Интихобот ҳамчун раванди сиёсӣ дар ҷаҳони муосир тавсиф гашта, ба сифати механизми эътирофшудаи таъмини иштироки мардум дар ташаккул ва ё амалинамоии ҳокимияти сиёсӣ баромад мекунад. Аз ин нуқтаи назар, давлатҳо дар раванди татбиқи ин механизми муҳим дар доираи арзишҳо, меъёрҳо ва муқаррароти ташаккулёфта, ки ба анъана ва фарҳанги миллию давлатдории онҳо рабт дорад, баҳри шаклгирии низоми интихоботии худ кӯшиш мекунанд.
Интихобот ҳамчун ифодаи олии ҳокимияти халқ, воситаи амалишавии соҳибихтиёрии халқ, василаи қонунӣ гардонидани ҳокимият, роҳи осоишта ва мусолиҳатомези ба даст овардани ҳокимият, ташаккули шохаи ҳокимияти қонунгузор ва намояндагӣ, интихоби вакилони мардумӣ, пайравӣ ва нишон аз арзишҳои умумибашарӣ ва демократӣ доштани давлат маънидод карда мешавад.
Мувофиқи қисми якуми моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Тибқи талаботи қисми дуюми моддаи мазкур шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳукуқи интихоб шуданро дорад.
Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок карданро надоранд.
Бо роҳи гузаронидани интихобот аслан мардум намояндагони худро барои иҷрои вазифа ва мансабҳои муайяни давлатӣ интихоб менамоянд. Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ халқ дар замони муосир ба воситаи интихобот ва райъпурсӣ мақсаду мароми худро амалӣ карда ба ин восита дар идоракунии давлат саҳм мегузорад. Зимнан бояд, эътироф намуд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот пурра ба арзишҳои демократии байналмилалӣ, стандартҳои эътирофшудаи ҷаҳонӣ ва талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пурра мувофиқат мекунад.
Яке аз нишонаҳои асосии демократӣ будани давлат дар он ифода меёбад, ки ҳокимияти давлатӣ дар ҳудуди он бо кадом тарз амалӣ карда мешавад. Агар ташкили мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ (масалан президент, парламент, ҳукумат, низоми судӣ) дар ҳолати истифода аз сохторҳои демократӣ, яъне бо истифода аз усулҳои интихобот, раъйпурсӣ, соҳибихтиёрии халқ, иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва ғайра асос ёфта бошанд, пас хулоса кардан мумкин аст, ки дар ҳудуди ин давлат режими сиёсии демократӣ амал мекунад. Ва баръакс, зимни сарфи назар намудани падидаҳои демократӣ, аз ҷумла тавассути маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон, ташкили мақомоти олии давлат бидуни интихобот, маҳдуд намудани ҳуқуқи интихобот, муттаҳид намудани ҳокимият дар дасти танҳо як шохаи ҳокимият, манъи ҳизбҳои сиёсӣ ва ғ. дар ҳудуди давлатҳои алоҳида, кас ба андешае меояд, ки режими давлат ғайридемократӣ аст.
Интихобот имкон фароҳам меоварад, ки шаҳрвандон бо назардошти манфиатҳои худ ҳизбу иттиҳодияҳои гуногунро таъсис дода, ба ин васила дар кори идоракунии давлатӣ ва пешбурди ҳаёти сиёсӣ фаъолона иштирок намоянд. Мувофиқи қонунгузории амалкунанда ду роҳи соҳиби вазифаҳои масъули давлатӣ гаштани шаҳрвандон ҷой дорад: яке бо усули таъин шудан ба вазифа, дигаре бо роҳи интихоб шудан. Аз ин рӯ, маҳз тавассути интихобот шаҳрвандон имкон пайдо менамоянд, ки беҳтарин намояндагони хешро барои иҷрои ормону иродаи худ ба вазифаҳои масъул интихоб намояд. Натиҷаи таҳлили қонунгузорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки айни замон бо роҳи гузаронидани интихобот дар Тоҷикистон шаҳрвандон ба вазифаҳои Президенти ҶТ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, вакилони маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ ва вакилони ҷамоатҳо бевосита интихоб карда мешаванд. Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ бошанд, бавосита интихоб мешаванд.
Дар умум, мо бояд дар хотир дошта бошем, ки интихоботи дар пешистода омили муҳим ва навбатии таҳкими бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, густариши демократия, таъмини зиндагии арзандаи сокинони кишвар, кафили якпорчагии кишвар, таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, таҳкими фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, роҳи асосии муттаҳидкунандаи миллат ба нафъи пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Буриев Фурқат, доктор Ph.D –и факултети биологияи ДМТ