Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Садаро ҳамчун рамзи эҳёи фарҳанги миллӣ, омодагӣ ба баҳор ва гиромидошти меҳнат эътироф карда, онро бо эҳёи суннатҳои аҷдодӣ ва таҳкими худшиносӣ пайванд медиҳанд.
Таъкид мешавад, ки Сада башоратгари гармиву рӯшноӣ ва таҷассуми орзуҳои неки мардум аст. Пешвои миллат ҷашни Садаро мисли Наврӯзу Меҳргон, аз ҷумлаи ҷашнҳои қадимии ориёӣ, эҳёи онҳо ба маънои эҳёи таъриху фарҳанги тоҷикон мешуморад. Ин ҷашн барои мардуми кишоварз рамзи омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва гиромидошти табиат мебошад. Пешвои миллат Садаро омили муттаҳидшавии мардум дар атрофи арзишҳои миллӣ ва меҳнатдӯстӣ медонанд. Аз соли 2018 инҷониб, бо ибтикори Пешвои миллат, ҷашни Сада ба таври расмӣ ва густурда дар саросари Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Дар таърихи ташаккули тамаддуни инсонӣ ойинҳо ва ҷашнҳои мардумӣ танҳо падидаҳои фарҳангӣ набуда, балки шакли интиқоли донишҳои биологӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ ба шумор мераванд. Яке аз чунин ойинҳои бостонӣ ҷашни Сада мебошад, ки дар фарҳанги тоҷикон ва дигар халқҳои ориёинажод мақоми махсус дорад.
Сада асосан аз ҷониби таърихшиносон ва фарҳангшиносон таҳқиқ шудааст, ки он аз нигоҳи биология ва экологияи инсон ҳам аҳаммияти муҳим дорад. Сада ҳамчун натиҷаи мушоҳидаҳои биологӣ, мутобиқшавии инсон ба муҳити зист ва дарки давраҳои ҳаётии табиат баҳогузорӣ мешавад.
Дар биологияи муосир инсон ҳамчун мавҷуди биологӣ-иҷтимоӣ баррасӣ мегардад. Фаъолияти ӯ, аз ҷумла ҷашнҳо, натиҷаи ҳамкории омилҳои биологӣ ва иҷтимоӣ мебошанд. Ҷашнҳо нақши муҳими танзимкунандаи равандҳои физиологӣ, равонӣ ва иҷтимоиро иҷро мекунанд.
Аз нигоҳи этнобиология, ҷашнҳои мардумӣ шакли мутобиқшавии фарҳангии инсон ба муҳити зист буда, дар онҳо донишҳои амалӣ оид ба иқлим, мавсимият ва биологияи организмҳо таҷассум ёфтаанд.
Мавсимият ҳамчун қонуни биологӣ яке аз қонунҳои асосии экология ва биология мебошад, ки тағйирёбии фаслҳои солро ба ритмҳои биологии инсон (ритмҳои сиркадӣ), давраҳои ҳаётии растаниҳо ва ба фаъолияти физиологии ҳайвонот таъсири мустақим мерасонад. Ҷашни Сада маҳз дар давраи ҳассоси биологӣ — миёнаи зимистон таҷлил мегардад, ки нишонаи дарки амиқи ин қонун аз ҷониби ниёгон мебошад.
Ҷойгоҳи Сада дар давраи биологии сол ин замони баргузории он ба нимаи дуюми фасли зимистон рост меояд, яъне ба даврае, ки организмҳои зинда пас аз мутобиқшавии тӯлонӣ ба сармо ба ҳолати омодагии физиологӣ барои фаъолшавии баҳорӣ ворид мешаванд. Ин фосила дар биология ҳамчун марҳилаи тағйирёбии тадриҷии ритмҳои ҳаётӣ шинохта мешавад.
Дар давраи биологии сол, зимистон марҳилаи сустшавии равандҳои ҳаётӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин фасл дар аксари растаниҳо ҳолати диапауза ё оромии физиологӣ ҳукмфармост, фаъолияти фотосинтетикӣ ба ҳадди ақал мерасад ва афзоиш қариб пурра қатъ мегардад. Ҳайвонот низ ба шаклҳои гуногуни мутобиқшавӣ, аз қабили хобравии зимистона, муҳоҷират ё пастшавии фаъолияти метаболикӣ мегузаранд. Инсон ҳамчун ҷузъи экосистема ба ин равандҳо реаксияҳои ҷавобӣ нишон дода, фаъолияти ҷисмонӣ ва иҷтимоии ӯ маҳдуд мегардад.
