ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ЗАМИНАИ АСОСИИ РАСИДАНИ ҶАҲОН БА ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

17

(Чанд бардошт аз Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо)

Таҳлили вазъи кунунии ҷаҳони имрӯза собит месозад, ки ба ҷони ҳам афтодани кишварҳои абарқудрат поёни мушкилоти олам нест. Балки таҳдиди хатарҳои экологӣ, ноҷӯр шудани набзи тапиши сайёраи Замин, нопок шудани ҳавои зиндагии инсон, аз байн рафтани ҷангалҳо, ҳайвоноту набототи нодир, ба қисми зиёди аҳолии сайёра дастрас набудани оби тозаи ошомиданӣ, дар маърази барбодӣ қарор гирифтани манбаи асосии фароҳам омадани оби тозаи ошомиданӣ-пиряхҳо ва дигар нуқсонҳои бавуҷудомада дар муҳити зисти башар аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки мардуми олам онҳоро бояд мисли масъалаи таъмини сулҳ дар ҷаҳон ҷиддӣ бигиранд, зеро агар беаҳаммиятии инсон ба табиат бад-ин минвол идома кардан гирад, рафта-рафта масъалаи осуда ва саломат зистани оламиён дар рӯйи Замин зери суол меравад. Аммо ҳоло ҳам, мутаасифона бисёре аз кишварҳои олам, хоса мамолики пешрафта даргири мушкилоти ба зоҳир ҷиддии хеш мебошанд ва ангор фаромӯш кардаанд, ки ҳар халали бавуҷудомада дар кори сайёра ба кишварҳои эшон низ бетаъсир нахоҳад монд. Махсусан, бисёре аз кишварҳо зиндагии муосири технологӣ месозем гуфта, зарфиятҳои дар табиат мавҷударо ба яғмо мебаранд, ки ин амал боиси пайдо шудани ноҷӯрӣ дар бадани табиат мешавад. Солҳои охир, ки таҳдиди ба нобудӣ рафтани зарфиятҳои сайёраи Замин, дар мисоли аз байн рафтани манбаи асосии ҳастии оби тозаи ошомиданӣ-пиряхҳо бармало шудааст, баъзе аз кишварҳои олам масъаларо ҳассос шинохтаанд.Дар ин баробар, ин эҳсоси хатар сабаб гардидааст, ки дар гӯшаву канори дунё созмону ташкилоти марбут ба ҳалли мушкилоти табиат тоза ба фаъолият пардозанд ва дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои ҷаҳонии аз қабл дар ин самт фаъолбуда барои аз чанги нобудӣ раҳонидани зарфиятҳои табиати зинда дастбакор шаванд.Аммо дар самти об, иқлим, муҳити зист ва ҳифзи пиряхҳо чанд сол мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодоти густурдаву фарогир ва ҳамапазиреро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ироа кардааистодааст. Дар ҷумлаи боло аз вожаи “ҳамапазир” ба он хотир кор бурда шуд, ки ин пешниҳодотро ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан давлатҳои аъзо дар созмонҳои марбут ба бартараф кардани мушкилоти сайёра дар қолаби барномаҳои барои таъмини зиндагии шоистаи башарият муҳим пазируфтанд. Ҳамакнун Тоҷикистони мо ба унвони пешгому пешоҳанги ин ибтикороти шоиста мизбони бузургтарин ҳамоишу конфронсҳои сатҳи байналмилалист, ки ба ҳифзи пиряхҳо нигаронида шудаанд. Дар ин қисмати матлаб талош менамоем, ки чанд бардошти худро аз Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 30 майи соли равон дар шаҳри Душанбе доир шуд, иброз дошта бошем.

Дар ибтидои ин суханронӣ Сарвари давлати мо Конфронси мазкурро дар самти татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қадами муассиру муҳим унвон карданд, ки ин нуктаро таъйид мекунем, зеро давлатҳои ҷаҳон бидуни баҳамоӣ ва дар нишасту конфронсҳо сухан кардану мушаххас сохтани роҳкорҳои ҳадафмандона наметавонанд дар самти ҳифзи пиряхҳо аз нестӣ муваффақ шаванд. Аз ин лиҳоз, беҳуда нест, ки Пешвои миллат ҳамоиши мазкурро муколамаи судманд ва фароҳамоварандаи замина “..барои табодули афкор вобаста ба ин мавзӯи ҳаётан муҳим, инчунин, истифодаи оқилонаи захираҳои об..” хонданд, зеро ба андешаи эшон “обшавии босуръати пиряхҳо имрӯз ба як буҳрони глобалии замони мо табдил ёфта, дар тӯли даҳсолаҳои охир, онҳо бо суръати баланд коҳиш меёбанд. Ин раванди ташвишовар дар таърихи инсоният бесобиқа аст”. Дар идомаи ин суханронӣ Пешвои миллат аз натиҷагирӣ ва арзёбии дақиқи коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ истифода бурда, зикр карданд, ки “соли 2023 бузургтарин коҳиши солонаи ҳаҷми пиряхҳо ба қайд гирифта шуд.Дар натиҷа 600 гигатонна оби ошомиданӣ талаф ёфт, ки сабаби баландшавии сатҳи миёнаи уқёнуси ҷаҳонӣ гардид”.

