ҶАШНИ «МЕҲРГОН» БА ФЕҲРИСТИ РЕПРЕЗЕНТАТИВИИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИ ҒАЙРИМОДДИИ БАШАРИЯТ ВОРИД ГАРДИД

13

«Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд»

Эмомалӣ Раҳмон

Дар даврони Истиқлол соҳаи фарҳанг ҳамчун рукни муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат, мавқеи устуворро касб кард. Дар ин давраи нави таърихӣ бештари масъалаҳои муҳими фарҳангу санъати тоҷик, аз қабили омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик, эҳё ва тармиму таҷдиди ёдгориҳои таърихиву меъморӣ, таъмиру азнавсозии мамнуъгоҳҳои таърихиву фарҳангӣ, ободсозии мақбараҳои шахсиятҳои таърихиву ирфонӣ ва қалъаҳои қадима, таҷлили ҷашнҳои миллии Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон, ҷашни шаҳрҳои бостонии кишвар, гиромидошти чеҳраҳои мондагори миллат, пешниҳоду сабти ном кардани ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ва мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ба феҳристҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, густариши робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фарҳангу санъати миллӣ пайваста аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати милли -Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Президенти мамлакат эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим арзёбӣ карда, иброз доштанд, ки «Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошад».

Бо ташаббусу талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 декабри соли 2024 дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Асунсйони Парагвай номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон “Ҷашни Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.

Иди Меҳргон аз давраҳои қадим ҳамчун иди ҷамъоварии ҳосилот қайд карда мешуд. Аз рӯи ҳисоби тақвими офтобии ориёиҳои қадим моҳи ҳафтуми сол, ки Меҳр – Офтоб номида мешуд ва тақрибан аз 22-юми сентябр то 22-юми октябр давом мекард, барои гузаронидани Иди Меҳргон мувофиқат мекард. Калимаи «меҳр» ба маънои рушноӣ, дӯстӣ, муҳаббат ва гармӣ омада, дар ин рӯз кишоварзон ба ҷамъоварии ҳосил сар мекарданд.

Аммо бо мурури замон ин ҷашни миллию мардумӣ аз ёдҳо рафта, таҷлилаш дар қаламрави мамлакат баргузор намегашт. Нишонаҳои суннатии Меҳргон танҳо дар ёди бузургсолон монда, арзиш ва қимати он аз ҷониби донишмандони соҳаи мардумшиносӣ ҳифзу ҳимоя меёфт ва гоҳ-гоҳ дар маъракаи ҳосилғундорӣ аз он ёд мешуд.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросимҳои мухталифи мардумӣ аз нав эҳё гардид ва барои дар сатҳи баланд доир кардани онҳо шароит фароҳам омад.

Доир ба ҷашни Меҳргон Сарвари давлат назари некбинона дошта, онро куҳантарин ҷашни миллии мо медонанд ва ба арзишҳои он эҳтироми хоса изҳор менамоянд. Дар ҳамин асос ҷашни мазкур аз нав эҳё шуда, доир кардани он ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст.

Албатта, ҷои шубҳа ва тавзеҳ нест, ки миллати тоҷикро тамоми ҷаҳониён бо фарҳангу адабиёти рангину волояш мешиносанд ва эътироф менамоянд. Бахусус дар замони Истиқлол марҳилаи сифатан нави рушди миллии кишвар фаро расид, ки дар тамоми таърихи чандинҳазорсолаи миллат назир надорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сарчашмаи асосии ин раванди инкишоф таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат – ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг ба шумор меравад. Хушбахтона, Ҳукумати кишвар ба инкишофи бонизоми фарҳанг ва махсусан масъалаҳои боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, рушди санъату мусиқиву театр ва ҷанбаҳои дигари он таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Бешак, бо саъю кӯшиши Пешвои миллат ҷашни Меҳргон аз нав бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш эҳё шуд ва дар радифи беҳтарин маросимҳои миллӣ ворид гардид. Он имкон медиҳад, ки мардум бо хушҳолию хушнудӣ ин ҷашнро таҷлил кунанд, аз ҳосили ба дастовардаашон дастархони меҳру муҳаббат боз намоянд, ҳамдигарро табрик карда, барои фаровонии дастархон, ободии кишвар, ваҳдати комил дасти дуо бардоранд ва нишоти Истиқлолро бо ҳам бубинанд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвар ҷашни Меҳргонро мисли Наврӯз ҷашн гирифта, бо Сарвари ватандӯсту фарҳангпарварашон ифтихор намуда, баҳри пешрафти Ватани маҳбубамон боз ҳам бештар саъю талош менамоянд.

Кароматуллои Қурбоналӣ, номзади илмҳои биологӣ,дотсент, декани факултети биология