ИНТЕРНЕТ-ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ ФАННИ БИОЛОГИЯ

25

ИМРӮЗ БАХШИДА БА «БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ» (СОЛҲОИ 2020-2040) ДАР ЗАМИНАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ИНТЕРНЕТ-ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ ФАННИ БИОЛОГИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш мунтазам аз сатҳу сифати таълим, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзишу рушди фанҳои дақиқ таъкид менамоянд. Маҳз ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои инкишофи тафаккури техникии насли наврас ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2019 солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд.

Мо бояд ба хотири пешрафти Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озод минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд.

Ҳамзамон, озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўйи кор омад, ки бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» тақвият бахшидан ба рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви АМИТ ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташаббус ва иқдомҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимона пазируфта, дар доираи нақша-чорабиниҳо як қатор чорабиниҳои илмиро зина ба зина анҷом дода истодааст. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади амали намудани чорабиниҳои илмӣ бахшида ба «Бистсолагии омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» (солҳои 2020-2040) Интернет-олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни биологияро дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 100 нафар донишҷӯёни дохил ва хориҷ иштирок намуданд.

Интернет-олимпиадаи байналмилалӣ ба ташаккул ва маҳорати касбӣ, андӯхтани таҷриба дар кор бо технологияҳои муосири таълимӣ, инчунин, ташаккули қобилияти донишҷӯён барои ҳалли масъалаҳои биологӣ ва рушди неруи эҷодии онҳо нигаронида шудааст.

Бояд зикр намоем, ки дар марҳилаи ҳозираи бо сураът инкишофи илму техника барои ҳамқадами замон будан эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» амали зарурӣ ва саривақтист, ки баргузории «Интернет-олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни биология» барои рушди ҳамкорӣ ва шарикӣ ба манфиати илму маориф тақвиятдиҳандаи гуфтаҳои боло мебошад.

Ҳамидзода Х.Н. – н.и.б., дотсент, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети биологияи ДМТ