Боздид аз хобгоҳи донишҷуёни факултет

191

Санаи 02.05.23 мувофиқи нақша-чорабиниҳо, садорати факултет бо роҳбарии и.в. декани факултет дотсент Кароматуллои Қурбонали аз хобгоҳи донишҷӯён дидан намуданд. Дар рафти вохӯриҳо бо донишҷӯдухтарон дар ошиёнаи 1-ум ва донишҷӯписарон дар ошиёнаи 9-ум сӯҳбатҳо ороста шуда ҷиҳати истифодаи дурусти вақт, нагаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, саривақт ҳозир шудан ба хобгоҳ, тозаю озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳои хоб, даст назадан ба амалҳои коррупсионӣ, иҷрои дастури либосҳои тавсиявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.