Мизи гирди умумидонишгоҳии илмию назариявӣ дар мавзўи «Рушди илми энтомология дар Тоҷикистон»

394

Рўзи 5-уми марти соли 2021 дар кафедраи зоологияи факултети биология  мизи гирди умумидонишгоҳии илмию назариявӣ дар мавзўи «Рушди илми энтомология дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Мизи гирд дар асоси нақша-чорабиниҳо оид ба эълон гардидани  Солҳои 2020 -2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» амалӣ гашт. Дар кори мизи гирд мутахассисони соҳа гирди ҳам ҷамъ омада мавзўъҳои мубрами рўзро вобаста ба илми энтомология мавриди баррасӣ қарор доданд. Нахуст суханро сардори шўъбаи ахбори илмию техникӣ Абдуллозода Р.А. оғоз намуда ба кори мизи гирд ҳусни ифтитоҳ бахшид. Баъдан, декани факултети биология д.и.б., профессор Каримзода А.И. суханронӣ намуда, мақсаду мароми  гузаронидани чунин ҷамъомадро таъкид намуд.

Сипас, устодони кафедраи зоология оид ба  дурнамои таҳқиқотҳои энтомологӣ дар Тоҷикистон, ҳолати кунунии энтомофаунаи минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, таснифоти муосири намояндагони синфи ҳашарот, ҳифз ва нигаҳдории намудҳои нодири энтомофаунаи Тоҷикистон, нақши ҳашарот дар табиат ва ҳаёти инсон суханронӣ намуда, фикру андешаҳои худро иброз намуданд. Дар охири ҷамъомад мудири кафедраи зоология н.и.б. Мирзоев Н.М. мубоҳисаҳои дар кори мизи гирд баамаломадаро ҷамъбаст намуда, ба ҳозирин барои иштирок изҳори сипос намуд.