НАҚШИ ИЛМИ БИОЛОГИЯ ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ МУОСИР

40

Биология фанни бунёдӣ буда, қонуниятҳои пайдоиш ва инкишофи ҳаётро ҳамчун падидаи махсуси табиати сайёраи мо ошкор мекунад. Тамоми биосфераи атрофи инсон ба доираи манфиатҳои ин соҳаи дониш тааллуқ дорад. Одам яке аз натиҷаҳои инкишофи ҳаёт аст, бинобар ин худи мавҷудияти он бевосита аз механизмҳои умумибиологӣ (молекулавӣ, ҳуҷайраӣ, системавӣ) вобаста аст. Алоқаи одамон бо табиати зинда танҳо бо хешу табории таърихӣ маҳдуд намешавад. Инсон як ҷузъи ҷудонашавандаи ин табиат боқӣ мемонад, ба он таъсир мерасонад ва дар айни замон таъсири муҳити зистро эҳсос мекунад. Хусусияти чунин муносибатҳои дуҷониба ба саломатии инсон таъсир мерасонад.

Тараққиёти саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, афзоиши аҳолӣ мушкилоти ҷиддии экологиро ба миён оварданд: ифлосшавии барои саломатӣ хавфноки муҳити зист, нобудшавии ҷангалҳо, вайрон шудани ҷамоаҳои табиии организмҳои наботот ва ҳайвонот. Ҷустуҷӯи роҳҳои самарабахши бартараф намудани ин мушкилот бе дарки қонунҳои биологии муносибатҳои дохилинамудӣ ва байнинамудии организмҳо, хусусияти таъсири мутақобилаи организмҳо, аз ҷумла одамон ва муҳити зисти онҳо имконнопазир аст.

Яке аз саҳмҳои асосии биология дар ҷомеаи муосир дарки принсипҳои биологии асоси ҳаёт дар рӯи Замин мебошад. Он барои аксар илмҳо заминаи назариявӣ фароҳам оварда, ба аксари ҷанбаҳои ҳаёти инсон, махсусан дар самти саломатӣ ва мушкилоти зиндагӣ аҳамияти калон дорад.

Яке аз аввалин олимоне, ки дар рушди биология саҳми арзанда гузоштааст, Чарлз Дарвин (1809-1882) буд. Асари ӯ “Пайдоиши намудҳо дар асоси интихоби табиӣ” дар таърихи биология марҳалаи муҳим гардид. Чарлз Дарвин назарияи эволютсиониро пешниҳод кард, ки дар он тарзи дар шароити зиндагии худ инкишофёбӣ ва мутобиқшавии ҳайвонот ва набототро муайян намуд. Вай инчунин оид ба наботот ва ҳайвонот таҳқиқоти зиёде гузаронд, ки ин дар пешрафти илми биология саҳми муҳим буд.

Дигар олими барҷастаи соҳаи биология Александр Флеминг(1881-1955) буд. Ӯ пенитсиллинро кашф намуд, ки он аввалин антибиотикест, ки сироятҳоро табобат карда метавонад. Ин маводи доруворие, ки Флеминг кашф кард, инқилоби тиббиро ба вуҷуд оварда, ҳаёти миллионҳо нафарро дар саросари ҷаҳон наҷот дод.

Комёбиҳои биология инчунин аз биологияи молекулавӣ, ки системаҳои биологиро дар сатҳи молекулавӣ меомӯзад, сахт вобаста аст. Соли 1953 Фрэнсис Крик (1916-2004) ва Ҷеймс Уотсон (тав. 1928) сохтори КДН- спирали дучанда, ки ҳамчун асоси ахборотигенетикӣ дар ҳуҷайраҳои организмҳои зинда хизмат мекунад, кашф намуданд. Ин кашфиёт барои дарки ба меросгузарии генҳо ва такомули организмҳои зинда аҳамияти калон дорад.

