Дар ин вохӯрии мазкур масъулони бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ, намояндагони садорати факултет, омӯзгорон ва гурӯҳи васеи донишҷӯдухтарон иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани маърифати иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии донишҷӯдухтарон, ташаккули одоби муошират ва тарзи ҳаёти солим арзёбӣ мегардад.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки донишҷӯдухтарон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа бояд дар самти омӯзиш, фарҳанги либоспӯшӣ, муоширати мутақобила ва риояи меъёрҳои ахлоқиву маънавӣ намунаи ибрат бошанд.
Яке аз масъалаҳои меҳварии вохӯрӣ татбиқи Қарори мушовараи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби либоспӯшии ягонаи тавсиявӣ барои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ» буд. Дар ин замина, ба зарурати риояи фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва мутобиқ ба талаботи донишгоҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.