
27 майи соли 2025 дар факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинар илмӣ-амалӣ доир ба татбиқи «Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид. Дар чорабинӣ устодону донишҷӯён ширкат варзида, масъалаҳои мубрами соҳаи ҳуқуқ ва ислоҳоти низоми ҷазои ҷиноятӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа Шарифов Тақдиршо — доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор ва устоди кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи ДМТ, инчунин, Маҳмудов Изатулло — номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент ва мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДМТ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Устодони варзида дар суханрониҳои худ ба мавзуъҳои муҳимми марбут ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, омӯзиш ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби ҷомеа ба раванди мубориза бо кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва таҳкими эътимод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар доираи татбиқи Стратегия санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ такмил дода шуда, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардидааст. Таъкид шуд, ки шароити будубоши маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ низ тадриҷан ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Профессор Шарифов Тақдиршо дар идомаи суханронии худ ташаббуси инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба бахшиши ҷазои маҳкумшудагон, ки ба муносибати ҷашни Наврӯз амалӣ гардид, бо сипосгузорӣ ёдовар шуд ва онро намунаи олии сиёсати инсонмеҳварона арзёбӣ намуд.
Иштирокчиён аз ҷараёни ҷаласа ва суханронии устодон як ҷаҳон маърифату фаҳмиши ҳуқуқӣ бардоштанд ва барои маслиҳатҳо ва тавсияҳои муфиди ҳуқуқӣ ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.