Жан-Батист Ламарк (1744-1829) низ дар рушди биология саҳми арзанда гузоштааст. Вай аввалин олимест, ки консепсияи эволютсияи организмҳои зинда ва ғояи ирсияти хосиятҳои бадастомадаро пешниҳод кардааст. Гарчанде ки ин ғоя ба консепсияҳои илмии муосир комилан мувофиқат намекунад, саҳми Ламарк дар фаҳмиши эволютсияи организмҳои зинда хеле муҳим аст.

Дигар олими муҳими соҳаи биология Луи Пастер (1822-1895) мебошад. Пастер микробҳоро кашф намуда, консепсияи пастеризатсияро таҳия намудааст, ки барои нигоҳ доштан ва нест кардани бактерияҳо, безарар гардондани ғизо имконият медиҳад. Кашфиёти ӯ боиси хеле кам шудан ва фавт аз касалиҳои бактериявӣ ёрӣ расонданд. Фаъолияти ин олимон боиси рушди чунин соҳаҳо, аз қабили генетика, экология ва биотехнология гардид. Биология ба яке аз муҳимтарин илмҳои омӯзиши организмҳои зинда табдил ёфтааст, ки он ба бисёр ҷанбаҳои ҳаёти инсон таъсири калон расонида, дар фаҳмиши мо дар бораи олами атроф нақши муҳим мебозад.

Дар ҷомеаи муосир биология дар байни фанҳои таълимӣ яке аз ҷойҳои марказиро ишғол мекунад. Аҳамияти он аз сабаби омилҳои зиёди марбут ба рушди босуръати технология, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии глобалии иқлим ва дигар мушкилоте, ки инсоният дучори он аст, мунтазам меафзояд. Ба шарофати инкишофи илми биология инсон беҳтар дарк карда метавонад, ки организмҳои зинда, аз ҷумла одамон чӣ тавр амал мекунанд. Таҳқиқотҳои илмие, ки дар соҳаи биология гузаронида мешаванд, ба мо ёрӣ мерасонанд, ки дар бораи генетика, системаи иммунӣ, системаи асаб, физиология ва дигар чиҳатҳои ҳаёт маълумот ба даст орем.

Биология дар инкишофи тиб ва биотехнология низ нақши калон мебозад. Аммо нақши биология дар ҷомеаи муосир танҳо бо ҷанбаҳои илмӣ ё тиббӣ маҳдуд намешавад. Таҷрибаҳои муосири тиббӣ дар таҳия намудани доруҳои нав, ташхис ва табобати бемориҳои гуногун бештар ба тадқиқотҳои биологӣ такя мекунанд. Муҳандисии генетикӣ, терапияи ҳуҷайравӣ ва тибби фардӣ танҳо баъзе он мисолҳое мебошанд, ки нақши кашфиётҳои биологиро дар наҷот додани ҳаёт ва беҳтар кардани сифати онҳо тасдиқ мекунанд.

Аҳамияти биология дар ҷомеаи муосир дар он аст, ки он ҳамчун асоси назариявии бисёр илмҳо хизмат мекунад. Донишҳои биологӣ дар паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти инсон истифода мешавад. Биология дар ҳифзи гуногунии биологӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим нақши муҳим мебозад. Бе истифода бурдани донишҳои биологӣ дар бораи сохт ва фаъолияти организмҳои растаниҳо ва ҳайвонот, қонунҳои таъсири мутақобилаи онҳо бо муҳити зист, хусусиятҳои экосистемаҳои табиӣ ва сунъӣ, усулҳои биологии мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони кишоварзӣ ба даст овардани маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ имконнопазир аст. Тавассути тадқиқоти биологӣ мо метавонем беҳтар фаҳмем, ки кадом тағйиротҳо дар экосистема ба организмҳои зинда таъсир мерасонанд ва усулҳои муҳофизат ва барқарорсозии экосистемаҳоро таҳия намоем.

