ин ҷавонон баъди хатми боргоҳҳои таълимӣ-низомии кишварҳои олам ба Ватан баргашта, чун афсарони олирутба дар тақвият бахшидани ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо мегузоранд.

“Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки маҳз дар натиҷаи шуҷоату матонат ва далериву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ-фарзандони бонангу номуси Ватан ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар кишвар барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта шуд”-иброз доштаанд дар яке аз суханрониҳояшон Сарвари давлат. Воқеан ҳам, имрӯзҳо сипоҳи 32-солаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо барнома ва ҳадафномаҳои мушаххас, ки дар саргаҳи ин ибтикороти шоиста Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, ба сӯйи рушду тақвияти бештар раҳсипор аст.Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, махсусан дар низоъҳои сарҳадӣ афсарону сарбозони кишвар борҳо собит намуданд, ки ба Ватан ва Пешвои миллат содиқанд.Ҳаминсадоқати низомиёни кишвар ба мардуми Тоҷикистон хотири осударо ҳадя кардааст.Сарвари давлат ба ин маънӣ дар яке аз суханрониҳояшон чунин иброз дошта буданд: “Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вале бисёр сангину пурмасъулияти таърихӣ-барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодиву соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии кишвар, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ба дӯш гирифтанд”.

Бо умеди ҳастии артиши устувору пойдор мо мардуми кишвар бо хотири ҷамъ кору фаъолият менамоем ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол заҳмат мекашем. Пас, шоиста аст, ки ба ҷонфидоиҳои афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар арҷ бигзорем, ба сафи Артиши кишварбо дили гарм бипайвандем ва ба ояндаи беш аз пеш пешрафтаи Тоҷикистон умедвор бошем, зеро ба таъбири Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “…хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар айёми барои халқи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз хизмати ҷавонмардонаву таърихӣ карданд”.

Муборак бод ҷашни нурборат, Артиши миллӣ

Муборак бод азми пойдорат Артиши миллӣ,

Ба миллат, бо Ватан, бо амри Сарфармондеҳи олӣ

Муборак бод аҳди устуворат Артиши миллӣ.

Кароматуллои ҚУРБОНАЛӢ,номзади илмҳои биологӣ,дотсент, декани факултети биологияиДонишгоҳи миллии Тоҷикистон