МАВҚЕЪ ВА АҲАМИЯТИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН ДАР МАКТАБҲОИ ОЛӢ

190

Рушди ватандӯстӣ дар марҳилаҳои нави давлатдорӣ раванди мақсаднок ва ахлоқӣ -маънавии омода кардани ҷавонон ба фаъолият ва ҳамкории судманди самарабахш дар ҷомеаи муосири демократӣ ба шумор меравад. Дар шароити соҳибистиқлолӣ моро зарур аст, ки ҷавононро дар руҳияи меҳнати фаъол, шавқу рағбат ба идоракунии равандҳои муҳими иҷтимоӣ тарғибу ташвиқ намоем.

Тарбияи ватандӯстӣ ба рушду ташаккулёбии шахсият, ки дорои хислатҳои шаҳрвандӣ ва ватандӯстии кишвари худ мебошад, таъсир менамояд.

Дар солҳои пеш аз истиқлолӣ арзишҳои ахлоқӣ – динӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ, таваҷҷуҳ ба таърих ва фаромӯшӣ аз асли худ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣкаме коҳиш ёфта буд.

Бо шарофати соҳибистиқлол гаштани кишвари азизамон ҷалби насли наврас ба омӯзиши мероси таърихӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёву шинохти арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад.

Ватандӯстӣ ин садоқат ба Ватан, хидмати бепоёни инсон ба ватани худ аст. Дар ҷомеаи муосир яке аз масъалаҳои муҳимтарин ин тарбияи ватандӯстии ҷавонон мебошад. Консепсияи гузаштаи шуравии тарбияи ватандӯстӣ, ки аслан дар асоси ғояҳои Макаренко таҳия шуда буд, дар солҳои бозсозӣ хароб карда шуд. Дар натиҷа шумораи ташкилотҳои ғайрирасмии ҷавонон ва гурӯҳҳои гуногуни тамоюли шубҳанок пайдо шуданд.

Имрӯз тарбияи ватандӯстии донишҷӯён вазифаи муҳим ба шумор рафта, василаи асосии дар замири онҳо парвариши ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватани худ, омодагӣ ба амалӣ намудани мавқеи шаҳрвандӣ ва уҳдадориҳои конститутсионии ҳифзи манфиатҳои Ватанро ташкил медиҳад. Тарбияи ватандӯстӣ ба ҳама миллату халқиятҳо хос аст. Ба мақсад мувофиқ аст, ки дар донишгоҳҳо мавзуҳои ватандӯстӣ дар ҳама ихтисосҳои таҳсил барои тарбияи ватандӯстии донишҷӯён истифода шаванд. Аз ҷумла гузаронидани конференсияҳо ва вохӯриҳои судманд яке аз самтҳои амалӣ гардонидани ин роҳи пуршараф ва ифтихормандӣ мебошад. Барои осон гардондани кори устодон ва донишҷӯён дар китобхонаҳои назди факултетҳо омода намудани адабиётҳои лозима ва воситаҳои айёнӣ оид ба масъалаи ватандӯстӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Ташкили боздиди китобхонаю осорхонаҳои шаҳр, ки дар онҳо маълумотҳо оид ба таърихи шаҳр, рушди робитаҳои мадании он ва муассисаҳои илмӣ мавҷуд аст, яке аз роҳҳои тарғибу ташвиқи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ба шумор меравад. Дониши дар ин замина ҳосилшуда сарчашмаи ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ақида ва эътиқод мебошад.

Муносибати донишҷӯён ба таҳсил ҳамчун қарзи ватандӯстӣ ба он шарте меафзояд, ки фанҳои омӯхташуда бо манфиатҳои ҳаётии амалии донишҷӯён – мутахассисони оянда алоқаманд бошанд.

Ин робита аҳамияти амалии фанҳои таълимиро ҳам ҳангоми омӯзиши онҳо ва махсусан дар ҷараёни фаъолияти амалии касбии оянда мустаҳкам менамояд. Сипас, ҳар як хатмкунандаи Донишгоҳ ҳангоми бо саволу мушкилиҳои амалии шахсии байнисоҳавӣ рӯ ба рӯ шудан, онҳоро на танҳо аз нуқтаи назари илмҳои умумии махсус, балки инчунин аз нигоҳи гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ ҳал карда метавонад. Самти ҳаётӣ, амалӣ ва касбӣ дар омӯзиши фанҳо аҳамияти шахсӣ ва иҷтимоии омӯзишро афзун намуда, ба муносибати донишҷӯён ба Донишгоҳ, кафедраи онҳо ва дар маҷмуъ то андозае ба ҷомеа таъсири мусбат мерасонад.

Ин робита аҳамияти амалии фанҳои таълимиро ҳам ҳангоми омӯзиши онҳо ва махсусан дар ҷараёни фаъолияти амалии касбии оянда мустаҳкам менамояд. Сипас, ҳар як хатмкунандаи Донишгоҳ ҳангоми бо саволу мушкилиҳои амалии шахсии байнисоҳавӣ рӯ ба рӯ шудан, онҳоро на танҳо аз нуқтаи назари илмҳои умумии махсус, балки инчунин аз нигоҳи гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ ҳал карда метавонад. Самти ҳаётӣ, амалӣ ва касбӣ дар омӯзиши фанҳо аҳамияти шахсӣ ва иҷтимоии омӯзишро афзун намуда, ба муносибати донишҷӯён ба Донишгоҳ, кафедраи онҳо ва дар маҷмуъ то андозае ба ҷомеа таъсири мусбат мерасонад.

