БАХТНОМАИ САРНАВИШТСОЗ

13

Конститутсия дар баробари Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ муқаддасоти давлати соҳибистиқлоламон эълон шудааст. Мақоми Конститутсия дар ҳар кишвар болотар аз дигар арзишҳост. Зеро Конститутсия асос ва зербинои низоми давлатдорӣ, қонунгузорӣ ва муайянкунандаи тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар аст. Таърихи Тоҷикистон чанд конститутсияро ёд дорад. Вале Конститутсияи имрӯзаи мо аз он ҷиҳат фарқкунанда аст, ки дар замони соҳибистиқлоли бо иродаи мардуми Тоҷикистон бидуни мувофиқае бо кишвареву ё мақомоти дигаре (бо фарқ аз конститутсияҳои пешин) қабул шудааст. Мардуми Тоҷикистон бо қабули ин Конститутсия худро мустақилона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайванд додаанд. Ин Конститутсия дар замоне қабул шудааст, ки давлат ва миллати тоҷикро хатари парокандашавӣ таҳдид мекард ва дар роҳи рафъи ин хатар нақши Конститутсия бебаҳост. Маҳз ҳамин Конститутсия сохти давлатдории моро барои имрӯзу фардо ва наслҳои баъдӣ муайян сохтааст. Касеву гурӯҳе наметавонад моро ва давлати моро аз роҳи муайяннамудаи ин санади тақдирсоз берун кашад. Пас меарзад, ки мо Конститутсияамонро азизу мукаррам дорем, ҳар нишондод, ҳар ҳарфу ҳиҷояшро бо дилу ҷон бипазирем ва риоя кунем.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Конститутсияро 6-уми ноябр ҷашн мегиранд. Зеро ин Конститутсия 6-уми ноябри соли 1994 қабул шудааст. То ин муддат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба: 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Конститутсияи имрӯзаи мо аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Имсол мо 31 солагии Конститутсияро ҷашн мегирем.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртаззоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими Истиқлол арзёбӣ шуд. Маҳз Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ қарор додааст. Он ба ҳукми Қонуни асосӣ тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст. Чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва ба сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебарад. Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи тоза мебахшад.

Саидов Б.З.,ассистенти кафедраи экология