Вақте ки мо дар бораи нақши биология дар ҷомеаи муосир сухан меронем, экология ва ҳифзи муҳити зист мавқеи алоҳидаро ишғол менамояд. Биологҳо дар мониторинги ҳолати экосистемаҳо, муайян кардани омилҳое, ки боиси аз даст додани гуногунии биологӣ мегарданд ва таҳияи стратегияҳои ҳифзи он фаъолона ширкат меварзанд. Омӯзиши роҳҳои муҳоҷирати ҳайвонот ё нақши намудҳои мушаххас дар экосистема имкон медиҳад, ки дар соҳаи идоракунии захираҳои табиӣ қарорҳои огоҳона қабул карда шаванд. Дар шароити зуд тағйирёбандаи иклим ин масъалаҳо аҳамияти махсусро пайдо мекунанд. Ҳалли масъалаи оқилона истифода бурдани сарватҳои биологӣ, ҳифзи табиат ва муҳити атрофро танҳо бо ёрии биология ҳал кардан мумкин аст.

Донишҳои биологӣ дар техника истифода мешаванд, ки он заминаи назариявии як қатор соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, сабук, микробиологӣ ва дигар соҳаҳо мебошад. Самти нави истеҳсолоти биотехнологӣ инкишоф меёбад, ки ин имкон медиҳад, ки масъалаҳои истеҳсоли озуқаворӣ ва ҷустуҷӯи манбаҳои нави энергетикӣ зуд ҳал карда шаванд.

Дар ҷаҳоне, ки моро бештар технология иҳота мекунад, илми биологӣ низ дар мубориза ба аҳамияти ахлоқ ва қонуният нақши муҳим мебозад. Масалан, тадқиқоти биоэтикӣ ба мо кӯмак мекунад, ки оқибатҳои ахлоқии истифодаи технологияҳои нав ва усулҳои нави тадқиқот оид ба ҳайвонот ва одамонро дарк намоем.

Ба соҳаи кишоварзӣ низ тадқиқотҳои биологӣ таъсири калон мерасонад. Организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта (ГМО) дар баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва муқовимати зироатҳо ба ҳашароти зараррасон ва бемориҳо нақши муҳим доранд. Усулҳои пешрафтаи биотехнология имкон медиҳанд, ки навъҳои нави растанӣ ба даст оварда шаванд, ки метавонанд дар шароитҳои иқлими шадид афзоиш ёбанд, ки ин махсусан дар давраи гармшавии глобалӣ хеле муҳим мебошад.

Нақши биология дар саноат низ бориз аст. Равандҳои биотехнологӣ имкон медиҳанд, ки маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ба ҷои маводи анъанавӣ ва пайвастагиҳои химиявӣ ба даст оварда шаванд. Микробиология ва биохимия дар ҷустуҷӯи манбаъҳои нави энергия, аз қабили сӯзишвории биологӣ машғул мешавад, ки он ба рушди иқтисодиёти устувор мусоидат мекунанд.

Ба нақши биология дар воқеияти ҳозира баҳо додан душвор аст, зеро он ҳаёти инсонро бо тамоми зуҳуроти он муфассал меомӯзад. Дар айни замон, ин илм мафҳумҳои муҳимро ба монанди такомул, назарияи ҳуҷайра, генетика, гомеостаз ва энергия муттаҳид менамояд.

Вазифаҳои он омӯзиши инкишофи тамоми мавҷудоти зинда, яъне сохти организмҳо, рафтори онҳо, инчунин муносибатҳои мутақобила бо муҳити атрофро дар бар мегиранд.

Ҳар сол мо бевосита шоҳиди фалокатҳои зиёде мегардем, ки ҳам ба кишварҳои камбағалтарин ва ҳам ба давлатҳои хеле тараққикарда таъсир мерасонанд. Онҳо асосан аз афзудани аҳолии ҷаҳон, истифодаи манбаҳои энергия, инчунин зиддиятҳои мавҷудаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосир ба вуҷуд меоянд.

