ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА ГУНОГУНИИ БИОЛОГӢ

239

Санаи 11.05.2024 дар маҷлисгоҳи факултети биология бо иқдоми садорати факултет ва кафедраи зоология вобаста ба қабул гардидани қатъномаи СММ оид ба эълон гардидани 24 май ҳамчун “Рӯзи байналмилалии морхӯр семинари илмӣ баргузор гардид.

Семинари илмиро декани факултети биология, номзади илмҳои биологӣ, дотсент Кароматуллои Қурбоналӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи мақсаднок амалӣ менамояд.

Ташаббусҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои обу иқлим, экология ва ҳифзи табиат бояд ифтихори ҳар як шаҳрванди миллати куҳанбунёди мо бошад.

Зарурати ҳифзи гуногунии биологиро ба назар гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ғамхору дурандеш ҳанӯз 22 сентябри соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар машварати сатҳи Маҷмаи Умумии СММ ба сифати саҳм дар гузаронидани соли байналмилалии гуногунии биологӣ баромад карда, иброз намуд, ки захираҳои биологӣ ганҷинаи умумибашарианд ва тадбирҳои дилхоҳ оид ба нигаҳдории гуногуннавъии биологӣ хислати трансмиллӣ доранд ва на фақат ба кишварҳои алоҳида, балки барои минтақаҳо, умуман ҷомеъаи ҷаҳонӣ судовар ҳастанд. Зеро нест шудани ҳар намуди набототу ҳайвонот бояд боиси нигаронии тамоми ҷомеъаи ҷаҳонӣ гардад.

Ёдовар мешавем, ки 2 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани “Рӯзи байналмилалии морхӯр” тариқи қатъномаи дахлдор якдилона қабул намуд.

Қатънома аҳамияти бартараф намудани камшавии бесобиқаи чаҳонии гуногунии биологиро эътироф карда, ҳифз ва нигоҳ доштани макони зисти табиии морхӯрро ҳамчун зарурати экологӣ таъкид намудааст.

Дар он инчунин аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи морхӯр, эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки аллакай татбиқ мешаванд, таъкид карда шудааст. Бо қабул гардидани ин қатънома 24 май Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон гардид.

Дар семинари илмӣ ҳамчунин мудири кафедраи зоология, н.и.б., дотсент Мирзоев Н.М. баромад намуда, оид ба ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат фикру андешаҳои хешро иброз намуд.

Сипас маърузаи ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои биологӣ Амиров З.Г. “Ҳолати ҳозираи ҷамоаи морхӯр ё бузи пармашох дар Тоҷикистон ва масъалаҳои ҳифзу нигаҳдории он” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баромад оид ба хусусиятҳои биоэкологӣ, паҳншавӣ, саршумор ва аҳамияти морхӯр дар табиат ва ҳайёти инсон маълумотҳо пешкаш гардид. Морхӯр ё бузи пармашох яке аз ҳайвоноти нодири ҷуфтсуми олами ҳайвоноти Тоҷикистон буда, ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва руйхати сурхи Иттиҳоди байнахалқии ҳифзи табиат (МСОП) дохил гардидааст. Ҳамчун намуди нодир морхӯр ё бузи пармашох солҳои охир ба муҳофизат эҳтиёҷ дорад.

Дар фарҷом қайд карда шуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон иқдомҳои саривақтии Пешвои Миллатро ҷонибдорӣ намуда, дар роҳи ҳифз ва нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми хешро мегузоранд.