МАҲФИЛҲОИ МАЪРИФАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

33

Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (5 октябр) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфилҳои адабӣ, ки ҳадафашон омӯзиш забони тоҷикӣ аст, бо дастгириии роҳбарияти Донишгоҳ ва ташаббуси омӯзгорони кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филология дар миёни донишҷӯён роҳандозӣ гаштааст. Маҳфилҳо миёни донишҷӯёни факултети филология ва факултетҳои ғайрифилологӣ гузаронида мешаванд.

Масалан, яке аз чунин маҳфилҳо бо ташаббуси омӯзгори кафедра, дотсент Назари М. миёни донишҷӯёни факултети биологияи Донишгоҳ баргузор гардид. Гуфта мешавад, ки чунин маҳфилҳо, ки дар доираи дарсҳои амалии забони тоҷикӣ баргузор мегарданд, барои беҳтар намудани сатҳи суханварии ҷавонон мусоидат менамоянд.