Имсол ҷашни 27 -умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар саросари Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Аз ин санаи бузургу таърихӣ ва фаромушнашаванда, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москав ба Варақаи заррини сулҳи тоҷикон имзо гузоштанд, 27 сол сипарӣ мегардад. Ин солро дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, рӯзи ба имзорасонии “Эъломияи сулҳ ва истиқлоли миллӣ” ном мебаранд. Маҳз ин санаи бузург ҳамаи сарсониҳоро дар мамлакат хотима бахшид. Хидмати софдилона ва ҳамзамон некбинонаи Пешвои миллат буд, ки фазои сулҳу осоиштагӣ ва оромӣ дар осмони Тоҷикистони тозабунёд танинандоз гардид. Меъмори сулҳи тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин қадар ҷонфидоиҳо, ки барои бунёди сулҳу амнияти миллату давлати Тоҷикистон анҷом доданд, боз иброз медоранд, ки “…агар халқи шарафманду бонанг ва баномуси тоҷик маро дастгирӣ намекард, мо ба чунин рӯзҳои ободу озод намерасидем”.
Вазифаи асосии насли ҷавон ва ояндасози миллат дар он аст, ки дурустӣ ва бо чӣ мушкилиҳо ва ҷонбозиҳо ба даст омадани ваҳдати миллиро дар ҷумҳурӣ омӯзанд ва барои дар оянда барои ҳифз ва нигоҳдошти он омода бошанд. Метавон дарҷ намуд, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа, маҳз дар вуҷуд доштани ваҳдат ва амният сурат мегиранд. Дар ҳақиқат ваҳдати миллӣ буд, ки амният дар мамлакат ҳукмфармо гардид. Ваҳдат ва сулҳу осоиштагие, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз аст, орзуи деринтизори мо буд. Бояд гуфт, ки шарҳи вожаи “ваҳдат” дар фарҳанг ба маънои сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва ягонагӣ омадааст. Аксари муваффақият ва дастовардҳои инсонӣ аз ваҳдату сарҷамъӣ ва муттаҳидии одамон сарчашма мегирад. Беҳуда нагуфта, ки “зӯри мушт аз ваҳдати ангуштҳо ояд ба даст”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд, ки “вазифаи бисёр муҳимми мақомоти давлатӣ, олимону зиёиён, аҳли адаб ва кормандони воситаҳои ахбори умум, падару модарон ва тамоми ҷомеа дар ин самт тарбия кардани насли худогоҳу худшинос, содиқ ба миллату давлати худ ва ватандӯсту ватанпараст мебошад”.
Чун, дар арафаи таҷлили 27 -умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамзамон тоҷикони бурунмарзиро ба иди бузурги миллӣ таҳният гуфта, таманно дорам, ки дар сарзамини куҳанбунёди Тоҷикистони азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳу амният, файзу баракат ва хушбахтиву осудаҳолӣ абадӣ ҳукмрон бошад.
Бобокалонов Ҷ.М.,мудири кафедраи ботаника вадендрологияи ДМТ