ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА МАВҶУДОТИ ЗИНДА

93

Дар факултети биология дар мавзӯи «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба мавҷудоти зинда» мизи гирди умумидонишгоҳии илмию назариявӣ доир гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори шӯъбаи ахбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р. А. оғоз ёфт.

Сипас доктори илмҳои биология, профессори кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнология Эргашев Абдулло дар мавзӯи “Таъсири тағийроти глобалии иқлим ба ҷамоаи растаниҳо” ва илмҳои биология, профессор Институти ботаника физиология ва генетикаи растаниҳо АМИТ Абдуллоев Адуманон оид ба мавзӯи “Равандҳои таъсири тағийрёбии иқлим” маърӯза намуданд.

Дар нишаст таъкид шуд, ки яке аз мушкилоти ҷиддии байналмилалии асри XXI, ки ҳамагонро ба ташвиш овардааст, ин тағйирёбии иқлим мебошад. Сабаби мушкилоти асосии саёраи Заминро вобаста ба тағйирёбии иқлим аз равандҳои астрономӣ ва даврӣ пешгӯӣ карда буданд. Яке аз равандҳои тағйирёбии иқлим, чи дар сатҳи ҷаҳон ва чи дар сатҳи минтақаи Осиёи Марказӣ, обшавии пиряхҳо ва ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ мебошад. Таъсир ва оқибатҳои гармшавии иқлими сайёраро дар мисоли обшавии пиряхҳои Тоҷикистон метавон мушоҳида кард. Фаромӯш набояд кард, ки раванди тағйирёбии иқлим дар гузашта ҳам ба амал омада, боиси аз байн рафтани тамаддунҳои пешин гаштааст.