БАРДОШТ АЗ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР

9

Зане, ки босавод ва соҳибмаърифату соҳибҳунар мебошад, илова ба тарбияи фарзанд, дар пешбурди ҳадафҳои давлат, ободии Ватан ва раванди созандагӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар эъмори ҷомеаи демокративу дунявӣ ва озоду пешрафта саҳми арзишманд мегузорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модараст,

Ҳарчӣ доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра – қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Зимни вохӯрӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар, ки санаи 07.03.2025 дар кохи Борбад бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, иштирок намудам.

Бояд гуфт, ки дар тамоми баромаду суханрониҳои худ ва паёмҳою анҷуманҳо Пешвои муаззами миллат нисбати занону модарон бо меҳрубониҳои хосса ҳарф мезананд. Доимо таъкид менамоянд, ки занон дар тағриби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ, пешрафти илму техника ҳиссаи муносиб мегузоранд ва ба ин восита мақоми зан – модарро, ки пешбарандаи ҷамъият, нуру зиёи ҳаёт ва асоси бахту нишот дар кишварамон мебошад, боз ҳам баланд мебардоранд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд, ки Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар оғози баҳор таҷлил гардидани ҷашни модарон рамзи басо неки ба ҳам омадани ду неруи бузурги зиндагиофар ва ҳастисоз – модар ва табиат мебошад. Зан – модар рамзи оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар, яъне фарзандоне мебошад, ки онҳоро худ ба дунё овардааст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки чанд рӯз пеш дар кишвар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, ки 18 нафар занону бонувон ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ва 747 нафар ба маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта зиёд ва боиси ифтихор мебошад. Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти саҳми муассири занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлату ҷомеа, масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст.

Имруз ҳам дар баромади худ, ишора намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, яъне аз ҳисоби занону духтарони болаёқат то ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани шумораи кадрҳои роҳбарикунанда тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Заҳматҳои Пешвои миллат ба он равон гардидаанд, ки зан – модар ҳамчун симои воқеъӣ, тарбиятгару созанда ва ободкору маърифатпарвар рушд меёбад. Имрӯз бо ифтихору қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки занони тоҷик дар баробари сиёсатмадор, вакил, омӯзгору табиб, муҳандису энергетик ва варзишгар буданашон, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва хизматчии ҳарбиву корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шинохта шудаанд.

Зимни суханрониашон ироа намуданд, ки танҳо дар солҳои 2020 – 2024 дар натиҷаи дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати мамлакат 121 нафар бонувону занони болаёқат ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидаанд.

Дар паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик, яъне ин неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем. Занону духтарон нисфи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва дар ҳақиқат қувваи бузурги эъмори ҷомеаи озоду пешрафта дар мамлакат мебошанд.

Дар доираи сиёсати хиратмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имруз дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд, имрӯзҳо дар 42 давлати дунё 42 ҳазору 315 нафар ҷавонони боистеъдоди мо таҳсил мекунанд, ки беш аз 13 ҳазор нафар ё 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989, яъне дар 70 соли низоми гузашта дар Тоҷикистон ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардидаанд. Яъне шумораи духтарону бонувони соҳиби маълумоти олӣ нисбат ба давраи қабл аз истиқлол қариб чор баробар афзудааст. Ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва 13 ҳазор нафар дар кишварҳои хориҷӣ ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғуланд.

Як нуктаи бисёр муҳимро дар ин самт Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки дар байни наврасону ҷавонони мо, хусусан, духтарон, ки муносибати ҷиддии модарону бонувони моро дар масъалаи китобхонии фарзандон нишон медиҳад, истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд ба онҳо ғамхорӣ кунем, кумак расонем ва ҳамаҷониба ҳавасманд гардонем.

Инчунин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирасон намуд, ки бо супориши Роҳбари давлат аз соли ҷорӣ сар карда, маблағи ҷоизаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ ду баробар зиёд карда шуд. Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат», ки солҳои гузашта 12 миллиону 440 ҳазор сомониро ташкил мекард, дар соли 2025-ум 23 миллиону 570 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Маблағи ҳавасмандгардонӣ барои соҳибони шоҳҷоизаи «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки 50 ҳазор сомониро ташкил медод, ба 100 ҳазор сомонӣ, шоҳҷоизаи озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» аз 50 ҳазор сомонӣ ба 140 ҳазор сомонӣ ва шоҳҷоизаҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ҳар як нафар аз 70 ҳазор сомонӣ ба 140 ҳазор сомонӣ баробар карда шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон фанни «Маърифати оиладорӣ» ҳамчун дарси асосии таълимӣ ва фанни «Одоби муошират ва рӯзгордорӣ» ба сифати дарси иловагии тарбиявӣ ба барномаҳои таълим ворид карда шуд.

