МОДАР ОЛИҲАИ МЕҲР

245

Дар ҷаҳони меҳрубонӣ беназирӣ, модарам,

Дар диёри бовафоён ту амирӣ, модарам,

Имтиҳони маргро дар зиндагӣ, биспурдаи,

Зиндагибахшандаӣ, ҳаргиз намирӣ, модарам.

Модар азизтарин, хушсадотарин ва шевотарин калима аст.

Модар фариштаест, ки дар хурдиамон парастор, дар навҷавонимон рафиқ, дар бузургсолиамон роҳнамо ва дар пирӣ тасалобахшӣ дили мо мебошад.

Модар азизтарин армон, муқаддастарин мӯъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки моро ҳаёт бахшидааст. Аз ҳастии пайкари бузургаш ба дили мо қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати қадру манзалати зан-модар чунин қайд кардаанд: “Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебои, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин муррабӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро замири модарон аз риштаи меҳру садоқат суфта шудааст. Худованд ба Зан-модар қудрате атто намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад”.

Модар қиматарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор ва ҳиматбаландтарин шахс мебошад. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар аст, ки моро ба ҳаёт ошно сохтааст.

Зан-модар, ибтидои ҳастии башариат ва эҳёгари нияту ормонҳои фараҳбахш буда, ҳақ дорад, ки зеботарин рӯзи сол низ ба ӯ бахшида шавад. Зеро модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бо нангу номус, паҳлавони ҷасур, абармардони хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбият карда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба инсоният дуо додааст. Аз ин хотир дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст.

Донистани қадру қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди худшинос баору номус аст. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо шоирон, адибону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии зан-модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фурӯд овардаанд.

Зан-модар малҳаме ҳасти, ки зиндагиро рангину бошукуҳ мегардонад. Модар бо шуълаи чашмон ва бо меҳри қалбаш моро ба сарзамини меҳр ҳидоят менамояд, ибтидои ҳар кори бузург аз бузургии ӯ оғоз мегардад.

Модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода месозанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.

Ин масъулияти бузург зан-модарро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳуввияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намояд.

Хушбахтона, занони тоҷик рисолати таърихии хешро шарафмандона идома дода, ҳамчу модар, ҳамчун зани фаъол дар пешрафт ва ҳалли масъалаҳои фардои ҷомеа, яъне тарбияи ахлоқии ҷавонон ва дар тафаккури онҳо бедор намудани ҳиссиёти дӯстӣ ва инсонпарварӣ, ваҳдату ягонагии миллатамон саҳмгузоранд. Нақши модар, махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.

Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтиром ва меҳрубони мебошанд. Зеро, модарон худ меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат мададгори менамоянд.

Модарони азизу меҳрубон, модарони арҷманду воломақом, дуогуҳастем ҳамеша саодатманду сарбаланд, файзбахшу меҳровар ва тансиҳату комёб бимонед.

Муовини декан оид ба таълими факултети биология, н.и.б., Пулотзода Ф.Х.

Ассистенти кафедраи биотехнология, н.и.б., Астанакулова Г.М.