ИШТИРОКИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶУЁНИ ФАКУЛТЕТИ БИОЛОГИЯ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ УМУМИҶАҲОНӢ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

47

Иштироки устодон ва донишҷуёни факултети биология дар конференсияи умумиҷаҳонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи мақсаднок амалӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1997 ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ шомил гашт. Дар ин замина соли 2003 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегия ва нақшаи миллии амал оид ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ қабул гардидааст.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани бандҳои Стратегияи мазкур санаи 12 ва 13 октябри соли 2024 бо иқдоми Маркази гуногунии биологӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори кинотеатри “Ватан” “9-мин Конференсияи умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи ҳайвоноти ҷуфтсуми кӯҳӣ” (9 tn world conference on mountain ungulates) баргузор гардид, ки дар он устодон ва донишҷӯёни факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.

Дар доираи чорабинии илмии мазкур мубодилаи таҷриба оид ба амалияи тадқиқотҳои илмии олимону мутахассисони ватанӣ, ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷа ва созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар кори конфронс олимону коршиносони самти зоология ва ҳифзи табиат аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ҳиндустон, Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Хитой, Непал, Федератсияи Россия ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба гуногунӣ, таркиби намудӣ, хусусиятҳои биоэкологӣ, паҳншавии чуфтсумҳои кӯҳӣ ва аҳамияти онҳо дар экосистемаҳои кӯҳӣ маърӯза намуда, оид ба ҳифз ва нигаҳдории ин гурӯҳи олами ҳайвонот дар миқёси ҷаҳонӣ фикру андешаҳои хешро иброз намуданд.

Дар фарҷом қайд карда шуд, ки чорабинии мазкур барои татбиқи лоиҳаҳои нав дар самти ҳифзу нигаҳдории ҷуфтсумҳои кӯҳӣ ва экосистемаҳои онҳо, рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист, ҷалби бештари сайёҳон ба ҷумҳурӣ ва ба ин восита муаррифи намудани олами ҳайвоноти Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Мирзоев Н.М. – мудири кафедраи зоологияи ДМТ