Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳ ва факултети биология дар доираи эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати экологӣ» дарси кушоди муаллимаи калони кафедраи умумидонишгоҳии педагогика Хайриниссо Назарова дар курси 3-юми гурӯҳи тоҷикии факултети биология дар мавзуи “Вазифаҳои тарбияи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, экологӣ дар шароити муосир” баргузор гардид.
Мақсад аз гузаронидани чунин дарс, пеш аз ҳама, ба донишҷӯён фаҳмонидани моҳияти асосии тарбияи ҳуқуқӣ дар ташаккул ва инкишофи баланди фарҳангӣ ҳуқуқии шахсият равона карда шудаааст. Вазифаи асосии дарс бартарафсозии рафторҳои ғайриқонунӣ, солимгардонии љомеаи муосир ва зарурияти муборизаи рӯзмарра баҳри риояи қонуниятҳо ва тартиботи љамъиятӣ дар ташкили фаъолияти наврасону ҷавонон оид ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ мебошад.
Таъкид карда шуд, ки зарурияти аз худ намудани тарбияи иқтисодӣ, ин талаботи нави давраи инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодӣ зарурияти ба хоҷагии халқ нигаронидашуда, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва тақвият бахшидани донишу малака дар фаъолгардонии мавқеи ҳаёти ҷавонон мебошад.
Дарси кушод аз ҷониби устод бо истифодаи усулҳои фаъол, бо омодагии ҷиддӣ ва дар сатҳи баланди назариявӣ доир гашт. Мавсуф дар асоси истифодаи дастовардҳои муосири илмӣ доир ба ташкили тарбияи самараноки экологӣ дар замони Истиқлол, ҳифзи муҳити зист ва тоза нигоҳ доштани табиат, пеш аз ҳама, ҳимояи генафонии миллат таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ мазмуну муҳтавои мавзуро шарҳу тавзеҳ доданд.