БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ –ПЕШРАФТИ ИЛМИ ТОҶИК

20

Дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, Роҳбари давлат дар ин Паёми худ,  солҳои 2020 -2040 -ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуда буданд.

Иқтибос аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд:

“Ман аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон ба кулли мардуми кишвар, аз ҷумла ба ҳамаи соҳибкорони ватаниву бурунмарзиамон ва дигар шахсони ҳимматбаланд, ки дар амалӣ шудани Амри Роҳбари давлат дар бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои маориф ва фарҳангу тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хатҳои обрасонӣ ва дигар корҳои хайр саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям. Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд. Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карда мешаванд, ки нақшаи чорабиниҳоро доир ба ин масъала дар муҳлати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Инчунин, пешниҳод менамоям, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд”.

         Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” кафедраи ботаника ва дендрологияи факултети биологияи ДМТ ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст.

         Хотиррасон менамоем, ки аз соли 2020 то ин вақт як зумра устодон таҳти роҳбарии профессорони кафедра рисолаҳои номзадию доктории хешро дар мавзуъҳои гуногун ҳимоя намуданд. Ба ин хотир гуфта метавонем, ки дар соли 2021 ҳозира декани факултет номзади илмҳои биологӣ, дотсент  Кароматуллои Қурбоналӣ рисолаи номзадии хешро зеори ҳимояи доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Сатторов Р.Б. ҳимоя намуд. Соли 2023 устоди дигари кафедра номзади илмҳои биологӣ Бобоев Ҷ.А. зери роҳбарии профессор Қудратов И. рисолаи номзадии хешро дифоъ намуд. Соли 2025 барои кафедраи ботаника ва дендрология соли бобарор ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин сол ду устоди кафедра яке ҳозира мудири кафедра доктори илмҳои биологӣ Бобокалонзода Ҷ.М. рисолаи доктории худро зери роҳбарии Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессори кафедра   Давлатзода С.Х. ва дигаре номзади илмҳои биологӣ Абдуғафури Сафар рисолаи номзадии хешро таҳти роҳбарии профессор Саттров Р.Б. ҳимоя намуданд.

         Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2026 зери роҳбарии профессор Сатторов Р.Б. ду докторантони доктори фалсафа доктор Phd-и кафедраи ботаника ва дендрология, ки онҳо таҳсили худро дар ин сол ба итмом расониданд, яке Ёров Комрон ва дигаре Назаров Шуҳрат  рисолаҳои илмии хешро дифоъ менамоянд.

         Ногуфта намонад, ки инчунин аз соли 2020 то ин вақт гербарияи кафедра азнавсозӣ гардида, рӯйхати растаниҳои маҳфузбуда дар интернет ҷойгир гардонида шуданд.

         Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби устодони кафедра чандин мақолаҳои тақризшавандаю датури методию китобҳои тадрисшаванда нашр гардиданд.

         Кафедраи ботаника ва дендрология бахшида ба солҳои зикргардида, дар оянда тасмим дорад боз ба як қатор дастовардҳои навбатӣ ноил гардад.

н.и.б. Бобоев Ҷурабой Абдусаломович

н.и.к. Раҳмонов Хайриддин Сафарович