Ба соҳаҳои биология на танҳо генетика, биологияи молекулавӣ ё биотехнология, балки чунин соҳаҳои бунёдӣ, ба монанди ботаника, физиологияи растаниҳо, зоология ва албатта анатомия ва физиологияи инсон низ дохил мешавад. Таҳқиқоти амиқи навъҳои нави наботот ва ҳайвонот метавонанд ба кашфи роҳҳои безарар ва табиии мубориза бар зидди бемориҳо такони бузург бахшанд. Кашфиётҳо дар соҳаи анатомия ва физиология метавонанд ба беҳтар шудани сифати табобат, барқарорсозӣ ё ҷарроҳӣ оварда расонанд.

Ниҳоят, биология ба мо кӯмак мекунад, ки мавқеи худро дар ҷаҳон беҳтар дарк кунем. Тадқиқоти биологияи эволютсионӣ дар бораи пайдоиши одамон ва ҳайвонот маълумоти амиқ медиҳанд, ки ин ба васеъ шудани ҷаҳонбинии мо ва беҳтар дарк намудани равандҳое, ки боиси пайдоиши ҳаёт дар шакли ҳозирааш гардиданд, ёрӣ мерасонад. Биологияи молекулавӣ ва генетика, дар навбати худ, механизмҳои асоси ҳаётро дар сатҳи ҳуҷайраҳо ва генҳои алоҳида ошкор мекунанд.

Селексионерон ба шарофати донишҳои қонунҳои ирсият ва тағйирёбӣ навъҳои нави серҳосили растаниҳои кишта, зотҳои сермаҳсули ҳайвоноти хонагӣ, штаммҳои микроорганизмҳоеро, ки дар саноати хӯрокворӣ, истеҳсоли хӯроки чорво ва дорусозӣ истифода мешаванд, ба вуҷуд меоваранд.

Аҳамияти биологияро дар тиб аз ҳад зиёд баҳо додан мумкин нест: ҷарроҳии оддитарин маҳорати баланди анатомияи амалиро талаб менамояд. Донистани сохтори инсон, вазифаҳои узвҳо, ҷойгиршавии ҳар як раг ва асаб – ҳама қисмҳои ҷудонашавандаи таълимот дар ҳама донишгоҳҳои тиббӣ мебошад. Ҷарроҳӣ – танҳо яке аз соҳаҳои тибби муосир мебошад. Ба шарофати кашфиётҳои сершумор дар соҳаи биология, шахс метавонад табобати махсус ва касбӣ гирад. Ҷарроҳ бо истифода аз таҷҳизоти навтарин қодир аст ҷарроҳии сатҳи баланд, аз ҷумла пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳоро анҷом бидиҳад. Ҳамаи ин бо ёрии кашфиёти биологҳо ба даст оварда шудаанд, бинобар ин нақши биология дар соҳаи тиб раднашаванда мебошад.

Аҳамияти бузурги биология дар тиб инчунин бо омӯзиши бемориҳои ирсии инсон алоқаманд аст. Интиқоли генҳоро аз насл ба насл омӯхта, олимон тавонистанд як қатор бемориҳои генетикӣ, ба монанди бемории Даун, муковистсидоз, гемофилияро ошкор намоянд.

Имрӯзҳо имкон пайдо шудааст, ки пайдоиши бемориҳои ирсӣ дар кӯдакон пешгӯӣ карда шавад. Агар як ҷуфти муайян хоҳад муайян кунад, ки оё чунин бемориҳо дар фарзандонашон имконпазир аст, онҳо метавонанд ба клиникаҳои махсус муроҷиат намоянд. Дар он ҷо, пас аз омӯзиши дарахти генеалогии волидайн, онҳо метавонанд фоизи пайдоиши инҳирофро дар кӯдакашон ҳисоб намоянд.

Хондани геноми инсон – яке аз муҳимтарин вазифаҳои биологияи ҳозира мебошад. Ин масъала ҳоло роҳи ҳалли худро ёфтааст, аммо хосиятҳои геном пурра омӯхта нашудаанд. Интизор меравад, ки дар оянда бо истифода аз шиносномаи фардии геноми инсон ба тибби шахсӣ гузаштан мумкин аст. Ҳар як одам – организми инфиродист. Доруе, ки метавонад бемориро дар як шахс табобат кунад, метавонад дар шахси дигар таъсири манфиро ба вуҷуд орад.

