ВАҲДАТ БАҚОИ ДАВЛАТ ВА САОДАТИ МИЛЛАТ АСТ

6

Бузургтарин дастоварди халқи тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ваҳдати миллӣ мебошад. Пешвои миллат дар суханронии худ қайд намуданд, ки «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолорию таҳаммулпазирии миллати тоҷик буда, таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми тоҷик мебошад». Ба маврид аст, ки ваҳдати миллӣ ин саодати миллати тоҷик ба шумор рафта, ҳамчун шоҳсутуни муҳимми истиқлоли давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ дониста мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо касби истиқлоли давлатӣ ба гирдоби фоҷиабори таърихӣ рӯ ба рӯ гардида, миллати тоҷик дар ҳоли нестшавӣ қарор дошт. Сабаби асосии сар задани ин ҳодисаҳои фоҷиабор маҳз набудани якдигарфаҳмӣ дар байни аҳолии кишвар ва парокандагии миллат буд, ки боиси заиф гардидани пояҳои давлатдорӣ гардид. Миллати тоҷик орзӯи оромии ватан ва фазои сулҳу оромиро мекард. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо роҳбари мухолифон ба имзо расид, ки ин дастовард барои мардуми тоҷик хеле арзишманд ва муҳим ба шумор меравад.

Ваҳдати милли заминаи муҳимми ҳамбастагӣ, дустию рафоқат ва эҳтироми тарафайн байни халқи тоҷикро фароҳам овард. Танҳо бо шарофати ваҳдати миллӣ миллати тоҷик ва Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, соҳибтамаддун ва дорои фарҳанги бою ғанӣ дар арсаи ҷаҳони шинохтанд ва эҳтиром карданд. Ваҳдати миллӣ эҳёгари асли фарҳангӣ, маънавӣ ва сиёсии миллати тоҷик мебошад. Маҳз ба шарофат ва зери таъсири ваҳдати миллӣ худшиносӣ, худогоҳӣ ва ваҳдатсолории миллати тоҷик аз сари нав авҷ гирифт ва дар ин раванд моро ба зинаҳои нисбатан баланди тараққиёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ мувоҷеҳ гардонид.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон санади тақдирсоз миллати тоҷик шинохта шудааст. Ин амали хирадмандона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагиро дар кишвар ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд «Дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта бар асари фитнаву дасисаи хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардиданд, ки дар натиҷаи он ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба буҳрони фоҷиабор рӯ ба рӯ шуданд. Хатари бузургтарине, ки дар он айёми вазнин ба миён омада буд, эҳтимоли пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон буд. Чунин шароити бисёр душвор ва вазъи хатарбор фарзандони содиқу ватандӯст ва огоҳу бедордили миллатро водор намуд, ки барои пешгирӣ кардани ин раванди хатарнок ва дар навбати аввал, даъват кардани иҷлосияи Шӯрои Олӣ – ягона мақоми босалоҳияти он рӯзҳо иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ намоянд».

Маҳз бо кушишу талошҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои даргиру мухолиф сари мизи гуфтушунид нишаста, заминаи ризояти миллӣ ва ваҳдати миллиро гузоштанд. Ба шарофати қабул ва амалӣ гардидани қарорҳои Иҷлосияи шонздаҳум барои барқарорсозии сулҳу субот, ташкили рукнҳои давлати соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, гузоштани заминаҳои ташаккули ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғоз намудани барномаҳои пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шуд.

Маҳз ҳамин Ваҳдати миллӣ сабаб гардид, ки моро дар ҷаҳон ҳамчун инъикосгарони истиқлол ва озодии аз ҳама баланду воло мешиносанд. Ҳамаи инро мову шумо дар мисоли ваҳдати миллии тоҷикон ҳамчун дастоварди нодир ва баёнгари эҳёи он ба хубӣ дарк менамоем. Ҳалли низоъҳои қаблӣ ва ваҳдати сеҳрофари мо имрӯз намуна ва сармашқи корӣ барои ба танзим даровардани низоъҳои фаъоли кишварҳои ҷаҳон гардидааст, ки онро ҳамчун усули ба ҳам овардани ҷанбаҳои даргир мавриди корбурду истифода қарор медиҳанд. Нақши Пешвои миллат ҳамчун бунёдгузори сулҳ ва меъмори ваҳдат дар таърихи давлатдории навини тоҷикон – ҳамчун падидаи нав, рамзи қудрату тавоноӣ, сарҷамъию ободонӣ ва эҳёгари фарҳангу хотираи таърихӣ ва шахсиятҳои мондагори миллат мебошад.

Бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешони мо сарҷамъ омада, мамлакат обод гардид ва имрӯз фазои сулҳу ваҳдат дар кишвар танинандоз аст. Мо ҷавонон бунёди минбаъдаи кишварамонро аз ҳидояту роҳнамоии қосиди сулҳ ва меъмори ваҳдат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асос дониста, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва бурдбориҳои ваҳдати миллиро ғанимати олии самараи умри неки худ медонем. Асоси дастовардҳо, пешрафтҳо ва дурахшонии кишвари азизамон дар Ваҳдат аст.

Пулотзода Ф.Х.,н.и.б., устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон