Конференсияи апрелӣ

410

Рўзи 22.04.2021 дар кафедраи зоология конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии ҳайати устодону кормандону кафедраи зоология ва донишҷуён бахшида ба ҷашнҳои 30-солагии истиҚлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 110-солагии Шоири халҚии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуѓзода ва «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» баргузор гардид.

Дар рафти баргузории конференсияи мазкур 6 маърузаи устодону кормандони кафедра ва 16 маърўзаи донишҷўён шунида шуд.

 Бояд қайд намуд, ки мазмуну мундариҷаи маърузаҳо ба масъалаҳои гуногунии олами ҳайвоноти Тоҷикистон, ҳашароти осебрасони дарахту буттаҳо ва роҳҳои мубориза бар зидди онҳо, аҳамияти ҳашарот дар биотсенозҳо ва ҳифзу нигаҳдории намудҳои нодир ва камшумори фаунаи Тоҷикистон бахшида шуда буданд.

Бо дастгирии декани факултет, доктори илмҳои биология, профессор Каримзода А.И. ҷиҳати ҳавасманд намудани донишҷўён ба илм, иштирокчиёне, ки маърўзаашон беҳтарин интихоб гардид бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.