Сада маҳз дар ҳамин нуқтаи калидии сол таҷлил мешавад, ки сардиҳои шадид тадриҷан устувор гардида, ҳамзамон, нишонаҳои аввалини тағйироти биологӣ ба сӯйи баҳор ба назар мерасанд. Дар ин марҳила, бо вуҷуди он ки муҳити беруна ҳанӯз номусоид аст, дар сатҳи дохилии организмҳо равандҳои омодагӣ фаъол мегарданд. Баланд шудани тадриҷии давомнокии рӯшноии рӯз, тағйироти ҳормоналӣ ва афзоиши сусти мубодилаи моддаҳо нишон медиҳанд, ки табиат ба марҳилаи нави давраи сол ворид мешавад.
Аз нигоҳи экологияи солона, Сада ба марҳилаи байни «оромии зимистона» ва «фаъолшавии баҳорӣ» мувофиқат мекунад. Ин давра барои устувории экосистемаҳо аҳаммияти махсус дорад, зеро дар он захираҳои энергетикӣ нигоҳ дошта шуда, ҳамзамон заминаи рушди минбаъда гузошта мешавад. Ҷашни Сада ҳамчун ифодаи рамзии ин гузариш нақши муҳими танзимкунандаро иҷро менамояд ва инсонро ба ритмҳои табиӣ мутобиқ месозад.
Давраи 50-рӯзае, ки аз ҷашни Сада то фарорасии Наврӯз идома меёбад, аз нигоҳи биология марҳилаи гузаришӣ байни ҳолати оромии зимистона ва фаъолшавии баҳории организмҳои зинда ба ҳисоб меравад.
Дар растаниҳо, ин давра бо баромадан аз ҳолати диапаузаи амиқ тавсиф мешавад. Агар дар аввали зимистон равандҳои физиологӣ қариб пурра боздошта бошанд, дар ин марҳила фаъолшавии тадриҷии мубодилаи моддаҳо мушоҳида мегардад. Дар бофтаҳо фаъолияти ферментҳо меафзояд, крахмал ва дигар моддаҳои захиравӣ тадриҷан ба шаклҳои ҳалшаванда табдил меёбанд ва системаи ҳормоналии растанӣ (ауксинҳо, гиббереллинҳо) ба ҳолати омодагӣ мегузарад. Нуқтаҳои сабзиш зинда, вале ҳанӯз ғайрифаъол мемонанд, то шароити ҳароратӣ ва рӯшноӣ мусоид гардад.
Дар ҳайвонот, махсусан намудҳое, ки ба хобравии зимистона ё камшавии фаъолият мегузаранд, ин давра марҳилаи бедоршавии тадриҷӣ мебошад. Суръати мубодилаи моддаҳо тадриҷан меафзояд, фаъолияти системаи эндокринӣ фаъол мегардад ва захираҳои энергетикӣ (равғанҳо) барои ҳаракат ва афзоиш омода карда мешаванд. Дар бисёр намудҳо, равандҳои физиологии марбут ба афзоиш, кӯчиш ё бедоршавии рафторӣ оғоз меёбанд, гарчанде фаъолияти пурра ҳанӯз ба амал намеояд.
Дар микроорганизмҳо ва замбӯруғҳо, болоравии камтаринӣ ҳарорат ва намнокӣ боиси фаъол шудани равандҳои таҷзия ва гардиши моддаҳо дар хок мегардад. Ин равандҳо барои ғанӣ шудани муҳити хок бо моддаҳои ғизоӣ ва омодасозии он ба кишти баҳорӣ аҳаммияти калидӣ доранд.
Организми инсон низ дар ин давра тағйироти назаррасро аз сар мегузаронад. Пас аз давраи дарозмуддати сармо, системаи асаб ва эндокринӣ тадриҷан ба афзоиши рӯшноии рӯз мутобиқ мешаванд. Сатҳи ҳормонҳои фаъолкунанда (масалан, серотонин) боло меравад, фаъолияти ҷисмонӣ меафзояд ва ҳолати равонӣ устувортар мегардад. Ин марҳила давраи омодагӣ ба фаъолияти баланди ҷисмонӣ ва иҷтимоии баҳорӣ мебошад. Дар чунин шароит, организм ба ҳолати мутобиқшавии фишорнок ворид мегардад, ки метавонад ба саломатии физиологӣ ва равонӣ таъсири манфӣ расонад.
