
Имрӯз (06.12.2025) бо ҷалби устодону кормандони факултети биологияи ДМТ машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардиданд, ки дар он устодон, кормандон ва намояндагони бахши ҷавонон фаъолона ширкат варзиданд. Ҳамчунин, устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш низ иштирок намуданд.
Машқҳои пагоҳирӯзӣ на танҳо барои неруманд сохтани бадан, балки барои оғоз бахшидан ба як рӯзи пурмазмуну самаранок мусоидат мекунанд.









