Агар хоҳӣ, ки озод бошӣ, ғуломи қонун бош!
Дар ҳама давру замон инсонро зарур аст, ки риоя намуданро омӯзад, зеро тамоми шахсиятҳо ба мартабаҳои баланд аз ҳадди худ набаромада, дар чаҳорчӯбаи қонун амал намуда, муваффақ гардидаанд! Муваффақияти шахс ҳамон вақт арзиши қонунӣ ва маънавиву моддӣ пайдо менамояд, ки дар асоси қонун амалӣ шуда бошад…
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари он ки 4 (чор) маротибаи дигар дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 баъд аз пош хӯрдани ИҶШС, дар санаи 6. 11. 1994 Конститутсия қабул карда шуд. Ин ҳуҷҷати расмӣ – Конститутсияи соҳибистиқлол ном гирифт, зеро баъд аз барпо шудани ҳокимияти мустақили Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қабул шуд! Тоҷикистоне, ки дар ИҶШС ба ҳайси Ҷумҳурии ҳафтум (аз 15 давлат) фаъолият дошт аз соли 1929. Тоҷикони ҷаҳонро бо мустақилияти хеш Тоҷикистон дар ҳайрат гузошт, зеро эшон (мардуми тоҷик) умедашонро аз барқароршавии Ватани маҳбуби худ канда буданд. Рӯ ба гурез овардан, гуруснагӣ, ҷанги бародаркуш, қатлу ғорат ва дигар ҳолатҳои нангину сангину вазнин дар қалби озордидаи мардуми бечора ҳазорон тарсу бимро ҷо карда буданд… Ба бахти мардуми тоҷик фарзандони фарзонаи миллат сабаб шуданд, то вазъи баамаломадаро дар мамлакат ором намуда, халқро аз беватанӣ ва Ватанро аз нобудӣ ҳифз намоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ ҳамеша вақте аз Сулҳу ваҳдат сухан меронанд, албатта ин ибораро такрор ба такрор иброз медоранд: “Агар халқи шарафманди Тоҷикистон моро дарк ва дастгирӣ намекард, мо ба ин сулҳу осоиш намерасидем “!!! Дар ҳақиқат хоксории Пешвои миллат дар ин ибрози андеша маълум аст, зеро сулҳи тоҷикони ҷаҳон маҳз тавассути иродаи неки ин абармарди тоҷик ҷомаи амал пӯшид!
Конститутсияи соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорои 10 боб ва 100 модда мебошад! Тамоми самтҳои фаъолияти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар он дарҷ гардидааст! Дар Конститутсияи соҳибистиқлол чунин навишторе, ҳаст, ки ҳар писанди ҳамагон буда, муаррифгари халқи шарафманди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад: “МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ.”
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад Ҳамватанони гиромӣ! Бигзор, дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоли мо – Тоҷикистони азиз ҳамеша адолат ҳукмрон бошад!
Нақибхон Н. Донишҷӯи соли 4-уми факултаи биологияи ДМТ