Аз ҷиҳати физиологӣ, дар фасли зимистон норасоии нури офтоб боиси паст шудани синтези витамини D ва тағйироти ҳормоналӣ мегардад. Ин ҳолат метавонад ба суст шудани мубодилаи моддаҳо, камшавии неруи ҷисмонӣ ва пастравии фаъолияти системаи масуният оварда расонад.
Муоширати иҷтимоӣ, эҳсоси ҳамбастагӣ ва иштирок дар маросимҳои суннатӣ боиси баланд шудани сатҳи ҳормонҳои «хушҳолӣ» — серотонин ва эндорфин мегардад. Ин ҳормонҳо фаъолияти нейрофизиологии мағзи сарро танзим намуда, ҳисси оромӣ, умед ва устувории равониро тақвият медиҳанд.
Илова бар ин, ҷашни Сада ҳамчун марҳилаи гузариш дар тафаккури инсон амал мекунад. Он хотимаи рамзии давраи сарди шадид ва оғози умеди баҳориро ифода менамояд. Ин унсури рамзӣ ба устувории равонӣ таъсири мусбат расонда, қобилияти инсонро барои мутобиқ шудан ба тағйироти муҳити зист баланд мебардорад. Аз нигоҳи психологияи эволютсионӣ, чунин ойинҳо ҳамчун механизмҳои боздории стресс ва нигоҳдорандаи тавозуни равонӣ ташаккул ёфтаанд.
Сада аз нигоҳи биология ва кишоварзӣ дар фарҳанги суннатии тоҷикон на танҳо ҳамчун ойини рамзӣ, балки ҳамчун нишондоди муҳимми биологии сол шинохта мешавад. Ин давра барои экосистемаҳои кишоварзӣ аҳаммияти хоса дошта, дар асоси мушоҳидаҳои бисёрсолаи ниёгон ташаккул ёфтааст.
Аз нигоҳи физиологияи растаниҳо, дар давраи Сада аксари зироатҳо ва растаниҳои худрӯй дар ҳолати диапауза қарор доранд. Ҳарчанд нишонаҳои берунаи афзоиш дида намешаванд, дар сатҳи ҳуҷайравӣ ва бофтагӣ равандҳои муҳими биохимиявӣ идома меёбанд. Дар ин марҳила, мубодилаи моддаҳо суст, вале устувор буда, крахмал, липидҳо ва сафедаҳои захиравӣ дар узвҳои зеризаминӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ин захираҳо заминаи энергетикӣ барои сабзиши баҳорӣ ба шумор мераванд.
Бо наздик шудани баҳор, дар дохили растанӣ фаъолшавии тадриҷии системаи ҳормоналӣ ба амал меояд. Баланд шудани фаъолнокии ферментҳо, тағйири таносуби фитогормонҳо (гиббереллинҳо, ауксинҳо) ва омодагии сабзиш нишонаҳои равшани марҳилаи пешазбаҳорӣ мебошанд. Таҷлили Сада маҳз ба ҳамин фосилаи биологӣ рост меояд, ки онро метавон оғози рамзии бедории растаниҳо арзёбӣ намуд.
Дар кишоварзии суннатӣ, Сада ҳамчун нуқтаи ибтидоии банақшагирии корҳои баҳорӣ хизмат мекунад. Дар ин давра деҳқонон ба омодасозии тухмӣ, таъмири олоти меҳнат, интихоби замин ва таҳлили ҳолати хок оғоз менамоянд. Аз нуқтаи назари биологияи хок, дар ин марҳила микроорганизмҳо тадриҷан фаъол шуда, равандҳои минерализатсия ва гардиши моддаҳои ғизоӣ суръат мегиранд. Ин равандҳо ҳосилхезии хокро баланд бардошта, онро барои кишти баҳорӣ омода месозанд.
Илова бар ин, донишҳои суннатии марбут ба Сада ба мутобиқшавии кишоварзӣ ба шароити иқлимӣ мусоидат намудаанд. Тақсимоти дурусти вақт, мутобиқ кардани навъҳои зироат ба давраҳои биологӣ ва эҳтиром ба ритмҳои табиӣ ба устувории низоми аграрӣ таъсири мусбат мерасонад. Аз ин рӯ, Сада ҳамчун пайванди фарҳанг ва биологияи растаниҳо дар ташаккули таҷрибаи устувори кишоварзӣ нақши муҳим бозидааст.
