МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ КРИОСФЕРА

6

Имрӯз (9.04.2026) дар факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбқи Қатъномаи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳо 2025 – 2034” мизи мудаввари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Моҳият ва заминаҳои қатъномаи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025 – 2034”” баргузор гардид.

Чорабиниро декани факултети биология Кароматуллои Қурбон ифтитоҳ намуда, аҳаммияти омӯзиши илмҳои криосфераро дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим ва таъсри он ба захираҳои табиӣ, махсусан пиряхҳо, муҳим арзёбӣ намуд.

Дар идомаи ҳамоиш, мудири кафедраи экология Бутаев М.Қ. дар мавзуи “Криосфера – қисмати муҳимми системаи табиӣ” баромад намуда, нақши криосфераро ҳамчун ҷузъи асосии муҳити зист ва омили танзимкунандаи равандҳои иқлимӣ шарҳ дод. Зикр гардид, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи ин соҳа барои ҳифзи тавозуни экологӣ аҳаммияти калидӣ дорад.

Ҳамчунин, дотсенти кафедраи экология Қурбонова П.А. дар мавзуи “Оқибатҳои экологии обшавии пиряхҳои Тоҷикистон (дар мисоли пиряхҳои Мечдор ва Хирсон)” баромад намуда, масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии сохтор ва ҳаҷми пиряхҳоро мавриди таҳлил қарор дод.

Инчунин, мудири лабораторияи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлимии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Қурбон Номвар дар мавзуи “Вобастагии таназзулёбии пиряхҳо аз таъсири шароитҳои матеорологӣ” маъруза намуда, омилҳои асосии таъсиррасонро таҳлил намуд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрами соҳаи криосфера мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои судманд ҷиҳати таҳкими таҳқиқоти илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа иброз доштанд.