Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлатимутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлол пурарзиштарин дастоварди давлату миллати фарзонаи халқи тоҷик аст, ки ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни бузург ва ифтихори умумӣ мебошад.
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як халқу миллат дастоварди бузург ба шумор меравад. Истиқлол – мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ, ҳодисаи фараҳбаше мебошад, ки ба он ноил гаштан барои ҳар як миллат шарафи бузург аст. Барои кишвари азизи мо – Тоҷикистон истиқлоли давлатӣ дар таъмини рушди босубот дар кишвар, беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии миллати азизамон мусоидат намуд, имконият фароҳам овард, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ин халқи куҳанбунёд натиҷаҳои бузург ба даст оварда шавад.
Раванди ба даст овардани истиқлолдар кишвари мо бе қурбонию талафҳои зиёд ба даст наомад.Бо сӯистифода аз шиорҳои бебунёди демократӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳои зиёде ба вуҷуд омад, ки оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Хушбахтона, ақли солим, тамаддуни бузурги тоҷиконаи миллати кӯҳанбунёдамон боис гардид, ки ба он ҷанги хонумонсӯз хотима бахшем. Дар тафаккури шаҳрвандони ватандӯсту меҳанпарвар ҳисси якдилӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз гуноҳи ҳамдигар барои бақо ва пойдории давлати аҷдодӣ боло гирифт ва ҳамагӣ ҷиҳати хомӯш намудани алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ камари ҳимматбастанд.
Истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ нуқтаҳои калидие буданд, ки Истиқлоли давлатиро таҳким бахшиданд ва барои рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар замина бунёд намуданд. Сулҳ имкондод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шаванд, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргарданд ва барои ҷомеаи боамну босубот дар кишвар пояи воқеӣ муҳайё карда шавад.
Бо шарофати истиқлол Тоҷикистон дар шароити мураккаби вазъи байналмилалӣ бо ҳифзи анъанаҳои милливу таърихии халқи худ, сиёсати хоссаи худро пеш гирифт, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва рукнҳои ҳокимияти давлатиро густариш дода, самтҳои тараққиётро муайян намуд ва дар роҳи бунёд намудани ҷомеаи озоду адолатпарвар ва демократӣ қадамҳои устувор гузошт.
Таъмини сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ омили қавию ҳаракатдиҳандаи Истиқлоли давлатӣ гардид ва барои амалӣ сохтанияк қатор ислоҳотҳои муҳимми иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ин дар навбати худ барои бунёди ҷомеаи воқеан демократию ҳуқуқбунёд заминаи муҳимро ба вуҷуд овард.
Бе чуну чаро Истиқлоли давлатӣ барои кулли мардуми тоҷик нодиртарин дастоварди таърихӣ, рамзи олии ватандорӣ, волотарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори созанда, азму талошҳои фидокорона баҳри ҳифзиистиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад.Тули 33 соли соҳибистиқлолӣ бо заҳмати содиқонаи халқи кишвар меъёрҳоиҳуқуқиву ахлоқии ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳким ёфта, дар як вақт ҳаёти озодонаву осоиштаи ҳар афроди ҷомеа ва олитарин дараҷаи бахту иқболи воқеии миллат таъмин гардид.
Маҳз, бо заҳмату талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо мардуми сарбаланди кишвар имрӯз Тоҷикистон дар дунё ҳамчун кишвари сулҳхоҳу сулҳпарвар эътироф гардидааст ва таҷрибаи сулҳи тоҷиконмавзуи омӯзиши ҷаҳониён гаштааст, ки ин боиси ифтихори мост.
Моро лозим аст, ки дастовардҳои тули 33 соли тақдирсозро натиҷагирӣ намуда, ба қадри хизматҳои фарзандони тавонманду фарзонаи миллат бирасем ва зиндагиномаи онҳоро сармашқи кору фаъолияти худ қарор бидиҳем. Дастовардҳои замони истиқлолро аз ҳарвақта дида бояд бештар тарғибу ташвиқ намоем. Дар роҳи худогоҳиву худшиносии миллӣ баҳри таҳкими пояҳои истиқлол ва бунёди давлати миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, зеро истиқлол воқеан санаи сарнавиштсозу муқаддас, баҳри амалисозии ҳадафҳои муҳимми миллӣ аст.
Имрӯз, ки дар остонаи 33-солагии ин ҷашни умумимиллӣ, Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, дасти дуо мебардорем, ки дар саросари кишвари азизамон ҳамеша сулҳу осоиштагӣ, амнияту суботи бардавом поянда бошад ва Тоҷикистони азизи мо ҳамчун кишвари шукуфону пешрафта, макони файзбор, диёри номдору шӯҳратманд, ҳамеша машҳурбоқӣ бимонад. Бигзор Истиқлоли миллӣ чун кӯҳҳои сарбафалак ва офтоби нурфишони кишвар устувору поянда бошад!
Иброгимова С.И., н.и.б.,мудири кафедраи биохимияи ДМТ