ДАВИ МИЛЛӢ

95

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, № 255 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2021, №26/10-17 бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ санаи 16.05.2021 дар саросари мамлакат дави миллӣ баргузор гардид. Ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистион бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар ин чорабинии муҳимми ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуданд.