МОРХӮР – ҶОНВАРИ НОДИРИ ТОҶИКИСТОН

33

(дар ҳошияи қабул гардидани қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани 24 май ҳамчун – Рӯзи байналмилалии морхӯр)

Захираҳои биологӣ ганҷинаи умумибашарианд ва тадбирҳои дилхоҳ оид ба нигаҳдории гуногуннавъии биологӣ хислати трансмиллӣ доранд ва на фақат ба кишварҳои алоҳида, балки барои минтақаҳо, умуман ҷомеъаи ҷаҳонӣ судовар ҳастанд. Зеро нест шудани ҳар намуди набототу ҳайвонот бояд боиси нигаронии тамоми ҷомеъаи ҷаҳонӣ гардад.

Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 2 майи соли 2024, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани “Рӯзи байналмилалии морхӯр” тариқи қатъномаи дахлдор якдилона қабул намуд. Бо қабул гардидани қатъномаи A/RES/78/278 , 24 – уми май Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон гардид.

Қатъномаи мазкур аҳамияти бартараф намудани камшавии бесобиқаи ҷаҳонии гуногунии биологиро эътироф карда, ҳифз ва нигоҳ доштани макони зисти табиии морхӯрро ҳамчун зарурати экологӣ таъкид намудааст. Дар он, инчунин, аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи морхӯр, эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки аллакай татбиқ мешаванд, қайд карда шудааст.

Дар ин партав, ҷиҳати ҷонибдорӣ ва дар амал татбиқ намудани иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 24 майи соли 2024 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мизи мудаввар бахшида ба “Рӯзи байналмилалии Морхӯр” баргузор карда шуд. Дар ин замина санаи 12 ва 13 октябри соли 2024, дар шаҳри Душанбе чорабинии илмии сатҳи ҷаҳонӣ “9-мин Конференсияи умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи ҳайвоноти ҷуфтсуми кӯҳӣ” (9 tn world conference on mountain ungulates) баргузор гардид.

Дар доираи чорабинии илмии мазкур мубодилаи таҷриба оид ба амалияи тадқиқотҳои илмии олимону мутахассисони ватанӣ, ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷа ва созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар кори конфронс олимону коршиносони самти зоология ва ҳифзи табиат аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ҳиндустон, Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Хитой, Непал, Федератсияи Россия ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба гуногунӣ, таркиби намудӣ, хусусиятҳои биоэкологӣ, паҳншавии чуфтсумҳои кӯҳӣ аз ҷумла морхӯр ва аҳамияти онҳо дар экосистемаҳои кӯҳӣ маърӯза намуда, оид ба ҳифз ва нигаҳдории ин гурӯҳи олами ҳайвонот дар миқёси ҷаҳонӣ фикру андешаҳои хешро иброз намуданд.

Ҳамчунин дар дигар муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварамон аз ҷумла факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чамъомадҳои илмӣ барпо карда шуд, ки дар он масъалаи ҳифз ва нигаҳдории ин ҷонвари нодир мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Бояд қайд намуд, ки олами ҳайвоноти Тоҷикистон бой ва гуногунранг буда, бо мавҷудияти намудҳои хоси маҳал (эндемикӣ), нодир ва камшумор аҳаммияти хоса дорад. Яке аз намудҳои ҳайвоноти нодир ва зебои кишвари биҳиштосоӣ мо, ин морхӯр ё бузи пармашох (номи лотинииаш – Capra falconeri ) мебошад. Морхӯр намояндаи синфи ширхӯрон (Mammalia) буда, ба қатори ҷуфтсумон (Artiodactula) ва оилаи шохковокҳо (Bovidae) мансуб аст. Номи лотинии ширхӯр ба шарофати олими набототшиноси шотландӣ Хю Фалконер гузошта шудааст.

Морхӯр ё бузи пармашох, яке аз ширхӯрони нодири ҷуфтсум буда, ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), руйхати сурхи Иттиҳоди байнахалқии ҳифзи табиат (ИБҲТ) ва замимаи 2 Конвенсия “Дар бораи савдои байнахалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд” (CITES)оилаи шохковокҳоавчудияти намудҳои хоси маҳал (эндемикӣ) нодир ва камшумор дохил гардидааст.

Морхӯр ном гирифтани ин ширхӯр аз он хотир аст, ки мардуми Тоҷикистону Афғонистон дар гузашта, чунин ақидаю эътиқод доштанд, ки гӯё ин буз морҳоро таъқиб намуда, мехӯрад ва гушти вай таъсири заҳри морҳои заҳрнокро безарар менамояд. Шохҳои морхӯр шакли спиралии печутобхурдаро дошта зоҳиран ба парма ё винт шабоҳат дорад, бинобарин онро бузи пармашох низ меноманд.

Доираи паҳншавии морхӯр на он қадар васеъ буда, ғайр аз ҳудуди Тоҷикистон ҷамоаҳои парокандаи он дар ҳудуди кӯҳсорҳои Афонистон, Ҳиндустон, Покистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дучор мешаванд. Дар қаламрави ҷумхурии мо морхӯр дар нишебиҳои ҷанубу ғарбии қаторкӯҳӣ Дарвоз, мавзеъи Яхчипун, Зиғар, қаторкӯҳи Ҳазратишоҳ, кӯҳҳои Кишваристон, мамнуъгоҳи “Даштиҷум”, атрофи Сариғор, Хирманҷо ва Кишт, инчунин дар қисмати ҷанубу шарқии қаторкӯҳӣ Вахш, кӯҳи Сарсарак паҳн гардидааст.

Морхӯр дар нишебиҳои сершахи кӯҳӣ, ки дарахту буттазорҳои сирак мерӯяд, дар баландиҳои 700-2700 м. аз сатҳи баҳр вомехӯрад. Чароггоҳҳои тобистонаи бузи пармашох дар минтақаҳои алпӣ ва субалпӣ ҷойгир шудаанд.

Дарозии бадани фардҳои болиғи морхӯр ба 1.5 – 1.8 м, баландии қоматаш то ба 1 м мерасад. Баъзе фардҳои наринаи болиғ 90 – 120 кг ва модинаҳои болиғ бошад 35 -55 кг вазн доранд. Дар қисми сар, гардан ва қафаси синаи фардҳои нарина мӯйҳои дароз ва борик овезон аст. Ранги бадани фардҳои ҷавон, одатан каме хокистаранги сурхчатоб ва фардҳои наринаи пир бошад, сафедчатоби хокистаранг мешавад.

Бузи пармашох дар соли 2-юми ҳаёт ба балоғат расида, моҳҳои ноябр – декабр ҷуфтӣ мешаванд. Давраи ҷуфтишавии баъзе фардҳо то аввалҳои моҳи январ низ идома меёбад.

Давраи ҳомиладории фарди модина 160-165 рӯз идома ёфта, 1- 2 ва баъзан 3 бача таваллуд мекунад. Бузичаҳои навзод муддате дар паноҳгоҳои бехавф нигоҳубинӣ шуда, сипас бо фарди модарӣ ҳамроҳ мешаванд. Насли навзод то синни 6 моҳагӣ шири модарро истеъмол мекунанд. Дар баробари шири модар бузичаҳо барги наврустаи дарахтон ва алафи табииро истеъмол мекунанд. Бузичаҳо зуд ба воя мерасанд ва дар соли дуюми ҳаёт болиғ мегарданд. Бузи пармашох дар шароити табиӣ аз 10 то 12 сол умр мебинад .

Дар морхӯр узви биноӣ, шунавоӣ ва шомма хело хуб инкишоф ёфтааст, бинобар ин душманони табиии худ, яъне ширхӯрони дарандаро бо тезӣ пайхас намуда, баъзе маврид худро аз хатар наҷот медиҳад. Душманони табии ин ҷонварон дарандагон аз ҷумла гург, бабри барфӣ, силовсин, уқоби кӯҳӣ мебошанд. Баъзе маврид, бемориҳои сироятӣ, гуруснагӣ ва шикори ғайриқонунӣ сабаби нобудшавии морхӯр мегардад.

Дар солҳои 60- уми асри гузашта саршумори бузи пармашох дар Тоҷикистон 700 сар бахогузорӣ шуда буд. Соли 2014 бошад зимни гузаронидани баҳисобгирӣ зиёда аз 1200 сар ба қайд гирифта шуд. Тибқи маълумоти адабиётӣ (Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон) айни ҳол дар ҳудуди Тоҷикистон саршумори умумии морхӯр зиёда аз 5000 сарро ташкил медиҳад.

Ҳамчун намуди нодир морхӯр ё бузи пармашох солҳои охир ба муҳофизат эҳтиёҷ дорад. Изҳори боварӣ менамоем, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифз ва нигахдории гуногунии биологӣ, нигоҳ доштани макони зисти табиии морхӯр, ҳифз ва афзун намудани саршумори он ва истифодаи устувори захираҳои табиии ин ҷонвар нақши муҳим мебозад.

Мирзоев Н.М., Амиров З.Г. –омӯзгорони кафедраи зоологияи ДМТ