Дарси кушоди профессор Каримзода А.И.

340

Имрӯз дар кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот дарси кушоди профессор Каримзода А.И. дар курси 4-уми ихтисоси биотехнология дар мавзӯи “Талабот ва меъёри сафедаҳо дар ғизо” баргузор гардид. Чунин қайд намуданд, ки сафедаҳо – моддаҳои асосӣ ва бунёдие мебошанд, ки аз онҳо ҳуҷайраҳо ва бофтаҳои мушак, ферментҳо, гормонҳо, гемоглобин ва дигар пайвастагиҳои ҳаётан муҳим ҳосил мешаванд. Онҳо танҳо дар таркиби пешоб ва талха дида намешаванд. Таркиби ҳамаи сафедаҳо аз атомҳои гидроген, оксиген ва нитроген (азот) иборатанд. Дарси кушод дар як сатҳи хуб гузашт.