БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁН ФАКУЛТЕТИ БИОЛОГИЯ АЗ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

314


Мувофиқи нақшачорабиниҳои Раёсати Донишгоҳ ва факултет санаи 03.03.2022 донишҷӯёни факултети биологияи ДМТ аз Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.
Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 27.07.2011, № 1094 таъсис ёфтааст. Масоҳати умумии осорхона зиёда аз 24 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Намоиши осори таърихӣ дар 22 толор, аз ҷумла 2 толори мудаввар сурат мегирад. Инчунин осорхона дорои толор барои 300 ҷои нишаст, панҷ махзани нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ, дувоздаҳ ҳуҷра барои озмоишгоҳ ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад. Шуъбаҳои осорхона дорои толорҳои: канданиҳои фоиданок ва табиат, таърихи бостон ва асри миёна, нав ва навтарини Тоҷикистон, санъати тасвирӣ ва мардумӣ, толори туҳфахазинаҳои давлатӣ мебошанд.