МОДАР ФАРИШТАИ ЗАМИНУ ОСМОНИСТ

363


Имрӯ (05.03.2022) дар доираи нақша чорабиниҳои садорати факултети биология бахшида ба ҷашни “8-МАРТ РӮЗИ МОДАР” чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд, ки дар он сармутахассиси шуъбаи занони донишгоҳ Оломиова Дилором, декани факултет профессор Каримзода А.И. мудири кафедраи ботаника Кароматуллои Қ., раиси Шӯрои занон ва бонувони факултет Содиқзода М., устодону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Саравал чорабиниро декани факултет профессор Каримзода А.И. оғоз намуда устодону кормандон ва донишҷӯёнро ба рӯзи Модар таҳният намуд. Қайд намуд, ки модар нахустин устоди таълимдиҳандаи кулли инсоният дар рӯи сайёра баъд аз Офаридгор аст. Ӯ бо тамоми ҳастияш эҳсоси одобу ахлоқ ва донишу маърифатро ба фарзандон арзонӣ медорад. Ба ӯ забон меомӯзонад. Ҳамин аст, ки мутаффакирону донишмандон, адибону бузургони дунё дар васфаш суханварӣ кардаанд.
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Сипас мудири кафедраи ботаника Кароматуллои Қ. баромад намуда қайд намуд: Модар дили бузург, диди бекарон, дуои мустаҷобгардандаро дорост. Дар ҳама ҳолат ва ҳама вақт фарзандро азизу гиромӣ медорад. Қаҳрамониҳову диловариҳои фарзанд рӯҳи ӯро болида ва зинда медорад.
Дили модар пурҳарораттарин ва бомуҳаббаттарин кошона барои фарзанд аст. Сифатҳои Худованд андар рагу пайванди ӯ ҷой дорад, чунки модар бахшандаву меҳрубон аст. Месазад, ки мо – омӯзгорон аз ин марворидҳои қимати қаъри баҳри адабиёт ба шогирдон намунаҳо пешкаш созем, то каме ҳам бошад дар раванди болоравии сатҳи тарбияи маънавии онҳо саҳм дошта бошем. Зеро инсоне, ки модарро мепарастад, бешак барои онҳо Ватан, забон, халқ, дӯстиву рафоқат, ваҳдату ҳамдилӣ, худшиносиву худогоҳӣ қимат дорад.
Сипас аз ҷониби донишҷӯён баҳри поси модарон шеърҳо қироат карда шуд. Дар охир донишҷӯён бо ифтихорномаҳои факултет ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.