ИШТИРОКИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДАР КОФЕРЕНСИЯИ НАВБАТИИ БАРНОМАИ РУШДИ СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТТАҲИД ТАҲТИ УВОНИ “КЛИМАТИЧЕСКАЯ ШКАТУЛКА”

141

Санаи 30.04 соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Hilton, барномаи навбатии БРСММ- Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид (ПРООН ё UNDP) таҳти унвони “КЛИМАТИЧЕСКАЯ ШКАТУЛКА” баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур як қатор масъалаҳое, ки дар натиҷаи тағйирёбии глобалии иқлим ба назар мерасанд дар сайёраи Замин, махсусан минтақаи Осиё мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар кори конфронс аз факултети биология муовини декан оид ба илм, дотсент Ҳомидов Х.Н., раиси ҶИД-и факултет, н.и.б. Алиева М.Т., муаллими калони кафедраи экология Абдураҳмонов Бозор ва олимони ҷавон Нематулоева М., Муҳибаи Саймумин иштирок намуданд. Дар семинари мазкур баромади муаллими калони кафедраи экология Абдураҳмонов Бозор шунида шуд. Дар конференсия, намояндагон аз хориҷи кишвар иштирок доштанд. Дар анҷоми конференсия иштирокчиён бо сертификатҳо аз ҷониби БРСММ (ПРООН ё UNDP) мукофотонида шуданд.