МАСЪАЛАҲОИ СОЗАНДАГӢ

26

ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мусаллам аст, ки ҳамасолаАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамояд. Масъалаи мазкур як рӯйдоди муҳимест, ба рушди самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра мусоидат мекунад. Махсусан, соҳаи илму маориф ҳамешамасъалаи меҳварии Паём ба ҳисоб меравад.

Возеҳ аст, ки маориф ба ҳайси яке аз ниҳодҳои муҳимтарини иҷтимоӣ таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст. Зеро, роҳи наҷот аз буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, ки метавонад таъсири манфии хешро ба бор оваранд, маҳз аз низоми мукаммал ва фарогири маориф ва илм вобастагӣ доранд.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илмро самти афзалиятнок эълон намуда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ ва наҷоти миллат номидааст. Ҳамзамон, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025:

– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф30 фоиз зиёд карда шавад;

– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.

Бо ҳамин далел ба мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон дар панҷ соли оянда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд. Ҳамчунин барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Аз ҷумла дар Паёми имсола муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, бо ин мақсад дар соҳаи маориф 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст, ки ин дар самти маориф ғамхории давлату ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём қайд намуданд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Ин равандро дар муқоиса бо солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба риштаи таҳлил кашида, қайд намуданд, агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд.

Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард.

Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз214 ҳазор нафар расидааст.

Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо106 000 донишҷӯ фаъолият доранд.

Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.

Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.

Ҳамзамон Пешвои миллат қайд намуданд, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.

Дар самти муносибатҳои илмӣ қайд карда шуд, ки рушди маориф бо пешрафти соҳаи илм пайванди ногусастанӣ дорад.

Бо мақсади рушди самаранок ва бо манфиат будани натиҷаҳои корҳои илмӣ тадқиқотӣ дар кишвар ба вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбутасупориш дода шуд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Бо назар гирифтани шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ қайд гардид, ки талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бо ин мақсад зарур шуморида шуд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравиюпирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ вафароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад.

Агар ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат назар кунем, мо, олимон, омӯзгорон ва аҳли зиё бояд нуктаҳоионро роҳнамои фаъолияти таълимию илмии хеш қарор дода, баҳри дар амал татбиқ намудан ва ба зинаи имрӯзаи илми муосир расонидани донишҷӯёни тоҷик набояд малакаю таҷрибаю заҳмати хешро дареғ дорем.

Собиров А.М. – устоди факултети биологияи ДМТ