Ташаккули омодагии потенсиалӣ (зеҳнӣ) ба ҳифзи Ватан ягонагиву ваҳдати донишҷӯёнро аз рӯйи ғояҳои ватандӯстӣ ва дигар принсипҳои ахлоқӣ – дӯстӣ, поквиҷдонӣ, серталабии ҳамдигар ва ғайра тақозо мекунад. Ваҳдати маънавӣ, ахлоқӣ ва ҷисмонии донишҷӯён бо роҳи ташкил намудани гурӯҳҳои таълимӣ, кафедрахо ва тамоми муассисаи таълимӣ ташаккул меёбад. Роҳи ҳалкунандаи якдилии донишҷӯён ташаккули худшиносӣ, худидоракунии онҳо ҳамчун воситаи муҳими рушди мустақилият ва худсобиткунӣ дар корҳои умумӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Даставу гурӯҳҳое, ки донишҷӯёни миллатҳои гуногунро муттаҳид мекунанд, дар ташаккули таҳаммулпазирии байни миллатҳо, дӯстӣ ва дастгирии ҳамдигар саҳми назаррас мегузоранд.

Дар рушди тарбияи ватандӯстӣ фаъолияти манфиатноки ҷамъиятӣ аҳамияти ҳалкунандаро мебозад. Пеш аз ҳама, донишҷӯён вазифаи шахсию ҷамъиятии худ – таҳсилро софдилона иҷро мекунанд. Таҳсили хуб, ташаккули мутахассиси муосир на танҳо кори муҳимми шахсӣ, балки кори ҷамъиятиест, ки ба таҳкиму пешрафти кишвар, иқтисодиёт ва фарҳанги он мусоидат мекунад. Омӯзиши фанҳои асосии таълимӣ, асосан фанҳои ҷомеашиносӣ ва табиатшиносӣ, таъсири бевоситаи ватандӯстӣ доранд. Махсусан, тарбияи онҳо дар самти ҳарбӣ-ватандӯстӣ: баррасии ҷанбаи ҳарбии таърих, иқтисодиёти умумӣ, сиёсат ва ҳуқуқ, инчунин дастовардҳои илмҳои математика, физика, химия ва биология дар корҳои ҳарбӣ ба боло бурдани руҳияи ватандӯстию ватанпарварии насли ҷавон таъсир ва нақши азим дорад.

Машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои тарбияи ватандӯстӣ имкониятҳои калон фароҳам меоваранд. Онҳо, пеш аз ҳама, ба тарзи ҳаёти солим, ба рушди қувваи ҷисмонӣ ва устуворӣ, аз худ намудани техникаи ҷисмонӣ, ки дар корҳои ҳарбӣ истифода бурда мешаванд, нигаронида шудаанд. Илова бар ин, дар ҷараёни тарбияи ҷисмонӣ дар донишҷӯён ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ аз комёбиву дастовардҳои ҷавонони варзишгари кишвар ташаккул меёбад.

Тарбияи ватандӯстӣ тавассути ҷорӣ намудани фанҳои интихобӣ аз фанҳои «Асосҳои хизмати ҳарбӣ» (барои писарон) ва «Асосҳои донишҳои тиббӣ» (барои духтарон), инчунин омӯзиши фанҳои интихобии донишҷӯён вобаста ба таърих, технология ва илмҳои табиатшиносӣ мусоидат менамояд.

Таҳсили бомуваффақият ва инкишофи ҷисмонӣ, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ, ҳисси шаъну шараф ва қадршиносиро тарбия мекунад, ки ба таври шоиста ба муносибати ватандӯстонаи донишҷӯён ба Ватани худ таъсир мерасонад. Ҳисси ватандӯстӣ ва фаъолияти хаваскорони бадеии донишҷӯён, интихоби шеъру суруд, асарҳои мусиқӣ ва дигар шаклҳои бадеӣ, гузаронидани фестивалҳо ва озмунҳои сурудҳои моҳияти ватандӯстӣ дошта мувофиқи мақсад мебошанд. Барои тарбияи некбинӣ, зиндадилӣ, ҳаётдӯстӣ, шодкомӣ, инкишофи шавқу қобилиятҳои бадеӣ машғулиятҳои маҳфилӣ ва фароғатии донишҷӯён, шабҳои эҷодӣ ва озмунҳо нақши муҳим доранд.

Моҳияти тарбияи ватандӯстӣ дар замони мо бояд дар арзишҳои маънавии инсондӯстонаи мардуми мо зоҳир шаванд. Аз ин рӯ, мафҳуми ватандӯстӣ гуногунранг ва пурмаъно аст, ки бо мураккабии моҳияти ин ҷанба, серпаҳлӯ будани мазмуни он ва гуногуншаклии зуҳури он шарҳ дода мешавад. Муносибати мусбӣ ба фаъолияти ватандӯстӣ, ташаккули ақида ва ҳадафҳои ватандӯстӣ дар тарбияи ватандӯстии насли наврас мақоми аввалиндараҷа дорад.

Хулоса, вазифаи тарбияи ватандӯстӣ дар асоси маҷмуи усулҳои таълимӣ ва методии ин раванд ба амал бароварда мешавад, ки дар асоснокии умумии тамоми раванди таълим зоҳир мегардад ва имкон медиҳад, ки тарбияи ватандӯстӣ ҳамчун ҷузъи таркибии он тасниф карда шавад.

Мудири кафедораи биохимияи ДМТ,н.и.б. Иброгимова С.И..