Имрӯз табибон дақиқ пешгӯӣ карда наметавонанд, ки оё ҳангоми қабул намудани антибиотик ё доруи махсус оқибатҳои манфӣ ба вуҷуд меоянд. Агар геноми ҳар як шахс пурра рамзкушоӣ карда шавад, курси табобат барои ҳар як бемор алоҳида интихоб карда мешавад. Ин на танҳо самаранокии табобатро зиёд мекунад, балки инчунин барои пешгирӣ намудани таъсири манфии доруҳо кӯмак мерасонад.

Секвеникунонии геноми бактерияҳо, наботот ва ҳайвонот аллакай самараҳои худро медиҳанд. Биологҳои муосир қодиранд, ки генҳои организмҳои дигарро барои мақсадҳои худ истифода намоянд. Дар ин ҷо нақши биология дар тиб аз он иборат аст, ки генҳои барои одамон фоиданок дар муолиҷаи бисёр бемориҳо кӯмак расонда метавонанд. Ҳамин тариқ, штамми бактерияҳое ба даст оварда шудаанд, ки инсулини табииро барои эҳтиёҷоти инсон синтез мекунанд. Ғайр аз он, истеҳсоли инсулин дар миқёси саноатӣ дар фабрикаҳои махсус амалӣ карда мешавад, ки дар он ҷо бактерияҳо махсус парвариш карда мешаванд ва штаммҳои онҳо барои ба даст овардани ҳормони зарурӣ истифода мешаванд. Дар натиҷа, шахсе, ки гирифтори бемории диабети қанд аст, метавонад фаъолияти муқаррарии ҳаётии худро нигоҳ дорад.

Биотехнология дар айни замон яке аз соҳаҳои амалии муҳимтарину ҷавони биология мебошад. Дар марҳилаи ҳозираи рушди тиб аллакай бисёр роҳҳои муборизаи зидди бемориҳо роҳандозӣ шудаанд. Дар байни онҳо антибиотикҳо, доруҳои сарчашмаи ҳайвонотӣ ва растанигӣ, доруҳои химиявӣ, ваксинаҳо мавҷуданд. Бо вуҷуди ин, мушкилоте вуҷуд дорад, ки дар он самаранокии баъзе антибиотикҳо ва доруҳо бо мурури замон коҳиш меёбад. Ин аз он сабаб аст, ки микроорганизмҳо, хусусан бактерияҳо ва вирусҳо доимо ба мутатсия дучор шуда, ба усулҳои нави муборизаи зидди доруҳо мутобиқат пайдо мекунанд.

Таҳқиқотҳои биологӣ дар соҳаи генетикаи наботот ва ҳайвонот имкон доданд, ки навъҳои серҳосилтар ва ба бемориҳо тобовар ба вуҷуд оварда шаванд. Биотехнология, бо роҳи тағйир додани ирсияти намудҳо имкон медиҳад, ки маҳсулоти дорои хосиятҳои беҳтаршуда, ба монанди арзиши ғизоии баландтар ё муқовимати беҳтар ба шароити тағйирёбандаи иқлим ба даст оварда шаванд. Ин дар шароитҳои афзояндаи нуфузи аҳолӣ ва тағйирёбандаи муҳит хеле муҳим аст.

Биотехнология дар оянда имкон медиҳад, ки сохти моддаҳоро тағйир дода, навъҳои нави маводи дорувориро ба даст орад. Масалан, дар молекулаи пенитсиллин тағйироти конформатсионӣ ба амал овардан мумкин аст, ки дар натиҷаи он моддаи дигари дорои хосиятҳои якхела ба даст меояд.

