Конференсия

741

Рўзи 21.04.2020 дар кафедраи зоологияи факултети биология конференсияи  ҷумҳуриявии  илмию  назариявии  ҳайати устодону  кормандон  ва  донишҷўёни  ДМТ  бахшида  ба ҷашнҳои  «5500-солагии  Саразми  бостонӣ», «700-солагии шоири  барҷастаи  тоҷик  Камоли Хуҷандӣ»  ва  «Бистсолаи омўзиш  ва  рушди  фанҳои  табиатшиносӣ,  дақиқ  ва  риёзӣ дар  соҳаи  илму  маориф  (солњои 2020-2040)» баргузор гардид. Дар рафти баргузории конференсия  устодон ва донишҷўёни кафедраи зоология оид ба масъалаҳои ҳифз ва нигањдории гуногунии биологӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба олами ҳайвонот, хусусиятҳои биологии намудҳои нодир ва камшумори ҳайвонот, рушди соҳаи замбўрпарварӣ дар Тоҷикистон маърўзаҳо пешниҳод намуданд. Бо иқдоми декани факултет д.и.б., профессор Каримов Акобир Изатуллоевич иштирокчиёни  фаъол ва маърўзаҳои беҳтарин  бо Ифтихорномаи садорати факултети биология сарфароз гардонида  шуданд.