Баъди зикри ин омор хулоса чунин шуд, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим тақрибан сеяки пиряхҳои кӯҳӣ дар саросари ҷаҳон нобуд гардидааст ва он “…танҳо мушкилоти экологӣ набуда, ба бисёр соҳаҳои ҳаёти инсоният алоқамандии зич дорад”.

Идомаи ин суханронӣ ба зикри дигарбораи аҳаммияти пиряхҳо дар ҷаҳон алоқаманд гардида, зикр карда шуд, ки ҳифзи пиряхҳо аз нестиву аз нобудӣ барои пиёда кардани аҳдофи рушди устувор дар ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам меорад, зеро “..обшавии босуръати пиряхҳои қутбӣ сабаби обхезиҳо дар кишварҳо ва шаҳрҳои соҳилӣ шуда, миллионҳо одамонро аз манзилҳояшон маҳрум месозад”.

Пешвои миллат ҳушдор доданд, ки обшавии пиряхҳо “…боиси кам шудани ҳудуди хушкии кишварҳо ва омили муҳоҷиршавии аҳолӣ мегардад”. Дар идома атрофи нақши пиряхҳо дар гардиши уқёнусҳо, пиряхҳо-танзимгари иқлими муътадили табиӣ дар сайёраи мо ва таъсири партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ибрози назар сурат гирифта, иҷро ва таъмини бандҳои созишномаи Париж барои пешгирии афзоиши ҳарорати глобалӣ ногузир унвон карда шуд, зеро “…обшавии босуръати пиряхҳо раванди таъминоти обро халалдор карда, ба амнияти озуқаворӣ таҳдид ва ба истеҳсоли нерӯи барқи тоза таъсири манфӣ мерасонад.Ин раванд дар аксарияти ҳолатҳо хатарҳои зиёд эҷод намуда, нобаробарии иқтисодӣ ва осебпазирии аҳолиро меафзояд. Бахусус дар минтақаҳои кӯҳистон раванди обшавии босуръати пиряхҳо боиси обхезӣ, омадани сел ва фуромадани ярч гардида, ба инфрасохторҳо зарари калон мерасонад”.

Муаррифӣ кардан Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ, осебпазирии обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ва таъсири он ба минтақаву ҷаҳон қисмати дигари суханрони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин конфронс ташкил медод. Дар тақвияти шарҳи бандҳои зикршуда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври возеҳ қайд карданд, ки “…ҳифзи пиряхҳо танҳо мушкилоти кишварҳои дорои пиряхҳо нест, балки як буҳрони глобалии қобили таваҷҷуҳи фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Феълан дар кишвари мо ҷиҳати омӯзиши пиряхҳо сохторҳои зарурӣ фаъолият доранд.Дар баробари ин, бояд гуфт, ки имкониятҳои фаннию техникии мо мисли даҳҳо кишварҳои дигари дорои пиряхҳо маҳдуданд”.

Бо такя ба ин гуфтаҳои Пешвои миллат метавон чунин хулоса намуд, ки танҳо бо ба роҳ мондани ҳамкориҳои муассири байналмилалӣ ва густариши шарикии судманди давлатҳо метавон дар самти ҳифзи пиряхҳо барномарезии ҳадафмандона анҷом дод, чораҳои таъхирнопазир андешид, навовариҳои зеҳнӣ ва кумакҳои молию техникиро ба вуҷуд овард, аз таҳқиқоти илмии дақиқ кор гирифт, устувории иқлими минтақа ва ҷаҳонро таъмин кард.

Дар ин замина ва бо дарназардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон пешниҳоди Пешвои миллат чунин буд, ки “…якҷо бо шарикони рушд ва пажуҳишгоҳҳои илмиву-таҳқиқотӣ экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистонро ташкил карда, дар кишвари мо як озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад.Мо аз ҳамаи шарикон ва ҷонибҳои манфиатдор даъват менамоем, ки ин ташаббусро дастгирӣ намоянд ва ба ин васила дар татбиқи “Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ – солҳои 2025-2034” саҳми муносиби худро гузоранд”.

Бо таҳлили амиқи ин суханронии пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ироа доштанд, метавон роҳкорҳои муассиреро дар самти ҳифзи пиряхҳо мушаххас ва дар амал татбиқ кард.

Дар амал татбиқ намудани нуктаҳои дигари аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Конфронс иброзшуда, дар мисоли баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба нақши ҳаётан муҳимми пиряхҳо дар таъмини захираҳои оби ошомиданӣ ва ҳалли маҷмӯи масъалаҳои рушди устувор, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо ҷалби фаъоли олимону пажӯҳишгарон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои ҳалли мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои фарогири он, ба роҳ мондани мониторинги фарогир ва таҳқиқоти илмӣ ба мақсади беҳтар дарк намудани ҷараёни тағирёбии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба низомҳои экологӣ (экосистемаҳо), захираҳои об, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва тағйирёбии глобалии иқлим, татбиқи иқдомҳои дастҷамъӣ ба мақсади бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии босуръати пиряхҳо, аз ҷумла таъсири он ба дастрасӣ ба об, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ ва ҳифзи мероси фарҳангию табиӣ, истифодаи самаранок ва ҷалби захираҳои молӣ ва фаннӣ барои татбиқи амалии ташаббусҳо ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва саҳмгузорӣ ба Бунёди эътимоди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои амал дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ ба хотири наслҳои оянда ва таҳияи Стратегияи глобалии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ба манфиати кор хоҳад буд.

Кароматуллои ҚУРБОНАЛӢ,декани факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон