НАҚШИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАРБИЯИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН

3

Вақте сухан дар бораи ҷавонон меравад, бевосита гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонон суханрониҳои зиёд намуда, аз ҷумла гуфтаанд, ки: “Мо бояд тамоми шароитҳоро барои ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муҳайё гардонем ва онҳоро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем”.

Ё ҷойи дигар Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд, ки «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Моҳияти ин гуфтаи Пешвои миллат ба хотири ҷалб намудани ҷавонон ба маърифати арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии ниёгон ифода меёбад. Зеро таърих инсонро ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ, ватандўстиву масъулиятшиноӣ тарбият менамояд.

Нақши асарҳои Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон, аз ҷумла асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» таъсири хуб дорад.

Ҳар як хонанда кўшиш менамояд, амалеро иҷро намояд, ки ба нафъи миллату давлат ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон бошад, зеро муаллиф дар асарҳои хеш хислатҳои ҳамидаи инсониро тараннум намуда, ҳамеша манфиати ҷомеа ва давлатро аз манфиатҳои шахсию гурўҳӣ боло гузоштаанд. Дар силсилаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» Ҷаноби Олӣ таърихи миллати куҳанбунёди тоҷикро гирд оварда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти онҳо аз замони қадим то ташаккулёбии халқи тоҷик маълумоти пурарзише додаанд. Аҳамияти асар дар ҷодаи баланд бардоштани шинохти миллӣ ва бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди Ватан бисёр калон мебошад. Омўзиши асарҳо хусусан ба насли наврас ва ҷавонон, ки бунёдгарони фардои давлат ва миллат ҳастанд таъсири мусбӣ мегузорад, зеро дар асар корномаи қаҳрамононаи Шерак, малика Томирис, сарлашкар Спитамен, хиради Бузургмеҳр, неҳзати Абўмуслим ва дигар саҳифаҳои таъсирбахш инъикос ёфтаанд, ки дар натиҷаи мутолиаи асар ва шиносоӣ бо он дар ниҳоди хонанда хислатҳои неки ҳар як қаҳрамон пайдо мегардад ва ба нафъи ҷомеа хидмат менамояд. Тавремедонем ҷамъият аз одамон иборат аст, дар ҷамъият чи қадаре, ки одамони нек, масъулиятшинос, худшинос, меҳанпараст зиёд шавад, он ҳамон андоза солим шуда, рушдаш суръат мегирад.

Асари ҷадиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Чеҳраҳои мондагор» доир ба ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамононаи бисту панҷ нафар чеҳраи намоёни таърихи Ватан маълумоти хуб медиҳад. Хонанда ҳангоми мутолиаи асари мазкур имкон пайдо месозад, ки доир ба шахсиятҳои варзида ва нобиғаи давр, ба монанди Куруши Кабир, Зардушт, Муҳаммад (с), Имоми Аъзам, Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, Мир Сайид Алии ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода ва дигарон маълумот пайдо намуда, аз хислатҳои ҳамидаи онҳо ибрат гирифта, зиндагии шоиста намояд. Инсоне, ки аз таърихи ниёгони худ бохабар аст, метавонад вазъияти зуд тағйирёбандаи ҷаҳони имрўзаро дарк намояд, ояндаро тасаввур созад. Мақсади сарвари хирадманди мо низ ҳамин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пурталотум мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафт, ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор бошанд. Зеро тадқиқот муайян намудааст, ки бештари шомилшудагон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҷудоихоҳӣ аз паст будани маърифат мебошад.

Пас, ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки аз асарҳои ҳикматбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат огаҳ бошанд, онҳоро амиқ мутолиа намоянд, зеро дар асарҳо аз таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик то соҳиб гаштан ба давлати соҳибистиқлол ва рушди минбаъдаи кишвар маълумотҳои хуб манзур карда шудааст.

Буриев Фурқат, доктор Ph.D –и факултети биологияи ДМТ