Илми биология рушди тибби муосирро муайян мекунад. Кашфиётҳое, ки дар физиология, биохимия ва генетика ба даст оварда шудаанд, имкон медиҳанд, ки бемор дуруст ташхис карда, табобати самарабахш интихоб карда шавад. Гирифтани доруҳои нав, витаминҳо ва моддаҳои фаъоли биологӣ имконият медиҳад, ки масъалаи пешгирӣ кардани бисёр бемориҳо ҳал карда шавад. Тадқиқотҳои генетикӣ боиси пайдоиши терапияи генӣ гардид, ки аллакай дар табобати бемориҳои модарзодӣ кӯмак мерасонад. Таҳияи ваксинаҳо ва антибиотикҳо ҳаёти миллионҳо одамонро наҷот дода, инсониятро аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат мекунад.

Бемориҳои саратонӣ – мушкилоти шадиди тибби муосир мебошанд. Мубориза бо ҳуҷайраҳои саратонӣ ҳадафи аввалиндараҷаи олимони саросари ҷаҳон мебошад. Имрӯз, моддаҳое маълуманд, ки метавонанд рушди бемории саратонро боздоранд. Ба онҳо блеомитсин ва антрасиклин дохил мешаванд. Аммо мушкилии аслӣ дар он аст, ки истифодаи чунин доруҳо метавонад боиси халалдоршавӣ ва боздошти кори дил гардад. Ҳисоб мекунанд, ки тағйир додани сохтори блеомитсин ва антрасиклин таъсири номатлубро ба бадани инсон бартараф мекунад. Ин танҳо аҳамияти бузурги биологияро дар тиб тасдиқ мекунад.

Ҳолати ҳозира нишон медиҳад, ки худи мавҷудияти минбаъдаи ҳаёт танҳо дар сурати мавҷуд будани муносибати гумманӣ ба муҳити атроф имконпазир аст. Танҳо риояи қонунҳои биологӣ, инчунин истифодаи васеи пешрафти биотехнологӣ дар асоси тафаккури экологӣ ҳамзистии табиии бехатарии ҳамаи сокинони сайёраро беистисно таъмин мекунад.

Биология дар ҷомеаи муосир ҳамчун илме муаррифӣ мешавад, ки ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти мо доираи васеи татбиқ ва таъсири назаррас дорад. Дастовардҳои биология сифати зиндагии моро беҳтар мекунанд, табиатро муҳофизат мекунанд ва инсониятро ба мушкилоти оянда омода мегардонанд. Комёбиҳои он на танҳо фаҳмиши моро дар бораи табиат амиқтар месозад, балки ба ҳалли аксар масъалаҳои глобалӣ ёрӣ мерасонанд, ки биологияро қисми таркибии пешрафт ва инкишофи инсоният мегардонад. Тадқиқоти биологӣ дар мубориза бо бемориҳои гуногун, нигоҳ доштани гуногунии биологӣ ва мувозинати экологӣ дар сайёра ва ба даст овардани ғизо ва захираҳо барои мавҷудияти табиати зинда кӯмак мекунанд.

Ҳамин тариқ, нақши биология дар ҷомеаи муосир бебаҳо буда, он ҳоло ба қувваи воқеӣ табдил ёфтааст. Он дар ҳар ҷое, ки мубориза барои муҳофизати ҳаёт, саломатии халқ ва ҳифзи муҳити зист, тараққиёти истеҳсолот ва техника, масъалаҳои ахлоқ ва қонуният, ки бо таҳқиқоти биологии оянда алоқаманданд, нақши калон мебозад. Ба шарофати донишҳои биологӣ гул-гулшукуфии сайёраи мо имконпазир аст. Аз ин рӯ, нақши биология дар ҷомеаи муосир – ин калиди муқаддаси ҳамоҳангии табиат ва инсон мебошад. Биология – илми оянда аст, ки барои эътимоди одамон ба зарурати эҳтиром ба табиат ва риояи қонунҳои он пешбинӣ шудааст.

Иброгимова С.И.,мудири кафедраи биохимияи ДМТ, дотсент