ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – БАҚОИ МИЛЛАТ

117

Сулҳу ваҳдат бароямон дастовардҳои бузургтарин буда, барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани ин арзишҳои муҳим минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъматҳои бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем.

Эмомалӣ Раҳмон

Таърих гувоҳ аст, ки 27 сол қабл, 27 июни соли 1997 фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ, бо меҳри ватандӯстию сулҳхоҳӣ, баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашҳо хотима гузоштанд.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санад ифодакунандаи қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оғози ҳаёти осоиштаи Тоҷикистонро инъикос менамуд.

Маҳз, бо кӯшишҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гардид, мамлакат обод шуду пеш рафт.

Барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошта шуд. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастанӣ зинда намуд.

Заминаи асосии Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ин хиради азалии худи мардуми худогоҳи ватанпарвар ва саъю талошҳои Сардори давлати навини тоҷикон буд, ки моро ба ин рӯзҳои фараҳу хушу хуррам расонд. Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас аст. Ҳар як тоҷики ватанпарвар бояд, ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад. Таърих ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷикро дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд, бонангу номус, бохираду адолатхоҳ, бунёдкору заҳматкаш, дорои хиради азалӣ дошта, эҳтирому эътироф менамоянд.

Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин аст. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст.

27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ муборак!

Фурқат Буриев,докторанти Ph.D –и факултети биология