ҶАШНИ САДА – МЕРОСИ ГАРОНБАҲОИ ХАЛҚ

21

Бо ташабусҳои шахси ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшиносии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳуввияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон – ҳастии миллат» ва китобу мақолаҳои зиёди муҳимми хусусияти ватандӯстона дошта, Пешвои миллат исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад ва фарзандони баномус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки номашон на танҳо дар оинаи таърих, балки офаридаҳояшон барои башарият хидмат намудаанд. Дар баробари ин Сарвари давлат ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум баҳои баланд дода, омӯзиш ва тарғиби ин осори гаронбаҳоро вазифаи ҳар як фарди бедордил дониста, доимо даъват ба амал меоваранд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрӯза дуруст аз бар намоянд ва ба он сидқан арҷ гузоранд.

Дар асоси ҳамин ишораҳои ватандӯстона омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносиву мардумшиносӣ дар ҷумҳуриямон бо диди нав оғоз шуд ва тайи ду даҳсола натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард. Махсусан, ҷиҳати шинохти миллати тоҷик, таърихи ниҳоят қадимаи он як қатор таълифоти илмӣ арзи ҳастӣ карданд, ки онҳо барои таҳаввули тафаккури ҷомеа ва омӯзиши осори гузашта мусоидат намуданд. Ҳамин боис шуд, ки дар ин давра мардуми тоҷик ба омўзиши таърихи халқи худ ва давраҳои ташаккули он майли бештар пайдо намуданд ва эҳсосу муҳаббаташон нисбат ба ин марзу бум ва мероси гаронбаҳои халқ бештар гардид.

Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ – Наврӯз, Меҳргон ва Сада хоса мебошад.

Доир ба ҷойгоҳи Наврӯз, Меҳргон ва Сада нақши онҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик корҳои илмии арзишманд таълиф шуданд, аҳли ҷомеа таҷлили онҳоро ба хубӣ пазируфтанд ва ҳамасола дар мамлакат ин ҷашнҳо бо шукӯҳу шаҳомат дар саросари диёри азизамон доир мегарданд ва хурду бузург дар тантанаҳои ҷашнӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол муқаддам ҳангоми нахустин бор ҷашн гирифтани ҷашни Меҳргон ишора карданд, ки: «… барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад». Дар ин рост ДМТ ҳамасола ҷашни Садаро бо як хушу хурсанди дар фазои сулҳу субот ҷашн мегирад.

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

А. Унсурӣ

Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард.

Доир ба таърихи пайдоиши ҷашни Сада назарҳои дигар низ мавҷуданд, ки барои равшан шудани мақсад аз онҳо ёдовар шудан аз манфиат холӣ намебошад. Абурайҳон Берунӣ дар “Аттафҳим” доир ба ин ҷашн чунин ишора намудааст: “Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу [чормағз] бодом ва гирд ба гирди он шароб хӯранд ва лаҳву [бозӣ] шодӣ кунанд. Ва низ гуруҳе аз он бигзарад, то ба сӯзонидани ҷонварон. Ва аммо сабаби номаш чунин аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб…”. (Аттафҳим, 1973, с.145). Аз рӯи ин маълумоти таърихи равшан мешавад, ки ин ҷашн дар миёни мардум аз замонҳои қадим маҳбубият доштааст ва ба он гузаштагони мо эҳтироми хоса менамудаанд.

Доир ба таърихи ҷашни Сада Абулқосим Фирдавсӣ низ дар “Шоҳнома” ахбор пешниҳод намуда, қадимияти онро тасдиқ кардааст ва арзиши онро барои мардуми эронитабор муҳим донистааст. Шоир устураи Ҳушангро ба достони худ ворид карда, ба он ҷанбаи таърихию бадеӣ бахшидааст ва аз замони бостон будани ин љашн ишора кардааст.

Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,

Ҳам он шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он бода хвард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр

(Фирдавсӣ, 1987, с. 53-54).

Устурае, ки Фирдавсӣ ба назм дароварда, дар қисми аввали достони худ бо он оҳанги таърихию бадеӣ бахшидааст, аз қадими будани ин ҷашни ниёгон хабар медиҳад. Аз рӯи ишораҳои дигари Ҳаким Фирдавсӣ ҷашни Сада дар замони шоир маълум буда, мардум барои баргузорияш интизорӣ мекашиданд ва онро таҷлил менамуданд:

Биҳиштам биёмад зи оташкада,

Чу наздик шуд рӯзгори Сада.

Дар ин бора Пешвои миллат гуфтааст: “Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст”.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти бадастомада иди Сада аз нав эҳё гардид ва минбаъд ҳамасола онро дар Ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.

Каримзода Акобир Изатулло – профессори кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М., факултети биологияи ДМТ