Дар ин фосила, равандҳои физиологӣ дар аксари зироатҳо ва растаниҳои бисёрсола ҳанӯз зоҳир намегарданд, аммо дар сатҳи ҳуҷайравӣ ва бофтагӣ тағйироти муҳиме ба амал меоянд.
Дар зироатҳои ғалладона, аз ҷумла гандум (Triticum aestivum), ки дар бисёр минтақаҳо ҳамчун кишти тирамоҳӣ парвариш меёбад, давраи Сада ба марҳилаи пас аз вернализатсия рост меояд. Дар фасли зимистон, ниҳолҳои гандум ба таъсири ҳарорати паст мутобиқ шуда, равандҳои дохилии омодагӣ ба гулкунӣ ва ҳосилдеҳӣ оғоз мегарданд. Дар ин давра, фаъолияти метаболикӣ суст, вале устувор буда, крахмал ва сафедаҳои захиравӣ дар бофтаҳо нигоҳ дошта мешаванд. Пас аз Сада, бо тадриҷан баланд шудани ҳарорат ва афзоиши давомнокии рӯшноии рӯз, гандум ба марҳилаи фаъоли рушд ворид мешавад, ки барои ташаккули поя ва хӯш муҳим мебошад.
Ҷав (Hordeum vulgare) низ аз ҷиҳати биологӣ раванди монандро аз сар мегузаронад, аммо нисбат ба гандум ба ҳарорати паст тобовартар мебошад. Дар давраи Сада, ҷав дар ҳолати оромии нисбӣ қарор дошта, системаи реша фаъолияти маҳдуд, вале устувор нишон медиҳад. Ин ҳолат ба ҷамъшавии моддаҳои ғизоӣ дар растанӣ мусоидат намуда, заминаи рушди босуръати баҳориро фароҳам месозад. Аз нигоҳи агробиология, маҳз ҳамин марҳила барои муайян намудани сифати ҳосили оянда аҳаммияти калидӣ дорад.
Дар дарахтони мевадиҳанда, аз қабили себ (Malus domestica), зардолу (Prunus armeniaca) ва ангур (Vitis vinifera), давраи Сада бо ҳолати оромии физиологии тавсиф мешавад. Дар ин марҳила, узвҳои генеративӣ ва вегетативӣ аллакай ташаккул ёфтаанд, вале фаъолияти онҳо аз сабаби ҳарорати паст боздошта шудааст. Бо вуҷуди ин, дар бофтаҳои дохилӣ равандҳои биохимиявӣ идома дошта, тақсимоти захираҳои карбогидратӣ ва тағйироти ҳормоналӣ ба амал меоянд. Пас аз гузаштани ин давра, растаниҳо барои гулкунӣ ва баргбарорӣ омода мегарданд.
Дар кишоварзии суннатӣ, таҷлили Сада бо омодагиҳои амалӣ низ ҳамроҳ буд. Деҳқонон пас аз Сада ба навдароии дарахтони мевадиҳанда, санҷиши тухмии гандуму ҷав ва омодасозии замин оғоз мекарданд. Ин амалҳо бо давраҳои биологии растаниҳо мутобиқ буда, ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ мусоидат менамуданд.
Мисолҳои мушаххаси гандум, ҷав ва дарахтони мевадиҳанда нишон медиҳанд, ки ҷашни Сада бар пояи дарки амиқи биологияи растаниҳо ташаккул ёфтааст. Ин ойин на танҳо рамзи фарҳангӣ, балки нишондоди дақиқи марҳилаи калидӣ дар давраи рушди зироатҳо буда, дар ташаккули низоми устувори кишоварзии суннатӣ нақши муҳим бозидааст.
Ҳамин тариқ, ҷойгоҳи Сада дар давраи биологии сол на танҳо ҳамчун як нуқтаи тақвимӣ, балки ҳамчун марҳилаи муҳими биологӣ муайян мегардад. Ин ҷашн таҷассумгари дарки амиқи инсон аз қонунҳои мавсимият ва ритмҳои ҳаётии табиат буда, робитаи зичи фарҳанг ва биологияро дар рушди тамаддуни инсонӣ инъикос менамояд.








