ҚОНУНИ ТАНЗИМ – ОМИЛИ МУҲИММИ РУШДИ ҶОМЕА

18

Дар ҷаласаи васеи фаҳмондадиҳӣ бо устодону донишҷӯëни факултети биологияи Донишгоҳи милии Тоҷикистон татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди барррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа намояндагони сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимнан таъкид шуд, ки мақсад аз қабули Қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷаъмиятӣ равона карда шудааст.