БИОТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР

863

Бо ташаббуси кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнологияи факултети биология дар мавзӯи «Биотехнологияи муосир ва имкониятҳои он» мизи гирди умумидонишгоҳии илмию назариявӣ баргузор гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, доктори илмҳои биология, профессор Каримзода А.И. ва сардори шуъбаи ахбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р. оғоз ёфт.

Сипас доктори илмҳои кишоварзӣ, профессори Институти ботаника физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Партоев оид ба «Истифодаи усулҳои биотехнологӣ дар бунёди навъҳои нави кишоварзӣ» суханронӣ намуда, афзуданд, ки «дар ду даҳсолаи охир навигариҳо дар соҳаи биотехнология дучанд афзуда, муваффақиятҳои бузурге ба даст оварда шудаанд. Вазифаи биотехнология омӯзиши равандҳои кории дар организмҳо буда, натиҷаҳои онҳо ҳамчун ҳодисаҳои физикию химиявӣ, биохимиявӣ, физиологӣ сабаби хориҷ шудани энергия мегарданд ва ташаккулёбии сохт ва структураҳои муқаррарӣ дар онҳо дида мешавад.

Баъдан доктори илмҳои кишоварзӣ, профессори кафедраи физологияи растаниҳо ва биотенологияи донишгоҳ Г. Раҳмихудоев оид ба мавзӯи «Биобехатарӣ ва биотехнология» суханронӣ намуда, қайд намуд, ки «биотехнология илми муосир буда, дар асоси тараққиёти дигар фанҳо ва талаботи замон ба вуҷуд омада, дастовардҳои он вобаста ба ҳамаи шохаҳои ҳаёту зиндагии мардум алоқаманд мебошанд».

Ҳамзамон, доктори илмҳои биология, профессори кафедраи микробиология ва эпизоотологияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Раҳматзода Н.Р. доир ба «Вазифа, усулҳо ва дастовардҳои биотехнология» маърӯза намуда, қайд намуд, ки «илми биотехнология метавонад масъалаҳои муҳимми илмӣ ва истеҳсолиро бо мақсадҳои муайян ҳал намояд».

Дар анҷоми нишаст вобаста ба мавзӯъҳои ироашуда саволу ҷавоб сурат гирифт.