Пешвои миллат қайд намуд, ки дар раванди амалисозии тадбирҳои зикргардида зарур аст, ки ба масъалаҳои вобаста ба ҳифзи арзишҳои анъанавии оилаи тоҷик ва устувории он, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон ва пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни онҳо, инчунин, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, азхудкунии забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бояд эътибори ҷиддӣ ва доимӣ дода шавад.

Ҳамчунин, ёдовар карда шуд, ки дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ намудани таваллуди кӯдакони маъюб аз никоҳи хешовандони наздик бастани ақди никоҳ байни хешовандон ва шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд, манъ карда шуд ва бовар дорам, ки модарону занони арҷманди мо дар самти риояи муқаррароти зикргардидаи қонун пешсаф ва ташаббускор хоҳанд буд. Зеро ба хушбахтии фарзандон ва пойдории оилаҳои ҷавон модарон аз ҳама бештар манфиатдору масъул мебошанд.

Инчунин барои оромии мамлакатамон ва тарбияи наврасону ҷавонон, Пешвои муаззами миллат, чунин қайд намуд, ки Шумо – модарону бонувони азиз ва духтарону хоҳарони меҳрубон, хуб мушоҳида мекунед, ки дар натиҷаи ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил гардидани баъзе ҷавонони ноогоҳ чӣ қадар оилаҳо парешон, занону фарзандон овораву саргардон ва падару модарони онҳо дар назди ҷомеа сархам гардидаанд ва Шумо метавонед дар амри пешгирӣ кардани чунин раванди номатлуб ва нанговар саҳми арзишманди модаронаи худро гузоред.

Таъкид намуд, ки либосҳои зебову шинами миллии худамонро, ки дар ҳамаи давру замонҳо зинатбахши занону модарони тоҷик буданд ва ифодакунандаи ҳайсияту иффати онҳо маҳсуб меёфтанд, тарк накунед. Бахусус, дар фасли баҳор, аз ҳамин рӯзҳо сар карда, хурду бузург либоси миллӣ ба бар кунед ва ифтихор дошта бошед, ки атласу адрас ва чакани тоҷикии мо ҷаҳонӣ шудааст.

Дар мулоқот ироа намуд, ки мо ба нақши модарону занон дар рушди ҷомеа, пешрафти давлат, ободии Ватан, бунёди оилаи солиму хушбахт, тарбияи фарзандони солеҳ ва афзоиши шаъну эътибори ҳар як хонадони тоҷик ҳамеша арҷ мегузорем ва хизматҳои таърихии онҳоро доим гиромӣ медорем. Шумо бояд ба қадри азамату бузургии падару модар, ки офаридгори мо дар ин дунё ва сабаби ҳастии мо мебошанд, бештар расед, онҳоро дӯст дореду эҳтиром кунед, хизматашонро ба ҷо овареду дуои некашонро гиред ва ҳамеша дар орзуи он бошед, ки падару модарон соябони сари мову шумо бошанд. Мардуми мо беҳуда намегӯянд, ки падару модар дорӣ, давлату савлат дорӣ. Дар ин бобат боз як ҳадиси Расули Худоро хотиррасон месозам: «Мард вақте ба зан ва модари худ бо меҳрубонӣ нигоҳ мекунад, Худованд барои ӯ савоби ҳаҷро менависад».

Пешвои миллат дар баромади хеш таъкид намуд, ки Шумо – модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону духтарони азиз, кӯшиш намоед, ки неъмати бебаҳои зиндагии мардуми Тоҷикистон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро мисли гавҳараки чашм ҳифз карда, наслҳои наврасро дар ҳамин руҳия ба камол расонед. Фаромӯш накунед, ки мо агар тамоми умр ба модари худ хизмат кунем, ранҷи бедорхобии якшабаи ӯро ҷуброн карда наметавонем, ёд дошта бошед, ки модар на фақат дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша ба меҳрубониву ғамхорӣ эҳтиёҷ ва ҳақ дорад, чунки модар барои инсон ҳар рӯз ва ҳамеша модар аст. Мо ҳурмату эҳтироми шири сафеди модар, ранҷу бедорхобиҳо ва навозишу меҳрубониҳои ӯро ҳамеша пос медорем ва заҳматеро, ки барои ба камол расонидани мо кашидааст, ҳаргиз фаромӯш намекунем.

Оре, тамоми ҳастии вуҷуди мо аз модар аст, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модар! Модарҷон!

Ин чанде аз дурдонаҳои гавҳарсифат, ки ба ифтихори занону модарон аз тарафи Пешвои муаззами миллат гуфта шудаанд, барои тарбияи ахлоқииҷомеа зарур мебошанд.

Мудири кафедраи физиологияирастаниҳои факултети биологияиДонишгоҳи миллии Тоҷикистонн.и.б., дотсент Холова Ш.С.